МИНИКОНФРОНСИ МАЪРИФАТӢ ТАҲТИ УНВОНИ «ТОҶИК- БУДАН ИФТИХОР АСТ»

МИНИКОНФРОНСИ МАЪРИФАТӢ ТАҲТИ УНВОНИ «ТОҶИК- БУДАН ИФТИХОР АСТ»

Санаи 03.03.2026 бо ташаббуси ассистенти кафедра Азимова Ш.З. барои донишҷӯёни курси 4-уми факултети тиббӣ миниконфронси илмӣ-маърифатӣ таҳти унвони «Тоҷик – будан ифтихор аст» баргузор гардид. Чорабинӣ дар фазои озоду самимӣ ҷараён гирифта, ҳадафи он таҳкими ҳисси худшиносии миллӣ, ватандӯстӣ ва арҷгузорӣ ба арзишҳои фарҳангии миллат миёни ҷавонон буд.

Дар оғози ҳамоиш ассистенти кафедра Азимова Ш.З. аҳамияти баргузории чунин чорабиниҳоро таъкид намуда, зикр кард, ки тарбияи маънавию ахлоқии ҷавонон, бахусус донишҷӯён, дар рӯҳияи эҳтиром ба таърих ва фарҳанги миллӣ яке аз самтҳои муҳими фаъолияти таълимӣ ва тарбиявӣ ба шумор меравад. Қайд гардид, ки эҳсоси ифтихор аз миллат ва давлат заминаи устувори камолоти шахсият ва рушди ҷомеа мебошад.

Дар идомаи миниконфронс донишҷӯёни гурӯҳи 86 -Расулзода Р., Убайдуллоева П. ва Ҳакимова Ш. бо маърӯзаҳои ҷолиб ва презентатсияҳои пурмуҳтаво баромад намуданд. Онҳо доир ба таърихи куҳан, фарҳанги ғанӣ ва саҳми миллати тоҷик дар рушди тамаддуни ҷаҳонӣ маълумоти муфассал пешниҳод карданд. Зикр шуд, ки тоҷикон аз давраҳои бостон то имрӯз дар соҳаҳои илму адаб, фалсафа, тиб ва давлатдорӣ нақши арзанда гузоштаанд.

Махсусан, дар презентатсияҳо аз осори гаронбаҳои абармардони илму адаб, аз ҷумла Абуалӣ ибни Сино, Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, Абулқосим Фирдавсӣ ва Мирзо Турсунзода ёдоварӣ гардид. Таъкид шуд, ки маҳз осори безаволи ин шахсиятҳо номи тоҷикро дар арсаи ҷаҳон муаррифӣ намуда, ҷойгоҳи баланди фарҳангии миллатро собит месозад.

Иштирокчиён ҳамзамон дар бораи нақши забони тоҷикӣ ҳамчун рукни асосии ҳувияти миллӣ андешаҳои худро баён доштанд. Қайд гардид, ки забони давлатӣ омили муттаҳидсозандаи ҷомеа буда, ҳифз ва рушди он вазифаи ҳар як фарди худогоҳ мебошад.

Дар ҷараёни чорабинӣ масъалаи Истиқлолияти давлатӣ низ мавриди баррасӣ қарор гирифт. Таъкид шуд, ки ба даст овардани истиқлол дар соли 1991 барои миллати тоҷик марҳилаи нави таърихиро оғоз бахшид. Бо роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон роҳи сулҳу ваҳдат ва пешрафтро пеш гирифта, имрӯз ҳамчун давлати соҳибистиқлол дар ҷомеаи байналмилалӣ мавқеи шоиста касб намудааст.

Дар қисмати мубоҳиса донишҷӯён фаъолона иштирок намуда, андешаҳои худро доир ба маънии аслии тоҷик будан баён карданд. Онҳо иброз доштанд, ки тоҷик будан пеш аз ҳама маънои эҳтиром ба арзишҳои миллӣ, гиромидошти таърихи пуршараф ва талош барои ободии Ватанро дорад.

Дар анҷоми миниконфронс зикр гардид, ки чунин чорабиниҳо дар баланд бардоштани сатҳи маърифат, худшиносии миллӣ ва ташаккули ҷаҳонбинии донишҷӯён нақши муҳим доранд. Иштирокчиён таъкид намуданд, ки ҳар як ҷавони тоҷик бояд бо донишу маърифат, ахлоқи ҳамида ва меҳнати софдилона барои рушду шукуфоии Ватани азиз саҳми арзандаи худро гузорад.

Миниконфронси «Тоҷик -будан ифтихор аст» ҳамчун як чорабинии муҳимми маърифатӣ дар хотири иштирокчиён таассуроти нек боқӣ гузошта, бори дигар собит намуд, ки ифтихор аз миллат ва давлат омили асосии ваҳдату пешрафти ҷомеа мебошад.

Кафедраи бемориҳои кӯдаконаи № 1


04.03.2026 53

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php