МИНИКОНФРОНС ДАР МАВЗУИ “ТОҶИКИСТОН - ВАТАНИ АЗИЗИ МАН”

МИНИКОНФРОНС ДАР МАВЗУИ “ТОҶИКИСТОН - ВАТАНИ АЗИЗИ МАН”

Санаи 21 апрели соли 2026 ассистенти кафедра Давлатова Ҷ.Ҷ. бо иштироки донишҷӯёни курси 4-уми факултети тиббӣ, гурӯҳи 59, миниконфронсро таҳти унвони “Тоҷикистон – ватани азизи ман” баргузор намуд.

Дар ҷараёни чорабинӣ донишҷӯён бо маърӯзаҳо ва презентатсияҳои пурмазмун баромад карда, андешаҳои худро оид ба муҳаббат ба Ватан, ифтихор аз таъриху фарҳанги миллӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ баён доштанд. Қайд гардид, ки Тоҷикистон ҳамчун сарзамини куҳанбунёд дорои таърихи ғанӣ, фарҳанги воло ва мероси гаронбаҳои маънавӣ мебошад ва миллати тоҷик аз қадим бо илму дониш, адабу маърифат ва инсонпарварӣ шуҳрат дорад.

Иштирокчиён таъкид намуданд, ки эҳтиром ба арзишҳои миллӣ, омузиши амиқ, меҳнати содиқона ва саҳмгузорӣ дар рушди ҷомеа аз муҳимтарин нишонаҳои ватандӯстӣ ба шумор мераванд. Ҳамчунин зикр гардид, ки ҳифзи сулҳ, истиқлол ва ваҳдати миллӣ вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди кишвар мебошад.

Чорабинӣ дар фазои созанда ва рӯҳияи баланди ватандӯстӣ баргузор гардида, барои таҳкими ҳисси масъулият ва худшиносии миллии донишҷӯён мусоидат намуд.

Кафедраи бемориҳои кӯдаконаи № 1


21.04.2026 5

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php