Месароям сулҳро дар сози сулҳ...

Месароям сулҳро дар сози сулҳ...

Шоири ширинкаломи тоҷик Боқӣ Раҳимзода гуфтааст:

Месароям сулҳро бо сози сулҳ ,

То шавад дунё пур аз овози сулҳ.

Оре, миллати тоҷик бо фарзандони фарзона ва таърихи тамадунофараш дар дилу дидаи ҷаҳониён ҷой шуда, давлатеро бунёд намудааст, ки дар он сулҳу субот ҳукмфармост мардумаш зиндагии осоишта доранд. Мутаносибан, дар мамлакате, ки фазои амн вуҷуд дошта бошад, сарзаминаш сарсабзу хуррам, шаҳру ноҳия ва деҳоти он обод ва мардумонаш осуда умр ба сар мебаранд. Ва ҳамчунин баръакс, дар мамлакате, ки миёни мардумонаш фазои кинаву адоват, бадбинӣ, ифротгароиву тафриқаандозӣ мавҷуд бошад, оқибат дар он ҷо низоъ сар мезанад, шаҳрҳои вайрон, деҳаҳои хароб, ҳазорон кушта шудаву, ашки ятимон, гиряи модарон ба фалак мепечад... Инак, 30 сол аст, ки мо дар домани сулҳу осоиштагӣ ва Ваҳдати миллӣ зиндагӣ дорем. 27 июни соли 1997 дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ба имзо расид. Эҳё ва ваҳдати миллии тоҷикон санаи тақдирсозест дар давраи нави давлатдорӣ. Маҳз бо кӯшишу талошҳою ҷоннисори ин марди қавирӯҳу сулҳофар Асосгузори сулҳу ваҳдат – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон фазои беғубори ҳамдиливу ваҳдат дар Тоҷикистон танинандоз гашт. Фарзанди содиқи халқу Ватан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон буд, ки дар зулмати кинаву адоват ва муборизаҳои бесару сомон чароғи ҳамдигарбахшиву сулҳро дар қалби ҳар тоҷик фурӯзон сохт. Дили бекинаву сулҳофарини ӯ буд, ки миллат ба ҳам омад ва ӯ чун меъморе дар поягузории бунёди бинои сулҳи тоҷикон хишти аввал гузошта, дигаронро низ талқин кард. Ҳангоми бозгашти Пешвои муаазами миллат Эмомалӣ Раҳмон аз Маскав баъди вохурӣ бо мухолифин ва бастани сулҳ, устод Лоиқ Шералӣ дар фурудгоҳ аз шодию тараб ин мисраҳоро эҷод намуда:

Раҳми парвардигори мо омад,

Нури ҳақ бар диёри мо омад.

Ҷанги бунёдсӯзи мо бигзашт,

Сулҳи бунёдкори мо омад.

Сулҳу ваҳдати тоҷикон боиси омӯзиши сиёсатмадорони сатҳи ҷаҳонӣ гашта, ба наслҳои оянда хидматгузорӣ хоҳад намудаву барои бунёдкориҳо нақши бағоят арзанда хоҳад бозид.

Чархи зиндагӣ гардон асту талошу кӯшиш дар роҳи бунёдкорию созандагӣ боз ҳам бештар эҳсос мегардад. Ин ҳама дигаргуниҳои рӯзгор ва пешрафту комёбиҳои бадастомада бо шарофати тинҷию амонӣ ва сулҳу осоиштагӣ миллати тоҷикро насиб гаштааст. Бале сулҳу ваҳдат буд, ки сарзамини моро аз вартаи ҳалокат наҷот бахшид. Сулҳу ваҳдати миллӣ дар пойдории халқу кишвари мо нақши калон бозид ва бо шарофати ақлу заковати азалӣ, ваҳдатпарастиву бахшиданҳо ва ниҳоят ба дарки асосии воқеъият расидан моро аз имтиҳони таърих гузаронидаву сӯи ояндаи дурахшон раҳнамун сохт.

Пӯшида нест, ки бо ташаббус ва роҳбарии оқилонаи Президенти кишвар баъд аз расидан ба ваҳдати миллӣ мо ба музаффариятҳои нав ба нав ноил гаштем. Бунёди як қатор корхонаву иншоотҳои наву замонавӣ ва ба истифода додани роҳҳои ба талаботи замон ҷавобгӯ боиси пешравиҳо дар диёри маҳбубамон гаштаанд. Бояд қайд намуд, ки бо ба кор даромадани чархаҳои 1-2 НБО Роғун кишвари мо барои гузаштан аз кишвари аграрӣ-саноатӣ ба кишвари саноатӣ-аграрӣ қадами бузурге гузошт. Аз талошҳои пайгиронаи ин марди хирад неру гирифта, халқи тоҷик бо азми қавию созанда баҳри ободии Ватани азизамон камари ҳиммат баст. Яке аз бузургтарин рамзҳои давраи Истиқлолияти миллии Тоҷикистон Шоҳроҳи ваҳдат мебошад. Ин иншоот тамоми манотиқи кишварро ба ҳам пайваста, мамлакати моро аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳо месозад, роҳи онро ба ҷаҳони мутамаддин мекушояд. Як қатор сохтмонҳои азими аҳамияти стратегидошта аз қабили Сангтуда-1, Сангтуда-2, НБО “Роғун” ва инчунин “Роҳи Душанбе-Чаноқ”, “Роҳи мошингарди Бадахшон”, “Роҳи оҳани Хатлону Кулоб”, нақбҳои автомобилгарди “Шаҳристон”, “Истиқлол”, “Чормағзак”, “Шаршар”, биноҳои баландошёнаву меҳмонхонаҳои ҷавобгӯ ба стандартҳои ҷаҳонӣ ва боғҳои фарҳангӣ-фароғатӣ ба истифода дода шуданд. Ҳамаи ин пешравиҳо аз сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ сарчашма мегирад. Халқи тоҷик аз пешравиҳои ба даст овардаи худ сарбаланд гаштаву баҳри амалӣ гардонидани дастуру супоришҳои Сарвари давлату ҳукумат, ҳамчунин, баҳри расидан ба ҳадафҳои стратегии Тоҷикистон: таъмини истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии босуръати кишвар беш аз пеш кӯшиш мекунанд.

Дар баробари ҳамаи ин Сарвари кишвар шахсиятҳои ҷоннисору хизматнишондодаи миллатро унвони қаҳрамонӣ дода, ба бузургони миллат арҷу эҳтиром гузоштанд. Барои хизматҳои шоиста дар назди давлат ва халқ ба адиб, олим ва Асосгузори адабиёти муосири тоҷик, аввалин Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Садриддин Айнӣ (1878—1954), Бобоҷон Ғафуров (1909—1977) — олим, академики Академияи Илмҳои ИҶШС, арбоби ҳизбӣ ва давлатӣ, муаллифи китоби оламшумули «Тоҷикон» ва зиёда аз 300 асару мақолаҳо соли 1997 унвони олии Қаҳрамони Тоҷикистон дода шуд. Соли 2006 ходимони давлатӣ ва ҳизбӣ— Нусратулло Махсум Лутфуллоев (1881—1938), Шириншоҳ Шоҳтемур (1899—1937) бо унвони олии Қаҳрамони Тоҷикистон мукофотонида шудаанд. Мирзо Турсунзода (1911—1977) — шоири халқӣ, раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ, Раиси Кумитаи якдилии халқҳои Осиё ва Африқо соли 2001 бо унвони олии Қаҳрамони Тоҷикистон сарфароз шудааст.

Сулҳи тоҷикон на танҳо ба кишвару миллати тоҷик сафо бахшид, балки амнияту оромии минтақаро устувортар гардонид ва давлатҳои ҳамсояву гирду атрофи мо аз баракати ин сулҳ баҳравар гаштаву имрӯз тараққӣ намуданд. Воқеан ҳам хизматҳои Эмомалӣ Раҳмон дар тамаддуни башарӣ беназир аст, зеро ин Қаҳрамони ваҳдат - наҷотбахши миллат, дар баробари мубориза баҳри ҳуқуқу озодиҳои инсон тавонист аввалин давлати миллии мустақили тоҷиконро аз парокандагию нобудӣ наҷот бахшад ва ба ҷаҳониён тоҷиконро ҳамчун миллати сулҳофар муарифӣ намояд. Таҷрибаи сулҳи тоҷикон аҳамияти ҳам миллӣ ва ҳам байналмилалӣ касб намуд. Сулҳу амнияти бадастовардаи Тоҷикистонро сиёсатмадорон ва сарварони созмонҳои бонуфузи ҷаҳон баҳои баланд додаанд. Аз ҷумла, Сарвари Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Кратов зимни яке аз баромадҳояш, ки дар шаҳри Душанбе соли 2000 баргузор гардида буд, қайд кард: «…Сулҳи бадастовардаи тоҷикон дар тамоми ҷаҳон чун таҷрибаи нодир эътироф шудааст. Умуман дар тӯли панҷоҳ соли охир он назири худро надорад. Мо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон натиҷаҳои амалро мебинем…».

Мавқеи Тоҷикистонро дар таъмини сулҳу амнияти минтақа ва ҷаҳон аз суханон ва таъкидҳои пайдарпайи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон метавон ба хубӣ дарк намуд. Имрӯз, ки мо дар арафаи 30 солагии истиқлолият қарор дорем, ҳар як ҷавон ва фарди худогоҳ вазифадор аст, ки сулҳи тоҷиконро барои ояндаи дурахшони кишвари азизамон ҳифз намуда, ҳамеша ҳушёру зирак ва ватандӯсту меҳанпарвар бошем.

То ҷаҳон поянда бошад, сулҳ бодо дар Ватан,

Шамс то рахшанда бошад, сулҳ бодо дар Ватан.

Таибов С.А. – сардори шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа

Муҳидинова М.- шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа


29.04.2021 6860

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php