МЕҲРГОН – ҶАШНИ БУЗУРГИ БОСТОНӢ
Дар таърихи 17 октябри соли ҷорӣ дар кафедраи забонҳои хориҷӣ чорабинии идонаи фарҳангӣ-маърифатӣ бахшида ба ҷашни бостонии Меҳргон бо шукӯҳу шаҳомати хоса баргузор гардид. Меҳргон ҳамчун рамзи дӯстӣ, ваҳдат, меҳру муҳаббат ва шукрона аз неъматҳои фаровони сарзамини аҷдодӣ ҳанӯз ҳам аҳамияти бузурги тарбиявӣ дорад. Дар ин чорабинӣ донишҷӯёни гурӯҳҳои куратории 45 ва 42-юми курси 2-юми факултети тиббӣ бо маърӯзаҳои пурмуҳтаво ва барномаи ҷолиб баромад карданд. Онҳо доир ба таърихи пайдоиши Меҳргон, фалсафаи он ва арҷгузорӣ ба мероси ниёгон андешаҳои худро баён намуданд.
Қисми расмии чорабиниро дотсенти кафедра Каримова М. Д. ҳусни оғоз бахшида, дар суханронии худ оид ба мақоми Меҳргон дар фарҳанги халқи тоҷик ва нақши забонҳои хориҷӣ дар муаррифии арзишҳои миллӣ суханронӣ намуда, қайд карданд: - «Меҳргон суннати деринаи некӣ, адолат ва пайванди дӯстонаи инсонҳост. Пос доштани чунин ҷашнҳои бостонӣ дар баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ ва худшиносии миллӣ нақши муҳим мебозад».
Дар идомаи чорабинӣ куратори гурӯҳҳо Рамазанова И. М. баромад карда, ба иштирокчиён ва фаъолони гурӯҳҳо барои омодагии ҳамаҷониба сипосгузорӣ намуд. Қайд карда шуд, ки гузаронидани чунин чорабиниҳо дар баланд бардоштани завқи эстетикӣ ва ҷаҳonбинии донишҷӯён саҳми арзанда мегузорад.
Чорабинӣ дар фазои идона, бо шунидани шеърҳо ва муҳокимаҳои илмию фарҳангӣ ба анҷом расид.
Кафедраи забонхои хоричи