МАШВАРАТ-ВОХӮРӢ БО ДОНИШҶӮЁН ОИД БА ХАТАРҲОИ ҶАҲОНИ МУОСИР

МАШВАРАТ-ВОХӮРӢ БО ДОНИШҶӮЁН ОИД БА ХАТАРҲОИ ҶАҲОНИ МУОСИР

Бо иштироки донишҷӯёни курси якуми факултети тиббӣ аз ҷониби омӯзгорони кафедраи фанҳои ҷомеашиносӣ - номзади илмҳои сиёсӣ Амонзода С. Б. ва номзади илмҳои фалсафа Нурализода Ҳ. Н. машварат-вохӯрии судманд баргузор гардид.

Дар рафти вохӯрӣ масъалаҳои муҳими иҷтимоию сиёсӣ ва маънавии ҷомеа мавриди баррасӣ қарор гирифта, ба донишҷӯён оид ба дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони 35 соли Истиқлоли давлатӣ, таҳкими сулҳу ваҳдати миллӣ, рушди соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа ва нақши ҷавонон дар пешрафти давлат маълумоти муфассал пешниҳод карда шуд.

Ҳамзамон, дар доираи суҳбат ба масъалаи хатару таҳдидҳои ҷаҳони муосир, аз ҷумла ифротгароӣ, терроризм, таъсири манфии иттилооти носолим ва дигар падидаҳои номатлуб таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид. Зикр шуд, ки дар шароити ҷаҳонишавӣ ҳифзи арзишҳои миллӣ, эҳтиром ба фарҳанг ва забони миллӣ, баланд бардоштани маърифати сиёсӣ ва ҳуқуқӣ ва рушди ҷаҳонбинии илмӣ барои ҳар як ҷавон аҳамияти муҳим дорад.

Дар идомаи вохӯрӣ паёмадҳои ногувори тамоюли бегонапарастӣ ва пайравии кӯр-кӯрона ба фарҳангу арзишҳои бегона шарҳ дода шуда, донишҷӯён ба худшиносии миллӣ, ватандӯстӣ, эҳтироми арзишҳои фарҳангӣ ва истифодаи дурусту ҳадафманди дастовардҳои ҷаҳони муосир ҳидоят гардиданд.

Дар фарҷоми машварат-вохӯрӣ миёни омӯзгорон ва донишҷӯён мубодилаи афкор сурат гирифта, ба саволҳои иштирокчиён посухҳои мушаххас дода шуданд.

Кафедраи фанҳои ҷомеашиносӣ


03.10.2026 4

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php