МАШҒУЛИЯТИ АМАЛИИ ИНТЕРАКТИВӢ ДАР КАФЕДРАИ ФАРМАКОЛОГИЯ БАРГУЗОР ГАРДИД

МАШҒУЛИЯТИ АМАЛИИ ИНТЕРАКТИВӢ ДАР КАФЕДРАИ ФАРМАКОЛОГИЯ БАРГУЗОР ГАРДИД

11 майи соли 2026 дар кафедраи фармакологияи Донишгоҳ бо иштироки донишҷӯёни гурӯҳи 1-уми факултети педиатрӣ, курси 3-юм машғулияти амалӣ дар мавзуи «Доруҳои зиддивирусӣ ва зиддизамбуруғӣ» бо истифода аз усулҳои муосири интерактивии таълим баргузор гардид. Дар машғулият мудири кафедра, номзади илмҳои тиб, дотсент Урунова М.В. ва омузгорони кафедра иштирок намуданд.

Машғулият дар фазои фаъолу озоди илмӣ роҳандозӣ гардида, аз чанд марҳалаи назариявию амалӣ иборат буд. Дар қисми аввали дарс донишҷӯён вобаста ба сохти вирусҳо, роҳу механизмҳои воридшавии онҳо ба ҳуҷайраи инсон, равандҳои репликатсия, намудҳои вирусҳо ва бемориҳои вирусӣ, инчунин тасниф ва механизмҳои таъсири доруҳои зиддивирусӣ ва зиддизамбуруғӣ ҷавобҳои муфассалу илмӣ пешниҳод намуданд.

Қисмати дуюми машғулият бо истифода аз усулҳои интерактивӣ ва дар шакли бозии таълимӣ баргузор гардид. Дар доираи усули «Ман киям?» донишҷӯён ба ду гурӯҳ ҷудо шуда, аз рӯи тавсифи хусусиятҳо ва нишондодҳои дору номи маводи доругиро муайян менамуданд. Ин усул барои таҳкими донишҳои назариявӣ ва рушди тафаккури клиникии донишҷӯён мусоидат намуд.

Ҳамчунин, дар яке аз машқҳои амалӣ дорухатҳои тиббӣ ба қисмҳо ҷудо гардида, донишҷӯён дар муҳлати муайян бояд онҳоро дуруст тартиб медоданд. Дар марҳалаи дигар аз рӯи ҳарфҳо ва ҳиҷоҳои ҷудогона номи пурраи доруҳои марбут ба мавзуъ тартиб дода мешуд, ки ба азхудкунии дурусти номҳои байналмилалии доруҳо ва мустаҳкам гардидани хотираи касбӣ мусоидат кард.

Ҷиҳати баланд бардоштани малакаҳои амалӣ ва қобилияти таҳлилии донишҷӯён инчунин саҳначаи омӯзишӣ вобаста ба интихоб ва тавсияи доруҳо барои муолиҷаи бемориҳои вирусӣ пешниҳод гардид. Намоиши мазкур байни донишҷӯён ва омӯзгорон баҳсу мубоҳисаи илмиро ба вуҷуд оварда, барои такмили донишҳои амалӣ заминаи мусоид фароҳам сохт.

Дар ҷараёни машғулият иштироки фаъоли донишҷӯён, малакаи хуби кор дар гурӯҳ ва сатҳи баланди омодагии онҳо ба назар мерасид. Истифодаи усулҳои интерактивӣ имкон дод, ки яке аз мавзуъҳои мураккаби фармакология ба таври содаву шавқовар аз худ карда шавад.

Дар анҷоми дарс мудири кафедра, н.и.т., дотсент Урунова М.В. оид ба нақши усулҳои муосири таълим дар баланд бардоштани шавқу рағбати донишҷӯён, рушди тафаккури мустақил, таҳкими малакаҳои кор дар гурӯҳ, эҳтироми андешаи дигарон ва азхудкунии самараноки маводи таълимӣ ибрози назар намуданд.

Кафедраи фармакология


15.05.2026 5

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php