МАШҚҲОИ ПАГОҲИРӮЗИИ ҲАЙАТИ ПРОФЕССОРОНУ ОМУЗГОРОНИ ДОНИШГОҲ ДАР БОҒИ «ИРАМ»

МАШҚҲОИ ПАГОҲИРӮЗИИ ҲАЙАТИ ПРОФЕССОРОНУ ОМУЗГОРОНИ ДОНИШГОҲ ДАР БОҒИ «ИРАМ»

Дар доираи тарғиби тарзи ҳаёти солим, рушди тарбияи ҷисмонӣ ва оммавигардонии варзиш ҳайати профессорону омузгорони Донишгоҳ дар боғи «Ирам»-и шаҳри Душанбе машқҳои дастаҷамъонаи пагоҳирӯзӣ баргузор намуданд.

Ҳадафи асосии баргузории ин иқдом таҳкими саломатии кормандон, баланд бардоштани фаъолияти ҷисмонӣ, ташаккули фарҳанги солимгардонӣ ва ҷалби бештари аҳли ҷомеа ба машғулиятҳои мунтазами варзишӣ мебошад.

Дар фазои мусоид ва табиати зебои боғи «Ирам» иштирокчиён бо рӯҳияи болида ба иҷрои машқҳои гуногуни ҷисмонӣ машғул гардида, аҳаммияти ҳаракати фаъол ва машқҳои пагоҳирӯзиро ҳамчун яке аз омилҳои муҳими ҳифзи саломатӣ ва пешгирии бемориҳо нишон доданд.

Қобили зикр аст, ки машқҳои мунтазами ҷисмонӣ дар баробари таҳкими неруи бадан, ба беҳтар гардидани фаъолияти дилу рагҳо, баланд шудани қобилияти меҳнатӣ, коҳиши хастагӣ ва таъмини рӯҳияи солим мусоидат менамоянд. Аз ин рӯ, ҷалби кормандони муассисаҳои таълимӣ ба чунин чорабиниҳо на танҳо аҳаммияти солимгардонӣ, балки хусусияти тарбиявию маърифатӣ низ дорад.

Раванди баргузории машқҳои пагоҳирӯзии ҳайати профессорону омузгорони Донишгоҳ аз ҷониби гурӯҳи эҷодии телевизиони «Варзиш» наворбардорӣ гардид. Ин иқдом барои муаррифии фаъолияти варзишию солимгардонии Донишгоҳ ва тарғиби фарҳанги тарзи ҳаёти солим миёни аҳолӣ, бахусус ҷавонон, аҳаммияти муҳим дорад.

Бояд таъкид намуд, ки Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино ҳамчун муассисаи пешбари омодасозии мутахассисони соҳаи тандурустӣ ба масъалаҳои ҳифзи саломатӣ, пешгирии бемориҳо ва ташвиқи фаъолияти ҷисмонӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамояд. Иштироки фаъоли ҳайати профессорону омузгорон дар чунин чорабиниҳо намунаи амалии пайванди донишҳои тиббӣ бо фарҳанги солимии ҷомеа мебошад.

Баргузории чунин иқдомҳои солимгардонӣ ба таҳкими ҳамбастагии кормандон, болоравии рӯҳияи корӣ ва густариши анъанаҳои варзишӣ дар муҳити Донишгоҳ мусоидат намуда, бори дигар собит месозад, ки тарзи ҳаёти солим аз фаъолияти ҳаррӯза ва масъулияти шахсии ҳар як инсон оғоз меёбад.

ШУЪБАИ ИТТИЛООТ ВА РОБИТА БО ҶОМЕА


31.10.2026 5

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php