МАСЪАЛАИ ДАВЛАТДОРИИ ТОҶИКОН ДАР ДАВРАИ ИСТИҚЛОЛИЯТ
Дар таърихи ҳар миллат рӯйдодҳое ба вуқӯъ мепайванданд,ки дар сарнавишти минбаъдаи он нақши ҳалкунанда дорад. Солҳои аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон давраи озмоиши сахту сангини таърих буд.
Дар охири солҳои 80-ум ва ибтидои солҳои 90-уми асри ХХ вазъияти сиёсию ичтимоии халқу миллатҳо ба куллӣ таъғир ёфта,давлатҳо барои худ дари сиёсати навинро кушоданд.Дар натиҷа бузургтарин сохтори сиёсии як минтақаи дунё,ки бо номи “Сотсиализм” давлатҳои зиёдеро таҳти идора дошт, аз байн рафт. Чунин ҳолат барои давлатҳои хурд,ки Шуравӣ роҳнамою роҳгустар буд, мушкилоти зиёдеро ба бор овард. Ҷумҳурии Тоҷикистон,ки анъана ва таҷрибаи зарурии идоракунии мустақилонаро надошт, барои нерӯҳои сиёсии мамлакат, созмон додани сохтори нав муаммо гардид.Дар ҳудуди кишвар бӯҳрони сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоӣ,ки сабабгори заволи сохтори Шӯравӣ гардида буд, бозҳам доман паҳн намуда, авзои сиёсиро мураккабтар намуд.Нерӯҳои мухталифи ҳокимиятхоҳ ташаккул ёфта, мақсади ба даст овардани ҳокимиятро намуданд. Коста будани сатҳи маънавиёт ва ахлоқ махсусан шуури сиёсии ҷомеа, дарк накардани падидаҳои сиёсӣ боиси парокандашавии ҷомеа ва ба гурӯҳҳо ҷудо шудани он гардид.Шиддат гирифтани ҳолати номутаносибии ҷомеа вазъияти идоранашавандаеро ба миён овард. Нерӯҳои сиёсии ҳокимиятхоҳ муборизаи ошкороро шурӯъ намуданд. Дар натиҷа кишвар ба гирдоби муқовиматҳои сиёсӣ кашида шуд.Дар моҳи майи соли 1992 муқовимати нерӯҳои ҳоким ва оппозитсионӣ ба моҷарои мусаллаҳона табдил ёфт. Гурӯҳҳои гуногуни мусаллаҳ ба дуздию ғоратгарӣ ва қатли мардуми бегуноҳ роҳ доданд. Ҳукумат қудрат ва тавони ба низом овардани вазъиятро надошт. Дар натиҷа Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон кӯшиш намуд, ки рӯзи 16 уми ноябри соли 1992 дар Қасри Арбоби ш.Хуҷанд Иҷлосияи ХVI-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор намояд.
Дар саҳифаи таърихи навини тоҷикон моҳи ноябри соли 1992 чун ҳаводиси бузурги тақдирсози миллат сабт гардид. Зеро он боиси гирифтани пеши роҳи нобудшавии кишвар ва муайян намудани самтҳои инкишофи стратегии мамлакат гардид. Барои гирифтани пеши роҳи хунрезӣ ва аз гирдоби ҳалокат раҳоӣ бахшидани миллат ба таъҷилан даъват намудани Иҷлосияи Шурои Олии Тоҷикистон зарурат пеш омад. Дар Иҷлосия масоили гуногун дида баромада шуд. Яке аз масъаллаҳои асосӣ интихоби сарвари сиёсӣ буд, ки то тавонад миллатро муттаҳид созад ва ба самти нави стратегӣ ҳидоят намояд. Вакилони Шурои Олӣ бо як овоз Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Шурои Олӣ итихоб намуданд. Эмомалӣ Раҳмон, ки вакили Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд, дар муддати муайяни ваколаташ пайваста аз адолати иҷтимоӣ,сулҳу субот ва якпорчагии миллат ҷонибдорӣ менамуд. Инчунин симои тоҷикона, лаҳни шевои тоҷикона, ифтихори тоҷикона ва ҳисси баланди тоҷиконааш муҳаббати мардумро нисбаташ зиёд гардонида буд. На танҳо Вакилони Маҷлиси Олӣ, ҳамзамон, мардуми ранҷдидаю осебкашида, дар симои Эмомалӣ Раҳмон сарвари адолатпешаю иродатмандро медиданд.Интихоби нави сарвари сиёсӣ тақдири минбаъдаи миллати тоҷикро ба куллӣ дигар намуд.
Яке аз маъалаҳои асосие, ки Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба миён гузошт, аз ҳолати муқовимати мусаллаҳона баровардани кишвар ва ба оштии миллӣ расидани он буд. Барои ҳалли маҷмӯи мушкилиҳои ҷомеаи оташгирифта ва роҳҳою усулҳои ба эътидол овардани вазъияти мамлакат 74-санади ҳуқуқӣ аз ҷумла 15-қонун, 52-қарор, 6-фармон ва 1-изҳорот қабул гардид,ки барои солҳои ояндаи мардуми дорои собиқаи бузурги таърихӣ дошта мусоидат намуд.
Масъаллаи дигаре, ки дар Иҷлосияи ХVI-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дида баромада шуд, ин ба Ватан баргардонидани гурезаҳо ва таъмини сулҳу субот дар кишвар буд. Дар натиҷа дар давраи солҳои 1993 2000 ба ватан 950599 нафар гурезагон баргардонида шуданд.
Барои рушди минбаъдаи Тоҷикистон пеш аз ҳама лозим буд, ки миёни мухолифин гуфтушунид баргузор гардида, ризоияти саросарии ҷомеа, ваҳдату ягонагӣ ба даст оварда шавад. Дар натиҷаи музокироти тӯлонии миёни тоҷикон, ки аз 5 апрели соли 1994 то 27 июни соли 1997 дар кишварҳои гуногун идома дошт, муяссар гардид, ки “Созишномаи умумӣ дар бораи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон” қабул карда шавад.
Омили муҳимтарине, ки бе он давлату давлатдорӣ вуҷуд дошта наметавонад, ин тамомияти ҳудудӣ маҳсуб меёбад. Зеро, дар он рӯзҳои даҳшатбор нақшаи ба қисматҳо пора намудани давлати навини тоҷикон ба миён гузошта шуда буд. Инчунин, дар он солҳо низоми идоракунии давлатӣ ва сохторҳои ҳокимият фалаҷ гардида буданд. Тақдири мавҷудияти давлати миллии тоҷикон зери хатар монда буд.Таърих гувоҳ аст, ки низоъҳои дохилӣ боиси пароканда ва нобуд шудани миллатҳо ва давлатҳо мегардад.
Дар Иҷлосия барои муайян намудани рушди минбаъдаи Тоҷикистони муосир масъаллаи фаъолияти қонунгузорӣ гузошта шуд. Дар ниҳоят 6 ноябри соли 1994 Конститутсияи нави ҶумҳурииТоҷикистон қабул гардид, ки Тоҷикистонро ҳамчун далати Соҳибистиқлол, демократӣ, дунявӣ ва ягона муаррифӣ намуд. Инчунин, масъалаҳои дигаре, ки тавононанд Тоҷикистонро ҳамчун давлати муосир миёни кишварҳои дигар муаррифӣ созанд пеш гузошта шуд.
Иҷлосияи ХVI-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қабули рамзҳои нави давлатию сиёсӣ оғоз бахшид. Ҳамин тариқ, 24 ноябри соли 1992 Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон, 28 декабри соли 1993 нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 7 сентябри соли 1994 Суруди миллии мамлакат қабул гардид.
-Таъсиси системаи дупалатагии парламент, Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон ва таҳкими мақомоти назоратии ҳокимияти судҳо:
-Таҳия ва амалисозии барномаҳои рушди иқтисодӣ, сиёсӣ ва фарҳангӣ;
-Таъсиси фарҳанги нави сиёсӣ дар ҷомеа,рушди гуногунандешӣ, озодии сухан ва матбуот;
-Ислоҳот ва рушди системаи илму фарҳанг, соҳаҳои тандурустӣ, маориф ва ҳифзи иҷтимоӣ;
-Таъсиси сохторҳои Артиши миллӣ ;
-Таъсиси дипломатияи тоҷик ва рушди сиёсати хориҷии кишвар;
-Муайян намудани самтҳои афзалиятноки рушди ҷомеа.
Бо назардошти гуфтаҳои боло метавон хулоса намуд,ки давраи навини қонунгузории кишвар аз Иҷлосияи 16-уми Шурои Олӣ тадбирҳои муҳими сарнавиштсозро анҷом додааст,ки дар он роҳбарияти нави сиёсии мамлакатро таҳти сарварии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон интихоб намуд,сохтори конститутсиониро барқарор сохт, тадбирҳои мукаммали аз бӯҳрони сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва маънавӣ баровардани ҷомеаро ба миён гузошт, самтҳои асосии сиёсати дохилии мамлакат, инчунин мавқеи байналмилалӣ ва сиёсати хориҷии кишварро муайян намуд, барои ҳамкориҳои судманд бо кишварҳои ҷаҳон роҳ кушод, қонунгузории ҷумҳуриро устувор намуд ва ба рушди он замина гузошт.
Амонзода С. Б н.и.с., дотсент-Раиси Шурои занон ва духтарони Донишгоҳ