МАРОСИМИ БОШУКӮҲИ ХАТМИ ДОНИШҶӮЁНИ ХОРИҶӢ ДАР ДОНИШГОҲ

МАРОСИМИ БОШУКӮҲИ ХАТМИ ДОНИШҶӮЁНИ ХОРИҶӢ ДАР ДОНИШГОҲ

Имрӯз, 17 июни соли 2026 дар толори «Сино»-и Пажӯҳишгоҳи тибби бунёдии Донишгоҳ маросими тантанавии хатми соли таҳсили 2025–2026-и донишҷӯёни хориҷӣ баргузор гардид.

Дар чорабинии бошукӯҳ намояндагони сафоратхонаҳо ва корпусҳои дипломатии кишварҳои Федератсияи Русия, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Узбекистон, Ҷумҳурии Туркия, Ҷумҳурии Ҳиндустон, Ҷумҳурии Исломии Покистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон иштирок намуданд.

Ректори Донишгоҳ, профессор Муҳиддин Нуриддин Давлаталӣ зимни суханронии худ хатмкунандагони хориҷиро ба муносибати хатми бомуваффақияти донишгоҳ самимона табрик намуда, иброз дошт, ки касби табибӣ рисолати пурмасъулият ва пуршараф буда, аз ҳар як мутахассис донишу малакаи муосир, масъулияти баланд ва эҳсоси инсондӯстиро тақозо мекунад. Қайд гардид, ки солҳои таҳсил дар Тоҷикистон барои донишҷӯёни хориҷӣ на танҳо давраи азхудкунии донишҳои касбӣ, балки заминаи таҳкими дӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва робитаҳои фарҳангӣ миёни миллатҳо гардид. Ӯ ба хатмкунандагон дар фаъолияти минбаъдаи касбӣ комёбиҳо орзу намуда, онҳоро ҳамчун пайвандгари дӯстӣ ва ҳамкориҳои байналмилалӣ миёни Тоҷикистон ва кишварҳои худ арзёбӣ кард.

Сипас, дар фазои идона ва тантанавӣ ба хатмкунандагон сертификатҳои хатм дар ҳузури намояндагони кишварҳои болозикр тақдим карда шуданд.

Ҳамчунин, дар доираи чорабинӣ маросими савганди тиббӣ баргузор гардида, хатмкунандагон бо садоқат ба арзишҳои олии касби табибӣ, хизмат ба саломатии инсон ва риояи меъёрҳои ахлоқи тиббӣ савганд ёд намуданд.

Маросими хатм дар фазои эҳтиром, дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ ҷараён гирифта, бозгӯи нуфузи рӯзафзуни Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино дар арсаи байналмилалӣ ва таҳкими ҳамкориҳои он бо кишварҳои хориҷӣ гардид.

ШУЪБАИ ИТТИЛООТ ВА РОБИТА БО ҶОМЕА


12
11
10
9
8
7
6
5
4
3
2
1
17.06.2026 6

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php