МАРОСИМИ БОШУКӮҲИ ХАТМИ ДОНИШҶӮЁН ДАР ДОНИШГОҲ

25 июни соли 2026 дар толори «Сино»-и Пажӯҳишгоҳи тибби бунёдӣ маросими тантанавии хатми донишҷӯёни Донишгоҳ баргузор гардид.

Дар чорабинӣ Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Абдуллозода Ҷамолиддин Абдулло, роҳбарияти Донишгоҳ, ҳайати профессорону омузгорон, хатмкунандагон, волидайн ва меҳмонон иштирок намуданд.

Маросим бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, сипас ректори Донишгоҳ, профессор Муҳиддин Нуриддин Давлаталӣ, хатмкунандагонро ба муносибати анҷоми бомуваффақияти таҳсил ва ворид шудан ба ҳаёти мустақили касбӣ табрик намуданд. Зимни суханронии худ ректори Донишгоҳ ба хатмкунандагон барои идомаи роҳи пурифтихори табибӣ, хизмат ба ҷомеа ва ҳифзи солимии аҳолӣ комёбиҳо таманно намуданд.

Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Абдуллозода Ҷамолиддин Абдулло низ хатмкунандагонро бо ин рӯзи фараҳбахш муборакбод гуфта, иброз доштанд, ки «воқеан, давраи донишҷӯӣ барои ҳар як ҷавони ҳушманд марҳилаи муҳимтарини ҳаёт маҳсуб меёбад ва ман ифтихормандам, ки Шумо бо азму иродаи мустаҳкам ва нияту орзуҳои нек ба ин таълимгоҳи муқаддас қадам гузошта, душвориҳои аввалини касбомӯзиро дилпурона паси сар намудед».

Қобили зикр аст, ки соли таҳсили 2025-2026 донишгоҳро 2107 нафар донишҷӯ хатм намуданд, ки аз ин шумора 378 нафар шаҳрвандони хориҷӣ мебошанд. Ин нишондиҳанда аз нуфуз ва мақоми байналмилалии Донишгоҳ ҳамчун яке аз муассисаҳои бонуфузи таҳсилоти олии тиббии кишвар дарак медиҳад.

Дар идомаи чорабинӣ ба як қатор хатмкунандагони фаъол ва соҳибдастовард дипломҳои аъло дар вазъияти тантанавӣ супорида шуданд. Ҳамчунин хатмкунандагон тибқи анъанаи неки касби табибиро ёд намуда, омодагии худро барои содиқона хизмат намудан ба мардум ва ҳифзи саломатии ҷомеа иброз карданд.

Дар фарҷоми маросим хатмкунандагон ва волидайни онҳо ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарияти Донишгоҳ ва ҳайати профессорону омузгорони ин боргоҳи маърифат барои фароҳам овардани шароити мусоиди таҳсил ва тарбияи мутахассисони соҳибкасб изҳори сипос ва миннатдорӣ намуданд.

Маросими хатм барои хатмкунандагон ҳамчун рӯйдоди муҳим ва фаромӯшнопазири зиндагӣ бо эҳсоси ифтихор, шукргузорӣ ва умед ба ояндаи дурахшон анҷом пазируфт.

ШУЪБАИ ИТТИЛООТ ВА РОБИТА БО ҶОМЕА


13
11
10
9
8
7
6
5
4
3
2
1
26.06.2026 6

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php