МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚИИ ШАҲРВАНДОН -ОМИЛИ АСОСИИ РӮЗГОРИ ОСОИШТАИ ҶОМЕА

МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚИИ ШАҲРВАНДОН -ОМИЛИ АСОСИИ РӮЗГОРИ ОСОИШТАИ ҶОМЕА

5 ноябри соли 2026 дар кафедраи тибби судии Донишгоҳ бо иштироки кормандони кафедра ва донишҷӯёни курси шашуми факултети тиббӣ, гурӯҳҳои таълимии 13, 14 ва 15, ҷамъомади маърифатӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Зимни ҷамъомад дар мавзуи «Маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон - омили асосии рӯзгори осоиштаи ҷомеа» маъруза пешниҳод гардида, аҳаммияти таърихию сиёсии Конститутсия дар таҳкими давлатдории миллӣ, таъмини волоияти қонун, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, инчунин нигоҳдории сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Зикр гардид, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 ноябри соли 1994 тавассути раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардида, ҳамчун санади олии ҳуқуқӣ заминаи устувори бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоиро фароҳам овард. Ҳамзамон, нақши Конститутсия дар баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, тарбияи эҳтиром ба қонун ва ташаккули масъулияти шаҳрвандӣ махсус таъкид карда шуд.

Дар фарҷоми ҷамъомад таъкид гардид, ки донистану риоя намудани меъёрҳои Конститутсия, эҳтироми арзишҳои миллӣ ва масъулиятшиносӣ дар назди ҷомеа вазифаи ҳар як шаҳрванди кишвар, аз ҷумла ҷавонон ва донишҷӯёни ояндаи соҳаи тиб, ба ҳисоб меравад.

Кафедраи тибби судӣ


06.11.2026 5

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php