МАНБАИ НУРИ ТОҶИК

МАНБАИ НУРИ ТОҶИК

Роғун нангу номус ва ифтихори миллати тоҷик аст, зеро аз ҷиҳати таъмини истиқлолияти энергетикӣ НБО «Роғун» яке аз иншоотҳои азими Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Аслан Роғун ном гирифтани ин неругоҳ аз номи деҳае бо номи Роғун сарчашма мегирад. Ҳанӯз охири солҳои 70-уми асри гузашта сохтмони нақби барқи обии Роғун чун як лоиҳаи бузурги энергетикӣ дар кишвар шурӯъ шуда буд, вале бо сабабҳои гуногун нотамом монд. Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 октябри соли 2009 корҳои барқароркунии сохтмонӣ дар НБО «Роғун» бо иштироки бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёди сарбанди Неругоҳи барқи обии «Роғун» оғоз гардид. Ҳамон рӯз Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон паси чамбараки булдозер нишаста, расо якуним соат бо пеш кардани сангу шағал маҷрои дарёи Вахшро бастанд ва ба бунёди сарбанди ин неругоҳи азим ҳусни оғоз бахшиданд.

16 ноябри соли 2018 дар таърихи давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол рӯйдоди муҳиму тақдирсоз ба вуқӯъ пайваста, баҳри расидан ба истиқлолияти комили энергетикӣ қадами устуворе гузошта шуд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вазъияти тантанавӣ агрегати якуми Неругоҳи барқи обии «Роғун»-ро ба кор дароварданд ва ба фаъолияти ин иншооти бузурги аср, ки минбаъд ба рушду тараққиёти кишвар мусоидат намуд, оғоз бахшиданд. Дар маросими ба кор даровардани агрегати якуми Неругоҳи барқи обии «Роғун» коргарони неругоҳ, фаъолону зиёиёни кишвар, ҷавонон, собиқадорони меҳнат, намояндагони корпусҳои дипломатии муқими Душанбе ва коршиносони ташкилоту созмонҳои бонуфузи минтақавию байналмилалӣ иштирок карданд. Ҳамзамон ин чорабинии муҳимро бештар аз 200 нафар рӯзноманигорони дохил ва хориҷи кишвар, агентиҳои иттилоотии бонуфузи байналмилалӣ аз Амрико, Италия, Олмон, Россия, Япония, Британияи Кабир, Хитой, Покистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон ва дигар давлатҳо васеъ инъикос намуданд.9 сентябр агрегати дуюми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” ба кор дароварда шуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади иштирок дар ин маросим ба шаҳри Роғун ташриф оварданд. Ин чорабинии муҳимро беш аз 140 нафар рӯзноманигори дохил ва хориҷи кишвар, агентиҳои иттилоотии бонуфузи байналмилалӣ аз Амрико, Италия, Олмон, Россия, Япония, Британияи Кабир, Хитой, Покистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон ва дигар давлатҳо инъикос намуданд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди шиносоӣ бо рафти корҳо дар қитъаҳои алоҳидаи сохтмон ба сифати кори коргарон баҳои баланд дода, онҳоро ба иҷрои саривақтию босамари тадбирҳои созандагӣ дар нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” ҳидоят карданд.

Дар роҳи ба даст овардани истиқлолияти энергетикӣ бунёд ва ба кор андохтани НБО «Роғун» ягона мебошад. Ин нерӯгоҳ пуриқтидортарин иншооти силсилаи нерӯгоҳҳои рӯди Вахш дар Осиёи Миёна маҳсуб ёфта, иқтидори тавлидотии нерӯи барқи он 13.5 миллиард киловатро ташкил медиҳад. Неругоҳи Роғун дорои 6 агрегати тавоноии ҳар кадомаш 600 мегаваттӣ, бо иқтидори 3600 мегаватт (беш аз 17 миллиард киловатт-соат) калонтарин нерӯгоҳи барқи обӣ дар минтақа хоҳад буд, ки нисбат ба иқтидори истеҳсолии нерӯгоҳи барқи обии “Норак” якуним баробар зиёд мебошад. Сарбанди НБО «Роғун», ки баландии 335 метрро ташкил медиҳад, баландтарин сарбанд дар ҷаҳон мебошад. Бо бунёди комили НБО «Роғун» ормонҳои ҳазорсолаи мардуми тоҷик амалӣ мегарданд, ки дар саргаҳи ҳамаи ин бунёдкориҳо фарзанди фарзонаи миллат, Қаҳрамони Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон истодаанд.    Бо сарварии Пешвои муаззами худ Тоҷикистон ва халқи барӯманди тоҷик бори дигар ба ҷаҳониён қудрати азалии хешро нишон дода, аз рисолати созандагӣ дарак доданд. Ин иншооти ҳаётан муҳим мутобиқ ба талаботи меъёрҳои байналмилалии сифату бехатарӣ ва бо истифода аз технологияҳои навтарин бунёд шуда истода, дар ояндаи наздик на танҳо ба сокинони Тоҷикистон, балки ба кишварҳои минтақа низ хизмат хоҳад кард. Тоҷикистон, инчунин, дар ҳалли масъалаҳои паст намудани хавфи офатҳои табиӣ, тағирёбии иқлим, дастрасӣ ба оби нӯшокии босифат ва беҳдошт, муҳити зист, инфрасохтору сармоя, мудирияти захираҳои об, аҳамият ва нақши он дар иқтисоди устувор пешсаф мебошад. Ин ташаббусҳо имкон фароҳам меоранд, ки мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаҳон аз рӯи истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи истеҳсоли нерӯи барқ чанд зина боло равад.Боиси хушнудист, ки ҳазорон сохтмончиёни роҳи дурахшони бунёдкориву созандагӣ шабонарӯзӣ дар кори неругоҳ заҳмат кашида, бо ғурури милливу ору номуси ҷавонмардӣ баҳри дар як фурсати кӯтоҳ ба истифода додани Роғун заҳмат мекашанд. Ҳамаи мо медонем, бунёди НБО «Роғун», ки орзуи деринаи мардуми тоҷик аст, ба ояндаи дурахшони миллат заминаи мусоид фароҳам меорад. Ба шарофати ҷаҳду талошҳои пайвастаи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон кор дар бунёди иншооти муҳимми стратегӣ дар авҷ аст. Инак дар зери кӯҳи азими Роғун чарха мечархад ва нур тавлид мешавад. Нур бо дастони мардони нурофар. Нуре, ки тавлиди онро на танҳо дар кишвари мо, балки дар кишварҳои ҳамсоя низ интизор буданд. Зеро ин нур барои ҳамсоякишварҳои мо низ равшанӣ эҳдо мекунад.

Зарипов А. Р., н.и.т.дотсент, мудири кафедраи стоматологияи ортопедӣ

Таибов С. А., муалими калони кафедраи стоматологияи ортопедӣ


17.11.2026 5

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php