МАКТАБИ ИЛМИИ ФИЗИОЛОГИЯИ ПАТОЛОГӢ -ГАНҶИНАИ ИЛМИИ ДОНИШГОҲИ ТИББӢ
ДОНИШГОҲИ ТИББӢ
(БА ИФТИХОРИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ)
Аз нахустин қадамҳои илмӣ то дастовардҳои даврони Истиқлол
Якуми сентябри соли 1939 дар таърихи Тоҷикистони Шуравӣ рӯйдоди муҳиме ба вуқӯъ пайваст, ки минбаъд ба яке аз заминаҳои асосии ташаккул ва рушди илми тибби миллӣ табдил ёфт. Дар ҳамин рӯз Донишкадаи давлатии тиббии Тоҷикистон таъсис ёфт. Таъсиси нахустин муассисаи таҳсилоти олии тиббӣ дар кишвар на танҳо оғози марҳилаи нави омодасозии табибони соҳибкасб, балки оғози ташаккули мактабҳои илмии тиббӣ дар Тоҷикистон низ ба шумор меравад.
Дар ибтидои фаъолияти донишкада барои ташкили раванди таълим ва корҳои илмӣ олимони варзида аз муассисаҳои таҳсилоти олии Маскав ва Ленинград ба Тоҷикистон даъват гардиданд. Дар соли аввали таҳсил дар донишкада ҳашт кафедра ва баъдан боз се кафедраи дигар таъсис ёфтанд. Ҳамин тавр, заминаи нахустини фаъолияти илмӣ-тадқиқотӣ ва ташаккули мактабҳои илмии тиббӣ гузошта шуд.
Яке аз чунин мактабҳои илмӣ, ки дар тӯли даҳсолаҳо роҳи пуршарафи илмӣ, таълимӣ ва тарбиявиро тай намуда, дар рушди илми тибби тоҷик саҳми арзанда гузоштааст, мактаби илмии физиологияи патологӣ мебошад.
Оғози роҳи мактаби илмии патофизиологҳо
Кафедраи физиологияи патологӣ соли 1941, дар шароити душвори Ҷанги Бузурги Ватанӣ, дар Донишкадаи тиббии Тоҷикистон таъсис ёфт. Дар баробари кафедраҳои микробиология, анатомияи патологӣ, фармакология, таълими бемориҳои дарунӣ ва ҷарроҳии умумӣ таъсиси кафедраи физиологияи патологӣ барои рушди илмҳои бунёдии тиббӣ аҳамияти калон дошт.
Аввалин мудири кафедра профессор Г.В. Пешковский интихоб гардид. Ӯ дар ташаккули фаъолияти илмӣ ва таълимии кафедра нақши муҳим гузошта, бо ҷалби олимони соҳибтаҷриба барои рушди самтҳои нави пажӯҳиш замина фароҳам овард. Дар он давра дар кафедра И.И. Исломов, В.В. Баканский, Е.П. Смоличев, Н.Д. Горбунова, Г.Ш. Тоиров, Ю.И. Сергеев, Б.Д. Забудский, И.А. Муҳаммадҷонов ва дигар муҳаққиқон фаъолият менамуданд.
Яке аз рӯйдодҳои муҳим дар таърихи кафедра ба номи Расулов М.Я. вобаста аст. Ӯ аввалин аспиранти кафедра ба шумор рафта, дар мавзӯи «Танзими асабии идрори гурдаҳои иллатнок» рисолаи номзадӣ ҳимоя намуд. Бо ин роҳ ӯ дар сафи аввалини олимони тоҷик аз соҳаи физиологияи патологӣ қарор гирифт ва барои ташаккули кадрҳои миллии илмӣ заминаи мусоид фароҳам овард.
Пас аз профессор Г.В. Пешковский роҳбарии кафедраро дотсент Я.С. Андросов ба уҳда гирифт. Соли 1950 профессори кафедра И.А. Ойвин мудири кафедра интихоб гардид. Дар фаъолияти ӯ масъалаи рушди корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва омода намудани кадрҳои педагогӣ ҷойгоҳи махсус дошт. Дар ин давра фаъолияти илмии кафедра густариш ёфта, як қатор олимон рисолаҳои номзадӣ ҳимоя намуданд.
Аммо дар таърихи ин мактаби илмӣ номи профессор Евгений Петрович Смоличев ҳамчун яке аз чеҳраҳои барҷаста ва ташаккулдиҳандаи асосии мактаби патофизиологии донишгоҳ бо ҳарфҳои заррин сабт шудааст.
Профессор Е. П. Смоличев ва ташаккули мактаби пурқудрати илмӣ
Соли 1956 профессор Е.П. Смоличев роҳбарии кафедраи физиологияи патологиро ба уҳда гирифт. Давраи роҳбарии ӯ яке аз марҳилаҳои пурмаҳсул ва муҳим дар таърихи кафедра ба ҳисоб меравад.
Профессор Е.П. Смоличев на танҳо муҳаққиқи соҳибистеъдод, балки омӯзгори донишманд ва тарбиятгари насли нави олимон буд. Таҳти роҳбарии ӯ фаъолияти илмӣ-тадқиқотии кафедра ба сатҳи нав баромад. Самти асосии таҳқиқот ба омӯзиши макрогемодинамика ва микродинамикаи узвҳо, гардиши хуни микросиркуляторӣ ва таъсири омилҳои гуногуни муҳити атроф ба фаъолияти низоми гардиши хун равона гардид.
Натиҷаи чунин фаъолияти пурмаҳсул таълифи монографияи профессор Е.П. Смоличев таҳти унвони «Ихтилоли таркиби сафедавии хун» гардид. Ин асар яке аз намунаҳои муҳимми фаъолияти илмии мактаби патофизиологии донишгоҳ ба шумор меравад.
Нақши профессор Смоличев Е. П. дар тарбияи кадрҳои илмӣ низ басо назаррас аст. Таҳти роҳбарии ӯ 17 нафар рисолаи номзадӣ ва 5 нафар рисолаи докторӣ ҳимоя намуданд. Ин рақам худ далели возеҳи он аст, ки дар атрофи ин олими соҳибмактаб як муҳити воқеии илмӣ ташаккул ёфта буд.
Фаъолияти профессор Смоличев Е. П. танҳо бо кафедра маҳдуд намешуд. Ӯ солҳои 1973-1984 вазифаи муовини ректор оид ба корҳои таълимии донишкадаро ба уҳда дошт ва дар такмили раванди таълиму тарбия саҳми назаррас гузошт. Ҳамчун патофизиолог, ходими хизматнишондодаи илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва узви Раёсати Ҷамъияти умумииттифоқии патофизиологҳо ӯ дар рушди илми патофизиология мақоми шоиста дошт.
Яке аз шогирдони маҳаллии мактаби илмии профессор Смоличев Е. П. собиқ ординатори клиникӣ Муаззама Фазлитдиновна Шаҳобова буд. Ӯ соли 1975 дар мавзӯи «Таъсири омилҳои вегетативӣ ба басомади анализаторҳои пӯсти одами солим ва бемор» рисолаи номзадӣ ҳимоя намуд ва баъдан худ роҳбарии кафедраро ба уҳда гирифт.
Идомаи анъанаи илмӣ
Дар солҳои 1987-1989 дотсенти кафедра, номзади илмҳои тиб И.И. Арав роҳбарии кафедраро ба зимма дошт. Дар фаъолияти илмии кафедра таҳқиқоти марбут ба механизмҳои патологии фаъолияти узвҳо ва системаҳои организм идома ёфт.
Дотсент И.И. Исломов низ дар рушди мактаби илмии кафедра саҳми назаррас гузоштааст. Ӯ дар мавзӯи «Мубодилаи дохилирагии маҳлули сафедаҳо ҳангоми варами заҳрогении шушӣ» рисолаи илмӣ ҳимоя намуда, аз ҷумлаи аввалин олимоне гардид, ки дар таҳқиқоти тиббӣ нишонаатомҳоро истифода бурдааст.
Бо гузашти солҳо мактаби илмии кафедра на танҳо ҳифз гардид, балки пайваста бо кадрҳои нав, мавзӯъҳои тозаи таҳқиқотӣ ва дастовардҳои илмӣ ғанӣ шуд.
Кафедра дар солҳои душвори ҷомеа
Солҳои 90-уми асри гузашта барои Тоҷикистон давраи бисёр мураккаб ва пуртазод буданд. Пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ ва сар задани ҷанги шаҳрвандӣ ба тамоми соҳаҳои ҳаёти кишвар, аз ҷумла ба низоми таҳсилоти олӣ ва илм, таъсири ҷиддӣ расонд. Донишкадаи давлатии тиббӣ низ аз ин равандҳо дар канор намонд. Шумораи кормандон ва мутахассисони дорои унвонҳои илмӣ коҳиш ёфт.
Бо вуҷуди ин, фаъолияти кафедраи физиологияи патологӣ қатъ нагардид. Солҳои 1990-1992 роҳбарии кафедраро Юрий Инакентийевич Иброгимов ва солҳои 1992-1994 Светлана Геннадевна Топорова ба зимма доштанд.
Соли 1992 Донишкадаи тиббии Тоҷикистон ба Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон табдил дода шуд. Ин тағйирот барои рушди минбаъдаи сохтори илмӣ ва таълимии муассиса заминаи нав фароҳам овард.
Дар ҳамин давраи душвор муҳаққиқони кафедра ба таҳқиқи масъалаҳои мубрами физиологияи патологӣ идома доданд. Омӯзиши ҳассосияти қисматҳои гуногуни маҷрои микросиркуляторӣ баъди таъсири шуоъафканӣ, робитаи рагии узвҳо дар шароити гипоксия, роҳҳои идораи дренажи лимфавии бофтаҳо ва таъсири омилҳои вегетативӣ ба фаъолияти анализаторҳои пӯст аз ҷумлаи самтҳои муҳимми таҳқиқоти он давра буданд.
Ин таҳқиқот нишон медиҳанд, ки ҳатто дар шароити душвори иҷтимоӣ ва иқтисодӣ андешаи илмӣ дар кафедра идома дошт ва олимон барои нигоҳ доштани анъанаҳои мактаби илмӣ талош мекарданд.
Солҳои 1994-2006 роҳбарии кафедра ба зиммаи номзади илмҳои тиб, дотсент Муаззама Фазлитдиновна Шаҳобова гузошта шуд. Ин давра дар таърихи кафедра ҳамчун марҳилаи эҳёи фаъолияти илмӣ ва омода намудани кадрҳои ҷавон аҳамияти хос дорад.
Бо дастгирии ӯ ва роҳбарии олимони соҳибтаҷриба як қатор кормандони кафедра ба корҳои илмӣ ҷалб гардиданд. Аз ҷумла, Қурбонбекова П.Қ. дар мавзӯи «Густариш, хусусиятҳои пайдоиш, ҷараёнгирӣ, клиника ва муолиҷаи пиодермия дар сокинони баландкӯҳ, миёнакӯҳ ва пасткӯҳ» ва Меликова Н.Х. дар мавзӯи «Таъсири муносибатҳои байниҳамӣ ва ҳолати асабҳои вегетативӣ ба фаъолияти мақсадноки донишҷӯён» рисолаҳои илмии худро ҳимоя намуданд.
Солҳои 2006-2017 роҳбарии кафедраро профессор Муҳиддин Сафарович Табаров ба зимма дошт. Дар ин давра низ фаъолияти илмӣ-тадқиқотӣ идома ёфта, самтҳои нави пажӯҳишӣ ба миён омаданд.
Солҳои 2017-2025 кафедраро номзади илмҳои тиб Зулфия Тоштемирова роҳбарӣ намуд. Дар ин давра таҳқиқоти марбут ба ҳолати эндотелияи рагҳо, бемориҳои музмини гурдаҳо, бемории ишемикии дил, гипертензияи шараёнӣ ва дигар ҳолатҳои патологӣ вусъат пайдо карданд.
Дар заминаи кафедра дар тӯли солҳои фаъолияти он 29 рисолаи номзадӣ ва 5 рисолаи докторӣ ҳимоя гардидааст. Ин нишондиҳанда на танҳо натиҷаи фаъолияти як кафедра, балки нишонаи устувории як мактаби илмӣ ва қобилияти он дар тарбияи пайвастаи кадрҳои илмӣ мебошад.
Илм дар хидмати саломатии инсон
Яке аз хусусиятҳои муҳими мактаби илмии физиологияи патологӣ он аст, ки таҳқиқоти он танҳо аҳамияти назариявӣ надоранд. Патофизиология илмест, ки равандҳои пайдоиш ва инкишофи бемориҳоро меомӯзад ва барои фаҳмидани механизмҳои мураккаби бемориҳо заминаи илмӣ фароҳам меорад.
Аз ин рӯ, мавзӯъҳои таҳқиқотии кафедра ҳамеша бо масъалаҳои воқеии тиб ва тандурустӣ иртиботи мустақим доштаанд.
Дар солҳои 2000-2025 олимони кафедра масъалаҳои гуногуни мубрами тиббиро мавриди омӯзиш қарор доданд. Аз ҷумла, таҳқиқоти муқоисавии хронотиббии омилҳои асосии хавфноки бавосир ва бемориҳои бавосирӣ, ташхиси клиникию эксперименталии дисфунксияи эндотелияи рагҳои гурда дар бемориҳои музмини гурдаҳо дар шароити водӣ ва баландкӯҳ, дисфунксияи эндотелия ҳангоми бемории ишемикии дил дар шахсони сактаи миокардгузаронида, механизмҳои тағйирёбии танзими афзоиши инсон дар шароити номусоиди экологӣ ва вайроншавии танзими вазифаҳои эндотелия ва идрок дар беморони куҳансоли гирифтори фишорбаландии шараёнӣ мавриди таҳқиқ қарор гирифтанд.
Дар ин раванд олимони ҷавон низ ба корҳои илмӣ ҷалб гардиданд. Рустамова Л.М., Назариён Н.Р., Кассирзода С.К., Қосимов Ш.М., Муқимов А.М. таҳти роҳбарии олимони кафедра ба омӯзиши масъалаҳои мубрами патофизиология машғул шуданд.
Мавзӯъҳои таҳқиқотии онҳо масъалаҳои инкишофи ҷисмонии синну солӣ ва захираҳои функсионалии сокинони минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон, ҳолати эндотелияи рагҳо ва вазифаҳои когнитивӣ, дисфунксияи эндотелиалӣ дар беморони гирифтори диабети қанди навъи II, хусусиятҳои эндотелияи рагҳо дар беморони давраи вопасини бемории гурда бо гипертензияи шараёнӣ ва хусусиятҳои патофизиологии эндотелия дар инкишофи носомониҳои когнитивӣ ҳангоми сактаи ишемикии мағзи сарро фаро мегиранд.
Ҳамин тавр, пажӯҳишҳои кафедра бо масъалаҳои мубрами тибби муосир пайваст буда, барои рушди донишҳои назариявӣ ва ҷустуҷӯи роҳҳои нави ташхису пешгирии бемориҳо аҳамияти илмӣ доранд.
Ганҷинаи маънавии мактаби илмӣ
Натиҷаи фаъолияти бисёрсолаи кафедра танҳо бо шумораи рисолаҳои ҳимояшуда маҳдуд намешавад. Дар тӯли фаъолияти худ олимону омӯзгорони кафедра осори зиёди илмӣ ва таълимию методӣ ба мерос гузоштаанд.
То солҳои 2000 дар кафедра 1064 мақола, 1394 фишурда, 156 дастурамал ва тавсияи таълимию методӣ ба табъ расонида шуда, 74 тавсияи навоварӣ пешниҳод гардида буд.
Дар даҳсолаҳои охир аз ҷониби ҳайати профессорону омӯзгорони кафедра зиёда аз 500 мақола ва фишурдаи илмӣ, зиёда аз 100 дастури таълимӣ, дастурамали таълимию методӣ ва тавсияи таълимӣ-методӣ, ду монография, китоби дуҷилдаи «Физиологияи патологӣ» ва «Луғати тафсирии мухтасари русӣ-тоҷикии истилоҳоти тиббӣ» таълиф гардидааст.
Ин осор танҳо маҳсулоти фаъолияти илмӣ нестанд. Онҳо як қисми мероси зеҳнии донишгоҳ ва мактаби илмии тибби тоҷик мебошанд. Ҳар як китоб, мақола ва рисолаи илмӣ дар асл пайванде миёни насли олимони гузашта ва муҳаққиқони имрӯз аст.
Мактаби илмӣ дар масири Истиқлол
Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа, аз ҷумла илму маориф ва тандурустӣ, имкониятҳои нави рушдро фароҳам овард. Дар ин марҳила зарурати таҳкими илмҳои бунёдии тиббӣ, рушди таҳқиқоти миллӣ ва омода намудани кадрҳои баландихтисоси илмӣ бештар эҳсос гардид.
Мактаби илмии физиологияи патологӣ низ дар ин раванд қадам ба қадам рушд намуд. Мавзӯъҳои таҳқиқотӣ бештар ба масъалаҳои хоси аҳолии Тоҷикистон, таъсири шароити баландкӯҳ ва водӣ, омилҳои экологӣ, бемориҳои музмини гурда, бемориҳои дилу раг, диабети қанд, ихтилоли эндотелия ва дигар мушкилоти муҳими тиббӣ равона гардиданд.
Хусусияти муҳимми ин таҳқиқот дар он аст, ки олимон кӯшиш мекунанд бемориҳоро на танҳо аз нуқтаи назари умумии тиббӣ, балки бо назардошти шароити иқлимӣ, ҷуғрофӣ, иҷтимоӣ ва хусусиятҳои аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон омӯзанд.
Айни замон дар кафедра мавзӯъҳои доктории «Ҳолати функсионалии эндотелияи беморони мубтало ба бемории пиодермия дар сокинони баландкӯҳ, миёнакӯҳ ва пасткӯҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Хусусиятҳои функсионалии эндотелия ҳангоми вайроншавии вазифаи эвакуатории рӯда дар беморони мубтало ба бемориҳои музмини гурдаҳо» мавриди пажӯҳиш қарор доранд.
Ин самтҳо аз он шаҳодат медиҳанд, ки мактаби илмӣ дар назди худ масъалаҳои нави илмӣ гузошта, ба таҳқиқоти муосири патофизиологӣ ворид шудааст.
Пайванди илмии Тоҷикистон бо марказҳои илмии хориҷӣ
Имрӯз рушди илм бидуни ҳамкории байналмилалӣ тасаввурнопазир аст. Кафедраи физиологияи патологӣ низ барои таҳкими робитаҳои илмӣ-таълимӣ бо муассисаҳои бонуфузи илмии хориҷӣ талош менамояд.
Кафедра бо Донишкадаи илмӣ-тадқиқотии илмҳои тиббии Россия дар шаҳри Санкт-Петербург, Донишгоҳи якуми тиббии ба номи академик И.П. Павлови шаҳри Санкт-Петербург, Академияи тиббии Ижевск ва Донишгоҳи миллии Қазоқистон ба номи С.Д. Асфандиёров робитаҳои илмӣ-педагогӣ ба роҳ мондааст.
Чунин ҳамкориҳо барои мубодилаи таҷриба, такмили донишҳои мутахассисон, рушди таҳқиқоти муштарак ва омода намудани насли нави олимон аҳамияти калон доранд.
Роҳе, ки идома дорад
Агар ба таърихи беш аз ҳаштодсолаи кафедраи физиологияи патологӣ назар андозем, пеши назар роҳи пурпечутоб, вале пуршарафи як мактаби илмӣ намудор мегардад. Ин роҳ аз профессор Г.В. Пешковский оғоз шуда, бо фаъолияти Я.С. Андросов, И.А. Ойвин, Е.П. Смоличев, И.И. Арав, Ю.И. Иброгимов, С.Г. Топорова, М.Ф. Шаҳобова, М.С. Табаров, З. Тоштемирова ва имрӯз бо роҳбарии Қурбонбекова Парвина Қамчибековна идома дорад.
Ҳар яке аз ин олимон дар таърихи кафедра саҳифаи хоси худро навиштаанд. Яке поя гузошт, дигаре онро таҳким бахшид, саввумӣ доираи таҳқиқотро васеъ кард ва насли дигар ин анъанаро ба шароити нави илмӣ мутобиқ намуд.
Мактаби илмӣ маҳз ҳамин аст на танҳо маҷмӯи номҳо ва санаҳо, балки пайванди наслҳо, идомаи андеша, интиқоли таҷриба ва масъулияти илмӣ дар назди оянда.
Имрӯз, дар остонаи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба роҳи тайкардаи мактаби илмии физиологияи патологӣ назар кардан маънои арҷ гузоштан ба заҳмати чандин насли олимонро дорад. Зеро ҳар як дастоварди илмӣ, ҳар як рисолаи ҳимояшуда, ҳар як китобу дастури таълимӣ ва ҳар як мутахассиси тарбияёфта дар бунёди илми тибби миллӣ саҳми худро гузоштааст.
Кафедраи физиологияи патологӣ аз нахустин рӯзҳои таъсисёбии Донишкадаи давлатии тиббии Тоҷикистон то имрӯз роҳи бузурги илмӣ ва таърихиро тай намудааст. Ин роҳ бо номи олимони маъруф, бо заҳмати омӯзгорон, бо ҷустуҷӯҳои муҳаққиқон ва бо фаъолияти насли ҷавони илмӣ пайванд дорад.
Имрӯз вазифаи насли нав идома додани ҳамин роҳи пурифтихор аст. Зеро илм вақте зинда мемонад, ки таҷрибаи гузашта ба андешаи имрӯз пайванд хӯрад ва барои фардо чароғи роҳ гардад.
Мактаби илмии физиологияи патологӣ маҳз чунин чароғест мактабе, ки беш аз ҳашт даҳсола дар рушди илми тиб, таҳкими таҳсилоти олии тиббӣ ва омода намудани кадрҳои илмӣ саҳм гузошта, имрӯз низ роҳи худро бо итминон ба сӯи фардо идома медиҳад.
Қурбонбекова П. Қ.-мудири кафедраи физиологияи патологӣ