МАҚОМИ ШОҲНОМА

МАҚОМИ ШОҲНОМА

«Шоҳнома» яке аз асари ҳакими бузург Абулқосим Фирдавсӣ мебошад. Дар ин китоб шоир Фирдавсии бузург зиёда аз 30-соли умри худро сарф кардааст, ки тақрибан 60 ҳазор байтро дар бар мегирад ва аз таърихи қадимаи мардуми форсу тоҷик нақл мекунад. Дар ин китоб сухан дар бораи подшоҳону паҳлавонон аз ҷумла Рустам, Сиёвуш, Исфандиёр, Кова ва дигарон меравад. Ин қаҳрамонон дар ин асар ҳамчун рамзи далерӣ, ростқавлию ватандӯстиро инъикос менамоянд.

Асоси маънии «Шоҳнома» муборизаи некӣ бар зидди бадӣ аст.

«Шоҳнома» - асари таърихӣ бошад ҳам ҳамчун мактаби ахлоқу тарбия низ мебошад. «Шоҳнома» ифтихори миллати тоҷик буда, ҳеҷвақт аҳамияташро гум намекунад. Омӯзиши ин асари тарбиявӣ ба ҳар як ҷавон хеле муҳим аст. Ин асар аз се давра иборат аст:

1.     давраи асотирӣ

2.     давраи паҳлавонӣ

3.     давраи таърихӣ

Дар қисми асотирӣ фақат дар бораи шоҳҳони аввалин – Ҳушанг, Каюмарс, Таҳмурас, Ҷамшед қисса карда мешавад, ки хусусиятҳои ривоятӣ дорад. Дар байни қиссаҳои «Шоҳнома» аз ҳама қиссаи ғамангезаш ва таъсирбахшаш ин қиссаи Рустаму Суҳроб аст, ки муҳабати падару фарзанд ба фоҷиаи ноогоҳӣ ба анҷом мерасад.

Рустам паҳлавони Эрон бо духтари шоҳи Самангон Таҳмина издивоҷ карда, соҳиби писар мешаванд. Рустам номи фарзандро Суҳроб ниҳода, бо фармони шоҳ ба ҷанг меравад ва бозубанди худро ҳамчун нишона ба фарзандаш мемонад. Суҳроб ҷанговари бузург шуда, ба ҷустуҷӯи падар ва баҳри сарнагун кардани шоҳ ва таҳти идораи хонадони худ даровардани мулки Эрон ва Теҳрон меравад. Шоҳи Теҳрон Афросиёб бо роҳи фиреб Суҳробро ба ҷанги Рустам мефиристад. Ҳангоми набард Рустам надонист, ки дар муқобилаш фарзандаш аст ва ба Суҳроб зарбаи марговар мерасонад. Ҳангоми марг Суҳроб падарро ба ёд меорад ва Рустам дар дасти ӯ бозубандро дида, мефаҳмад ки фарзанди худро куштааст. Ин қисса нишонаи фоҷиаи хатогӣ ва барнагардандаи тақдир мебошад.

Қисмати таърихии он бештар аз воқеаҳои воқеии таърих инъикосгар аст. Ҷавонон аз ин китоб метавонанд дарси ҷасорат, сабр, вафодорӣ, меҳру муҳаббат ва вастандӯстиро омӯзанд.

«Шоҳнома» то ҳануз дар тамоми ҷаҳон хондаю таҳқиқ карда шудааст . Имсол яке аз хотираҳои таърихии сол дар кишвар аст, ки бо фармони Президенти кишварамон Пешвои Миллат Эмомалӣ Раҳмон ба тамоми хонадони тоҷику тоҷикистониҳо ба тариқи тӯҳфа дастрас гардонида шуд то, инки мо тоҷикон асари ниёгони худро пос дошта аз кӣ будану гузаштагони мо ки буданд, дониста бошем!

 

 

Гадоева М. А., Икромова Ҷ. Н.-асистентони кафедраи анатомияи патологӣ                                                                                 

 


17.03.2026 213

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php