МАҲФИЛИ АДАБӢ БА ИСТИҚБОЛИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ

МАҲФИЛИ АДАБӢ БА ИСТИҚБОЛИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ

Дар кафедраи физиологияи патологӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳфили адабӣ таҳти унвони «Аҳамияти “Шоҳнома”-и Ҳаким Фирдавсӣ дар таҳкими худшиносии миллӣ» бо шукуҳу шаҳомати хоса баргузор гардид.

Чорабинӣ бо рамзи эҳтиром ба арзишҳои миллӣ аз садо додани Суруди миллӣ оғоз ёфт. Сипас, мудири кафедра Қурбонбенкова П.Қ. суханронӣ намуда, аз аҳамияти таърихӣ ва фарҳангии осори Абулқосим Фирдавсӣ, бахусус китоби безаволи ӯ - Шоҳнома ёдовар шуданд. Қайд гардид, ки “Шоҳнома” на танҳо як шоҳкори адабӣ, балки омили муҳими бедорсозии ҳисси ватандӯстӣ ва худшиносии миллӣ ба шумор меравад.

Дар идомаи маҳфил донишҷӯён порчаҳои шеъриро аз достонҳои “Шоҳнома” бо маҳорати баланд қироат намуда, инчунин саҳначаи ахлоқиро аз қиссаҳои машҳури ин асари гаронбаҳо пешкаши ҳозирин гардониданд. Намоишҳои саҳнавӣ бо мазмуну муҳтавои тарбиявӣ таваҷҷуҳи иштирокдоронро ба худ ҷалб карда, арзишҳои ахлоқӣ ва инсондӯстиро таблиғ намуданд.

Маҳфили мазкур дар рӯҳияи ватандӯстӣ, арҷгузорӣ ба мероси ниёгон ва таҳкими худшиносии миллӣ баргузор гардида, барои иштирокдорон таассуроти нек ба ҷой гузошт.


04.05.2026 4

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php