МАҲФИЛ БАХШИДА БА РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Санаи 12 ноябри соли равон дар толори лексионии кафедраи биология бо асосҳои генетика ба номи Бердиев Н.Б. ба муносибати таҷлили 16-ноябр-Рузи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷониби садорати факултети тиббӣ маҳфил-вохурӣ гузаронида шуд. Дар маҳфил декани факултети тиббӣ д.и.т, профессор Саидзода Б.И. ва муовинони декан бо донишҷуёни курси 1-ум ширкат варзиданд. Дар оғози маҳфил декани факултет дар бораи саҳми беандозаи Асосгузори Сулҳу Ваҳдати Миллӣ, Пешвои Миллат муҳтарам Эмомали Раҳмон суханронӣ намуданд.
Дар баромади худ зикр намуданд, ки дар баробари соҳибистиқлол гаштан халқу миллати моро роҳбаре насиб гашт, ки бо кирдору амалҳои некаш тавонист мардуми парешонгаштаи тоҷикро муттаҳид сохта, дар кишвар сулҳу ваҳдатро пойдор ва ба ҷанги бемантиқи шаҳрвандӣ хотима бахшад. Рӯзи 16 ноябр тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» рӯзи Президент муайян карда шудааст, ки мо ҳамасола рӯзи 16-уми ноябрро ҳамчун “Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” ҷашн мегирем.
Инчунин, муовини декан оид ба тарбия Маъсумаи Абдулмумин маърузаи худро дар мавзуи “Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пирузии сулҳу ваҳдат” ироа намуданд. Дар маърузаи худ қайд карданд, ки мо ҷавонон бояд дар атрофи Пешвои ваҳдатофар, Пешвои сулҳпарвару сулҳовар, Пешвои созандаву бунёдкор муттаҳид буда, сиёсати пешгирифтаашонро, ки ба рушду нумуи кишвар равона шудааст, ҷонибдорӣ ва пайравӣ намоем. Ҳамчунин фазои сулҳу суботи кишварро чун гавҳараки чашм ҳимоя намуда, хизматҳои шоистаи Пешвои миллатро гиромӣ доштаву сиёсати оқилона, хирадмандона ва дурандешонаи Президенти кишварро ҷонибдорӣ ва роҳи интихобнамудаи халқи тоҷикро ҳифз намоем.
САДОРАТИ ФАКУЛТЕТИ ТИББӢ