ЛЕКСИЯИ ПРОФЕССОР ВЛАСОВ Т.Д. ДАР МАВЗУИ «ПАТОФИЗИОЛОГИЯИ ХУНИ СУРХ»

ЛЕКСИЯИ ПРОФЕССОР ВЛАСОВ Т.Д. ДАР МАВЗУИ «ПАТОФИЗИОЛОГИЯИ ХУНИ СУРХ»

29 октябри соли 2026 дар доираи рушди ҳамкориҳои таълимӣ ва илмию амалӣ дар толори «Сино»-и Муассисаи давлатии «Пажӯҳишгоҳи тибби бунёдӣ»-и назди Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино» бо иштироки профессори фахрии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино, мудири кафедраи физиологияи патологӣ бо курси физиологияи патологии клиникии Донишгоҳи якуми давлатии тиббии Санкт-Петербург ба номи академик И.П. Павлови Вазорати тандурустии Федератсияи Россия, доктори илмҳои тиб, профессор Власов Тимур Дмитриевич лексияи намунавӣ баргузор гардид. Чорабинии мазкур бо ташаббуси директори Пажӯҳишгоҳи тибби бунёдӣ, доктори илмҳои тиб, профессори кафедраи физиологияи патологӣ Табарён Б.С. ташкил карда шуд.

Солҳои охир ҳамкориҳои байни муассисаҳои таҳсилоти олии мазкур пайваста густариш ёфта, самтҳои гуногуни фаъолияти таълимӣ ва илмиро фаро мегиранд.

Дар лексия на танҳо кормандони кафедраи физиологияи патологӣ, балки омӯзгорони кафедраҳои анатомияи патологӣ, фармакология ва донишҷӯёни курси сеюми факултети тиббӣ низ иштирок намуданд.

Профессор Власов Т.Д. лексияро дар мавзуи «Патофизиологияи хуни сурх» дар сатҳи баланди илмию методӣ пешниҳод намуда, аҳаммияти омӯзиши масъалаи камхунӣ (анемия) ва сабабҳои асосии пайдоиши онро шарҳу тавзеҳ дод. Дар ҷараёни лексия таснифоти намудҳои камхунӣ, механизмҳои пайдоиш ва инкишофи онҳо, инчунин тағйироти хоси нишондиҳандаҳои хуни канорӣ ба таври муфассал баррасӣ гардиданд.

Таваҷҷуҳи махсус ба ихтилоли эритропоэз, талафоти хун, афзоиши вайроншавии эритроситҳо ва нақши гипоксия дар пайдоиши ихтилолҳои фаъолияти узвҳо ва системаҳои организм равона карда шуд. Ҳангоми лексия профессор вобаста ба аксуламалҳои ҷубронии организм дар ҳолатҳои камхунӣ ба донишҷӯён саволҳо пешниҳод намуда, онҳоро ба иштироки фаъолона дар муҳокима ва таҳлили масъалаҳои илмӣ ҷалб кард.

Дар фарҷоми лексия принсипҳои аз нигоҳи патогенез асоснокшудаи пешгирӣ ва табобати намудҳои гуногуни камхунӣ дар заминаи тибби далелнок шарҳ дода шуданд.

Кафедраи физиологияи патологӣ


29.10.2026 2

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php