Курсҳои омӯзишии омода кардани омӯзгорону муҳассилини донишгоҳ барои ташхису табобати беморон давом дода шуда истодааст
Роҳбарият, ҳайати профессорону омӯзгорон ва муҳассилини донишгоҳ бо дарки масъулият, бо мақсади расонидани кумак ба соҳаи тандурустии ҷумҳурӣ дар баргузории чорабиниҳои зиддиэпидемикӣ, пешгирикунанда нисбати коронавируси COVID-19 ва ташхису табобати беморон саҳмгузории ҳамаҷонибаро давом дода, пайваста суҳбатҳои фаҳмондадиҳию маълумотӣ ва таблиғотиро бо тақсим кардани варақаҳои маълумотӣ дар байни аҳолии шаҳри Душанбе ва тавассути ВАО давом дода, ҳамаи мудирону ҳайати профессорону омӯзгорони кафедраҳои клиникӣ барои табобати беморон дар ҳамаи беморхонаҳои шаҳри Душанбе фаъолона иштирок карда истодаанд. Мутахассисони донишгоҳ – мудирону ҳайати профессорону омӯзгорони кафедраҳои бемориҳои сироятӣ, бемориҳои сироятии кӯдакон, микробиология, иммунология ва вирусология, эпидемиология, беҳдошт ва экология, беҳдошти муҳити зист, анестезиология ва реаниматология, бемориҳои дарунӣ дар ҳамкорӣ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри омода кардани табибон барои табобати беморон дар беморхонаҳо корҳои машваратии шабонарӯзона гузаронида, ба оҳолии ҷумҳурӣ тариқи онлайн машваратҳо дода истодаанд.
Инчунин, бо супориши ректори донишгоҳ д.и.т., профессор Гулзода М.Қ. аз 19 то 22-юми майи соли 2020 мутахаасисони донишгоҳ, мудири кафедраи бемориҳои сирояти кӯдакона н.и.т., дотсент Саидмуродова Г.М., мудири кафедраи эпидемиология д.и.т., профессор Одинаев Н.С., мудири кафедраи бемориҳои дарунии №3 д.и.т., профессор Мустафоқулова Н.И. барои омода кардани боз 30 нафар табибон, аз ҳисоби омӯзгорон, ординаторони клиникӣ, аспирантон, магистрҳо, интернаҳо оид ба пешгирӣ, ташхис, табобати бемории сироятии коронавируси COVID-19, оризаҳои он, аз ҷумла пневмонити коронавирусӣ ва қоидаҳои худмуҳофизатию истифодаи дурусти либосҳою маводҳои худмуҳофизатӣ, курсҳои кутоҳмуддати омӯзишӣ (семинар-тренингҳо) гузарониданд.
Семинар-тренингҳо аз рӯи тавсияҳои Созмони умумуҷаҳонии тандурустӣ (ВОЗ) ва “Протоколи клиникии муваққатии пешгирӣ, ташхис ва табобати бемории сирояти короновирусии нави COVID-19 дар байни кӯдакон”, “Дастурамали муваққатӣ оид ба муоина, ташхис ва табобати бемории сироятии коронавирусӣ - COVID-2019” барои табибон, ки аз ҷониби мутахассисони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мутахассисони кафедраҳои донишгоҳ таҳия ва бо фармоиши Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардидааст, гузаронида шуданд.
Табибони омодагашта, ҳангоми зарурият, ба беморхонаҳои шаҳри Душанбе барои табобати беморон фиристода мешаванд.
Хадамоти ректори ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино.
22.05.2020
618