КОРРУПСИЯ ДАР ТИБ - ЗАХМЕ БАР ПАЙКАРИ ҶОМЕА
Тиб аз ҷумлаи соҳаҳоест, ки арзиши фаъолияти он на танҳо бо натиҷаҳои касбӣ, балки бо муносибати инсонӣ, масъулияти ахлоқӣ ва эҳтиром ба ҳуқуқи бемор муайян мегардад. Дар ин муҳит ҳар як қарор метавонад ба сарнавишти инсон таъсир расонад. Аз ин рӯ, роҳ ёфтани коррупсия ба низоми тандурустӣ танҳо вайрон кардани талаботи қонун нест, балки халалдор сохтани меъёрҳои адолат дар муносибатҳои байни табиб, бемор ва ҷомеа мебошад. Хатари асосии ин падида дар он зоҳир мегардад, ки манфиати шахсӣ тадриҷан ҷойи масъулияти касбиро гирифта, ҳадафи аслии хизматрасонии тиббиро тағйир медиҳад.
Яке аз паҳлуҳои камтар мавриди таваҷҷуҳ қарордоштаи коррупсия дар тиб таъсири он ба фарҳанги қабули қарорҳои касбӣ мебошад. Вақте муносибатҳои ғайрирасмии молиявӣ ба фаъолияти муассисаи тиббӣ роҳ меёбанд, эҳтимоли он ба вуҷуд меояд, ки интихоби усули ташхис, пешниҳоди хизматрасонӣ ё муайян намудани навбати беморон на ҳамеша аз рӯйи зарурати тиббӣ сурат гирад. Дар чунин шароит ҳатто имкониятҳои мавҷудаи муассиса метавонанд самаранок истифода нашаванд. Ин ҳолат нишон медиҳад, ки коррупсия танҳо мушкилоти муносибати ду нафар нест, балки метавонад ба тарзи идоракунӣ ва сифати фаъолияти тамоми муассиса таъсир расонад.
Ҷанбаи дигари масъала ба тақсимоти одилонаи имкониятҳои тиббӣ алоқаманд аст. Дар ҷомеае, ки дастрасӣ ба баъзе хизматрасониҳо аз пардохтҳои ғайриқонунӣ вобаста мегардад, шаҳрвандон дар мавқеи нобаробар қарор мегиранд. Шахсе, ки имконияти молиявии бештар дорад, метавонад аз имтиёзҳои ғайрирасмӣ истифода барад, дар ҳоле ки шахси камбизоат бо маҳдудиятҳои иловагӣ рӯ ба рӯ мешавад. Ҳамин тавр, коррупсия нобаробарии иқтисодиро ба нобаробарӣ дар дастрасӣ ба ҳифзи саломатӣ табдил медиҳад. Оқибати чунин раванд метавонад аз доираи як муассисаи тиббӣ берун рафта, ба вазъи иҷтимоии аҳолӣ таъсири манфӣ расонад.
Масъалаи муҳимми дигар таъсири коррупсия ба ташаккули ҷаҳонбинии мутахассисони ҷавон мебошад. Донишҷӯёни муассисаҳои таълимии тиббӣ дар баробари аз худ кардани донишҳои назариявӣ ва малакаҳои амалӣ, аз муҳити касбии атроф низ таҷриба меомузанд. Агар онҳо дар фаъолияти ҳаррӯза муносибатҳои носолимро мушоҳида намоянд, эҳтимоли ҳамчун ҳолати муқаррарӣ қабул кардани чунин рафтор вуҷуд дорад. Аз ин лиҳоз, мубориза бо коррупсия бояд аз муҳити таълимӣ оғоз ёфта, дар тамоми марҳилаҳои омодасозии кадрҳои тиббӣ идома ёбад. Тарбияи мутахассиси поквиҷдон танҳо бо омузиши қонун маҳдуд намешавад, он ташаккули қобилияти мустақилона қабул намудани қарорҳои дурусти ахлоқиро низ талаб мекунад.
Дар баробари ин, бояд ба робитаи коррупсия ва эътимоди ҷамъиятӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуд. Бемор ҳангоми муроҷиат ба муассисаи тиббӣ на танҳо ба таҷҳизот ва доруворӣ, балки ба беғаразии хулосаи мутахассис низ такя мекунад. Агар дар зеҳни ӯ шубҳа пайдо шавад, ки тавсияи тиббӣ метавонад бо манфиати молиявии касе алоқаманд бошад, муносибати ӯ ба табобат тағйир меёбад. Чунин беэътимодӣ метавонад боиси дер муроҷиат кардан ба табиб, сарфи маблағҳои зиёдатӣ ё худсарона интихоб намудани роҳҳои табобат гардад. Бинобар ин, ҳифзи эътимоди беморон бояд яке аз нишондиҳандаҳои муҳими фаъолияти солими муассисаҳои тандурустӣ бошад.
Пешгирии коррупсия дар соҳаи тиб муносибати фарогирро тақозо менамояд. Танҳо ошкор намудани қонуншиканӣ барои бартараф кардани заминаҳои он кофӣ нест. Зарур аст, ки тартиби пешниҳоди хизматрасониҳо, муайян намудани арзиши онҳо, тақсимоти захираҳо ва баррасии муроҷиатҳои шаҳрвандон то ҳадди имкон шаффоф бошад. Истифодаи технологияҳои рақамӣ, низоми электронии навбатгирӣ, назорати дохилӣ ва механизмҳои муассири ҳимояи ҳуқуқи беморон метавонад имконияти дахолати ғайриқонуниро маҳдуд намояд. Ҳамзамон, масъулияти роҳбарони муассисаҳо дар ташкили муҳити кории одилона бояд тақвият ёбад.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муқовимат ба коррупсия яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлатӣ ба ҳисоб рафта, татбиқи талаботи қонунгузорӣ дар ин самт аз ҳар як корманди соҳаи тандурустӣ масъулияти баланд талаб менамояд. Аммо натиҷаи устувор замоне ба даст меояд, ки риояи қонун ба эътиқоди шахсӣ ва меъёри доимии фаъолияти касбӣ табдил ёбад.
Коррупсия дар тиб захмест, ки таъсири он танҳо дар ҳисоботи молиявӣ ё парвандаҳои ҳуқуқӣ инъикос намегардад. Он метавонад ба сифати табобат, муносибатҳои инсонӣ, тарбияи кадрҳо ва эҳсоси адолат дар ҷомеа осеб расонад. Шифои чунин захм аз поксозии муҳити касбӣ, таҳкими масъулияти шахсӣ ва барқарор намудани афзалияти манфиати бемор оғоз меёбад. Зеро дар низоми воқеан солими тандурустӣ меъёри асосии муносибат ба инсон бояд ниёзи ӯ ба кумаки тиббӣ бошад, на имконияти пардохти маблағи ғайриқонунӣ.
ШУЪБАИ ИТТТИЛООТ ВА РОБИТА БО ҶОМЕА