КОРРУПСИЯ ДАР ТАНДУРУСТӢ - ХИЁНАТ БА САЛОМАТИИ ҶОМЕА
Коррупсия яке аз зуҳуроти номатлуб ва хатарноки ҷомеаи муосир ба шумор рафта, ба рушди устувори давлат, таҳкими адолати иҷтимоӣ, волоияти қонун ва эътимоди шаҳрвандон ба ниҳодҳои давлатӣ таъсири манфӣ мерасонад. Ин падида дар ҳар соҳае, ки зуҳур мекунад, оқибатҳои ногувор ба бор меорад, аммо дар соҳаи тандурустӣ хатари он дучанд аст. Зеро агар коррупсия дар дигар бахшҳо бештар ба манфиатҳои иқтисодию иҷтимоӣ зарар расонад, дар низоми тандурустӣ он метавонад бевосита ба саломатӣ, ҳаёт ва сарнавишти инсон таҳдид намояд. Аз ин рӯ, коррупсия дар соҳаи тандурустиро метавон на танҳо ҷинояти иқтисодӣ ё ҳуқуқӣ, балки хиёнат ба эътимоди мардум, арзишҳои инсонӣ ва саломатии ҷомеа арзёбӣ намуд.
Саломатии инсон арзиши олӣ ва сарвати бебаҳои ҷомеа мебошад. Ҳифзи он вазифаи муқаддаси давлат ва масъулияти касбии ҳар як корманди соҳаи тандурустӣ ба ҳисоб меравад. Табиб бо савганди касбии худ уҳдадор мегардад, ки ҳаёту саломатии инсонро аз ҳама гуна манфиатҳои шахсӣ боло гузорад. Маҳз ҳамин рисолати инсонпарварона касби табибиро дар ҷомеа соҳибэҳтиром гардонидааст. Аммо вақте муносибатҳои ғайриқонунӣ, тамаъҷӯӣ, ришваситонӣ ва сӯиистифода аз мансаб ба ин соҳаи ҳаётан муҳим роҳ меёбанд, пеш аз ҳама, моҳияти инсондӯстонаи касби тиббӣ осеб мебинад.
Коррупсия дар тандурустӣ метавонад дар шаклҳои гуногун, аз ҷумла талаб намудани маблағҳои ғайриқонунӣ барои хизматрасонии тиббӣ, истифодаи нодурусти маблағҳои буҷетӣ, хариди ғайришаффофи доруворӣ ва таҷҳизот, муносибати нобаробар ба беморон, инчунин сӯиистифода аз ваколатҳои хизматӣ зуҳур намояд. Ҳар яке аз ин амалҳо на танҳо меъёрҳои ҳуқуқиро вайрон мекунад, балки метавонад ба сифати хизматрасонии тиббӣ таъсири ҷиддӣ расонад. Дар чунин шароит шаҳрвандон, махсусан қишрҳои осебпазири ҷомеа, метавонанд дар дастрасӣ ба ёрии саривақтӣ ва босифати тиббӣ ба мушкилот рӯ ба рӯ гарданд.
Бояд таъкид намуд, ки фаъолияти аксарияти кулли табибон ва кормандони соҳаи тандурустӣ ба арзишҳои баланди ахлоқӣ, садоқат ба касб ва хизмати софдилона ба мардум асос ёфтааст. Ҳазорон нафар кормандони тиб шабонарӯзӣ барои наҷоти ҷони инсонҳо талош мекунанд. Аз ин рӯ, амалҳои ғайриқонунии шахсони алоҳида набояд ба обрӯю эътибори тамоми ҷомеаи тиббӣ таъсири манфӣ расонанд. Баръакс, муборизаи қатъӣ бо коррупсия пеш аз ҳама ба ҳифзи шаъну шараф, эътибор ва мақоми иҷтимоии кормандони поквиҷдони соҳаи тандурустӣ равона гардидааст.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муқовимат ба коррупсия яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлатӣ маҳсуб меёбад. Қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, татбиқи барномаҳои давлатӣ ва амалисозии «Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» аз таваҷҷуҳи пайваста ба пешгирӣ ва бартараф намудани ин зуҳуроти номатлуб шаҳодат медиҳад. Аммо таҷриба нишон медиҳад, ки мубориза бо коррупсия танҳо тавассути чораҳои ҳуқуқӣ ва ҷазодиҳӣ натиҷаи дилхоҳ намедиҳад. Барои решакан намудани он, пеш аз ҳама, ташаккули фарҳанги зиддикоррупсионӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, таҳкими масъулияти шаҳрвандӣ ва тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи поквиҷдонӣ зарур мебошад.
Дар ин раванд нақши муассисаҳои таҳсилоти олии тиббӣ басо муҳим аст. Зеро маҳз дар донишгоҳҳои тиббӣ мутахассисони оянда тарбия меёбанд, ки фардо ҳифзи саломатии ҷомеа ба зиммаи онҳо гузошта мешавад. Донишҷӯи тиб бояд ҳанӯз аз рӯзҳои аввали таҳсил дарк намояд, ки дипломи табибӣ танҳо ҳуҷҷати тасдиқкунандаи дониш нест, балки рамзи масъулияти бузург дар назди инсон ва ҷомеа мебошад. Мутахассисе, ки бо роҳи ғайриқонунӣ баҳо мегирад, аз омузиши амиқи донишҳои касбӣ саркашӣ мекунад ё манфиати шахсиро аз арзишҳои ахлоқӣ боло мегузорад, наметавонад дар оянда рисолати табибиро ба таври шоиста иҷро намояд. Бинобар ин, пешгирии коррупсия дар низоми таҳсилоти тиббӣ заминаи муҳими таъмини амнияти саломатии ҷомеа мебошад.
Дар баробари роҳбарияти муассисаҳои таълимӣ ва сохторҳои дахлдор, иттифоқҳои касаба низ дар пешгирии коррупсия ва таҳкими муҳити солими меҳнатӣ нақши назаррас доранд. Иттифоқи касаба ҳамчун ниҳоди ҳимоякунандаи ҳуқуқу манфиатҳои иҷтимоию меҳнатии кормандон вазифадор аст, ки ба риояи адолати иҷтимоӣ, шаффофияти муносибатҳои меҳнатӣ, ҳифзи ҳуқуқи кормандон ва ташаккули фазои ҳамдигарфаҳмӣ мусоидат намояд.
Аз нигоҳи фаъолияти иттифоқи касаба, пешгирии коррупсия бо таъмини ҳуқуқҳои меҳнатӣ ва иҷтимоии кормандон робитаи зич дорад. Муҳити корие, ки дар он принсипҳои адолат, баробарӣ, шаффофият ва эҳтироми ҳуқуқи инсон риоя мешаванд, барои коҳиш додани хавфҳои коррупсионӣ заминаи мусоид фароҳам меорад. Аз ин лиҳоз, дастгирии иҷтимоии кормандон, ҳимояи манфиатҳои қонунии онҳо, таъмини муносибати одилона ва баррасии саривақтии муроҷиатҳо аз самтҳои муҳими фаъолияти иттифоқҳои касаба ба шумор мераванд.
Мо, ҳамчун намояндагони иттифоқи касабаи кормандони Донишгоҳ, бар он назарем, ки муқовимат ба коррупсия бояд ба ҷузъи ҷудонашавандаи фарҳанги касбӣ ва масъулияти шаҳрвандии ҳар як корманд табдил ёбад. Ҳайати профессорону омузгорон, кормандони маъмурию хоҷагӣ ва донишҷӯён бояд дар ташаккули муҳити солими ахлоқӣ, таҳкими интизоми меҳнат ва пешгирии ҳама гуна амалҳои ғайриқонунӣ саҳмгузор бошанд. Дар ин самт гузаронидани суҳбату вохӯриҳои маърифатӣ, баланд бардоштани савияи донишҳои ҳуқуқӣ, тарғиби арзишҳои поквиҷдонӣ ва ташаккули муносибати оштинопазир нисбат ба коррупсия аҳамияти махсус дорад.
Мубориза бо коррупсия, пеш аз ҳама, мубориза барои адолат, шаъну шарафи инсон ва ояндаи солими миллат мебошад. Ҳар як корманди соҳаи тандурустӣ бояд дарк намояд, ки эътимоди бемор сарвати маънавиест, ки онро бо ягон маблағ иваз кардан имкон надорад. Табибе, ки бо виҷдони пок, дониши мукаммал ва эҳсоси баланди масъулият ба мардум хизмат мекунад, на танҳо саломатии инсонҳоро ҳифз менамояд, балки ба таҳкими эътимоди ҷомеа ба давлат ва низоми тандурустӣ мусоидат мекунад.
Имрӯз зарур аст, ки дар ҷомеа андешаи «коррупсия кори дигарон аст» ҷойи худро ба мавқеи устувори «пешгирии коррупсия масъулияти ҳар яки мост» диҳад. Бетафовутӣ нисбат ба қонуншиканӣ, пинҳон намудани амалҳои ғайриқонунӣ ва муносибати мусолиҳакорона ба зуҳуроти коррупсионӣ метавонад барои густариши он шароит фароҳам оварад. Баръакс, мавқеи устувори шаҳрвандӣ, риояи қонун, шаффофияти фаъолият ва масъулияти касбӣ метавонанд садди боэътимод дар роҳи ин падида гарданд.
Хулоса, коррупсия дар соҳаи тандурустӣ танҳо масъалаи риоя накардани қонун нест, балки таҳдид ба яке аз муқаддастарин арзишҳои инсонӣ ҳаёт ва саломатӣ мебошад. Ҷомеае, ки барои ҳифзи саломатии шаҳрвандонаш талош мекунад, набояд нисбат ба чунин зуҳуроти номатлуб бетараф бошад. Вазифаи ҳар яки мост, ки бо меҳнати ҳалол, рафтори намунавӣ, эҳтироми қонун ва садоқат ба рисолати касбӣ дар ташаккули низоми тандурустии шаффоф, одилона ва аз коррупсия орӣ саҳм гузорем.
Зеро ҳифзи тандурустӣ ҳифзи ҳаёти инсон аст ва мубориза бо коррупсия дар ин соҳа, пеш аз ҳама, мубориза барои саломатии миллат, эътимоди мардум ва ояндаи давлат мебошад.
Одинаев И. С.-Раиси Кумитаи иттифоқҳои касабаи кормандони Донишгоҳ