КОРИ БАХШҲОИ КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМӢ-АМАЛИИ ОЛИМОНИ ҶАВОН ВА ДОНИШҶӮЁН БО ИШТИРОКИ НАМОЯНДАГОНИ ХОРИҶӢ ДАР МАВЗУИ “РУШД ВА ҲАМГИРОӢ: ДАСТОВАРДҲОИ ИЛМӢ ДАР АМАЛИЯИ КЛИНИКӢ”
Дар доираи кори Конференсияи илмӣ-амалии олимони ҷавон ва донишҷӯён бо иштироки намояндагони хориҷӣ дар мавзуи “Рушд ва ҳамгироӣ: дастовардҳои илмӣ дар амалияи клиникӣ” 19 бахш бо роҳбарии олимону табибони ҷавони ватаниву хориҷӣ гузаронида шуд. Дар симпозиумҳо мавзуъҳои муҳими соҳаи тиб, аз ҷумла, масъалаҳои мубрами ҷарроҳӣ, онкология, акушерства ва гинекология, масъалаҳои мубрами ҷарроҳии дилу рагҳо, ҷарроҳии ластикӣ, травматология ва нейроҷарроҳӣ, роҳҳои табобати бемориҳои дарунӣ, масъалаҳои мубрами педиатрия, масъалаҳои стоматология, оториноларингологя ва офталмология, нақши илмҳои илмҳои фундаменталӣ дар рушди илмҳои тиб, масъалаҳои мубрами тандурустии ҷамъиятӣ, рушди илмҳои дақиқ ва гуманитарӣ дар кишвар мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуданд.
ШУЪБАИ ИТТИЛООТ ВА РОБИТА БО ҶОМЕАИ
ХАДАМОТИ РЕКТОРИ ДОНИШГОҲ