КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН -ПОЯИ УСТУВОРИ ДАВЛАТДОРӢ, КАФИЛИ СУЛҲУ ВАҲДАТ ВА ҲУҚУҚУ ОЗОДИҲОИ ИНСОН
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз муҳимтарин дастовардҳои таърихии халқи тоҷик дар роҳи бунёди давлати соҳибистиқлол, ҳуқуқбунёд, демократӣ ва дунявӣ ба ҳисоб рафта, ҳамчун санади олии ҳуқуқӣ заминаи устувори давлатдорӣ, кафили сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мебошад. Қабули Конститутсия дар марҳилаи ниҳоят ҳассоси таърихи навини Тоҷикистон рӯйдоди тақдирсозе буд, ки самти минбаъдаи рушди давлат ва ҷомеаро муайян намуда, барои ташаккули низоми нави сиёсӣ, ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ заминаи воқеӣ гузошт. Ин санади сарнавиштсоз на танҳо ифодагари иродаи сиёсии мардуми Тоҷикистон, балки таҷассумгари ормонҳои таърихӣ, арзишҳои миллӣ ва талошҳои чандиннасли халқи тоҷик барои соҳибдавлатӣ ва зиндагии осоишта мебошад.
9 сентябри соли 1991 Ҷумҳурии Тоҷикистон Истиқлоли давлатии худро эълон намуд. Аммо истиқлолият танҳо бо эълони соҳибихтиёрӣ маҳдуд намегардад. Барои таҳкими воқеии он зарурати таъсиси низоми мукаммали давлатдорӣ, муайян намудани асосҳои сохтори конститутсионӣ, ташаккули мақомоти давлатӣ, танзими муносибатҳои ҷамъиятӣ ва кафолати ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ба миён омад. Дар чунин шароити мураккаби сиёсиву иҷтимоӣ қабули Конститутсияи нав аҳаммияти ҳаётан муҳим касб кард. Маҳз 6 ноябри соли 1994 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардид, ки ин рӯйдод дар таърихи давлатдории тоҷикон саҳифаи нав боз намуд.
Аҳаммияти таърихии қабули Конститутсия пеш аз ҳама дар он ифода меёбад, ки он дар шароити ниҳоят душвори сиёсӣ, буҳрони шадиди иҷтимоӣ ва оқибатҳои фоҷиабори ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ба тасвиб расид. Дар он давра, ки ҷомеа ба сулҳу субот, ҳамдигарфаҳмӣ ва барқарорсозии сохти давлатдорӣ ниёз дошт, қабули Қонуни асосӣ ҳамчун қадами муҳим дар роҳи барқарор намудани эътимоди мардум ба давлат ва муайян кардани дурнамои рушди кишвар хизмат намуд. Ин санад барои муттаҳид сохтани ҷомеа дар атрофи арзишҳои умумимиллӣ ва ташаккули фазои ягонаи ҳуқуқӣ замина гузошт.
Дар ин раванд нақши таърихии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ, таъмини сулҳу субот ва ташаккули низоми муосири конститутсионӣ басо бузург мебошад. Бо дарки масъулияти бузурги таърихӣ ва тақозои замон, роҳбарияти олии кишвар роҳи барқарорсозии сулҳу оромӣ, таҳкими ваҳдати миллӣ ва бунёди давлати ҳуқуқбунёдро пеш гирифт. Маҳз бо иродаи қавии сиёсӣ, талошҳои пайгирона ва сиёсати созандаи роҳбарияти давлат Тоҷикистон тавонист аз марҳилаи мураккаби таърихӣ гузашта, ба сӯи суботи сиёсӣ ва рушди устувор қадам гузорад. Имрӯз Конститутсия ҳамчун такягоҳи ҳуқуқии ин дастовардҳо ва кафили идомаи роҳи созандагии кишвар хизмат менамояд.
Яке аз арзишҳои асосии Конститутсия дар он ифода меёбад, ки инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯро арзиши олӣ эътироф мекунад. Ин меъёри конститутсионӣ моҳияти инсонмеҳварии сиёсати давлатро таҷассум намуда, масъулияти мақомоти давлатӣ ва тамоми сохторҳои ҷомеаро дар назди шаҳрвандон муайян месозад. Ҳуқуқ ба зиндагӣ, озодӣ, дахлнопазирии шахсӣ, таҳсил, меҳнат, ҳифзи саломатӣ, иштирок дар ҳаёти сиёсӣ ва иҷтимоӣ, озодии сухан ва виҷдон аз ҷумлаи ҳуқуқҳое мебошанд, ки Конститутсия онҳоро кафолат медиҳад. Муҳим он аст, ки ин ҳуқуқҳо на танҳо дар сатҳи эъломия боқӣ монда, балки тавассути қонунгузории амалкунанда, фаъолияти мақомоти давлатӣ ва сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ татбиқ карда шаванд.
Давлати ҳуқуқбунёд пеш аз ҳама давлатест, ки дар он волоияти қонун таъмин гардида, фаъолияти тамоми мақомоти давлатӣ ва шаҳрвандон ба талаботи Конститутсия ва қонунҳо асос меёбад. Дар чунин давлат ҳеҷ кас аз доираи масъулияти ҳуқуқӣ берун буда наметавонад ва риояи қонун барои ҳар як фарди ҷомеа вазифаи шаҳрвандӣ ба шумор меравад. Аз ин рӯ, эҳтиром ба Конститутсия танҳо масъулияти мақомоти давлатӣ нест, балки уҳдадории ҳар як шаҳрванди кишвар мебошад. Ҷомеае, ки дар он эҳтиром ба қонун, адолат ва масъулияти шаҳрвандӣ ҷойгоҳи устувор дорад, метавонад ба пешрафти воқеӣ ва зиндагии шоиста ноил гардад.
Конститутсия ҳамзамон заминаи ҳуқуқии ҳифзи соҳибихтиёрӣ, истиқлолият ва тамомияти арзии Тоҷикистон мебошад. Дар шароити мураккаби ҷаҳони муосир, ки равандҳои геополитикӣ, низоъҳои минтақавӣ, рақобатҳои иқтисодӣ ва таҳдидҳои гуногуни иттилоотӣ ба амнияти давлатҳо таъсир мерасонанд, ҳифзи арзишҳои конститутсионӣ аҳаммияти дучанд пайдо мекунад. Истиқлолияти давлатӣ, суботи сиёсӣ ва амнияти миллӣ арзишҳое мебошанд, ки ҳифзи онҳо аз ҳар як шаҳрванди ватандӯст масъулияти баланд талаб менамояд. Танҳо дар фазои сулҳу субот ва эҳтироми меъёрҳои ҳуқуқӣ рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва илмию маърифатии ҷомеа имконпазир мегардад.
Дар баробари ин, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таҳкими ваҳдати миллӣ ва ҳамдигарфаҳмии ҷомеа нақши муҳим дорад. Таҷрибаи таърихии Тоҷикистон собит намуд, ки сулҳ ва субот арзишҳои бебаҳо буда, ҳифзи онҳо аз ҳар гуна манфиатҳои гурӯҳӣ ва шахсӣ болотар меистад. Ваҳдати миллӣ ҳамчун омили асосии пойдории давлатдорӣ маҳз дар заминаи эҳтироми манфиатҳои умумимиллӣ, таҳаммулпазирӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва риояи қонун таҳким меёбад. Конститутсия барои ҳамзистии осоиштаи намояндагони қишрҳо ва гурӯҳҳои гуногуни ҷомеа заминаи ҳуқуқӣ фароҳам оварда, принсипҳои баробарӣ ва адолатро муқаррар менамояд.
Тағйироту иловаҳое, ки дар солҳои минбаъда ба Конститутсия ворид карда шуданд, ба мутобиқ намудани низоми ҳуқуқии кишвар ба талаботи замон ва таҳкими минбаъдаи пояҳои давлатдорӣ равона гардиданд. Ин раванд нишон медиҳад, ки Конститутсия дар баробари нигоҳ доштани арзишҳои бунёдии худ, бо назардошти тағйироти ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар ҳамчун заминаи рушди минбаъдаи ҷомеа хизмат мекунад.
Дар шароити имрӯза масъалаи баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ, бахусус ҷавонон, аҳаммияти махсус дорад. Ҷавонон ҳамчун неруи пешбарандаи ҷомеа бояд на танҳо аз ҳуқуқу озодиҳои конститутсионии худ огоҳ бошанд, балки масъулияти иҷрои уҳдадориҳои шаҳрвандӣ ва эҳтироми арзишҳои давлатдории миллиро низ дарк намоянд. Донистани Конститутсия, эҳтироми рамзҳои давлатӣ, арҷгузорӣ ба истиқлолият, ҳифзи забони давлатӣ ва фарҳанги миллӣ, инчунин саҳмгузорӣ дар ободонии Ватан бояд ҷузъи ҷудонашавандаи ҷаҳонбинӣ ва тарбияи насли наврасу ҷавон бошад.
Дар ин замина муассисаҳои таълимӣ, донишгоҳҳо ва марказҳои илмӣ бояд дар тарбияи ҳуқуқӣ ва ватандӯстии ҷавонон нақши фаъол дошта бошанд. Омузиши амиқи Конститутсия, ташкили вохӯриҳои маърифатӣ, мизҳои мудаввар, конференсияҳо ва дигар чорабиниҳои илмӣ-фарҳангӣ ба баланд бардоштани сатҳи донишҳои ҳуқуқӣ ва ташаккули мавқеи фаъоли шаҳрвандии донишҷӯён мусоидат менамояд. Зеро шаҳрванди огоҳу масъулиятшинос, ки арзишҳои конститутсиониро эҳтиром мекунад, метавонад дар ҳифзи сулҳу субот, муқовимат ба зуҳуроти номатлуби ҷомеа ва пешрафти давлат саҳми муносиб гузорад.
Имрӯз, дар шароите ки ҷаҳони муосир бо падидаҳои хатарзое чун терроризм, экстремизм, ифротгароии сиёсиву динӣ, тафриқаандозӣ ва паҳншавии иттилооти бардурӯғ рӯ ба рӯ мебошад, ҳифзи фазои ҳуқуқӣ ва маънавии ҷомеа вазифаи муҳимми ҳар як шаҳрванди кишвар аст. Муқовимат ба чунин зуҳурот бояд пеш аз ҳама дар заминаи баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, таҳкими тафаккури интиқодӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ ва риояи қатъии қонун сурат гирад. Ҷомеаи солим ҷомеаест, ки дар он ҳар як шахс манфиатҳои миллӣ, суботи сиёсӣ ва ояндаи давлатро аз манфиатҳои маҳдуди гурӯҳӣ боло мегузорад.
Мавқеи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ низ бо таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ, суботи сиёсӣ ва рушди муносибатҳои ҳуқуқӣ робитаи ногусастанӣ дорад. Конститутсия принсипҳои асосии сиёсати хориҷии кишварро муайян намуда, барои рушди муносибатҳои дӯстона ва ҳамкориҳои судманд бо давлатҳои ҷаҳон заминаи ҳуқуқӣ фароҳам меорад. Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибистиқлол дар ҳалли масъалаҳои глобалӣ, бахусус масъалаҳои марбут ба сулҳу амният, обу иқлим ва рушди устувор, мавқеи фаъол дорад. Ин ҳама гувоҳи он аст, ки давлатдории муосири тоҷикон бар пояи арзишҳои миллӣ ва принсипҳои эътирофшудаи ҳуқуқи байналмилалӣ рушд мекунад.
Дар такя ба маълумотҳои болоӣ хулоса кардан мумкин асст, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон на танҳо санади олии ҳуқуқӣ, балки рамзи истиқлолият, соҳибихтиёрӣ, ваҳдати миллӣ ва худшиносии давлатдории тоҷикон мебошад. Он ҳамчун пояи устувори низоми сиёсиву ҳуқуқии кишвар кафили ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, таъмини сулҳу субот ва рушди минбаъдаи ҷомеа ба шумор меравад. Арҷ гузоштан ба Конститутсия маънои эҳтиром ба таърихи давлатдорӣ, ҳифзи дастовардҳои истиқлолият ва масъулият дар назди наслҳои имрӯзу ояндаро дорад. Аз ин рӯ, вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон аст, ки меъёрҳои онро риоя намуда, дар таҳкими қонуният, ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ ва ободии Ватани азиз саҳми арзандаи худро гузорад. Зеро танҳо дар фазои эҳтиром ба Конститутсия, волоияти қонун ва ҳамбастагии ҷомеа метавон давлати соҳибистиқлолро боз ҳам неруманд гардонида, барои наслҳои оянда Тоҷикистони пешрафта, ободу осоишта ва сарбаландро ба мерос гузошт.
Қозидавлатзода Б. Қ.-номзади илмҳои тиб, дотсент, мудири кафедраи акушерӣ ва гинекологии № 2