КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН — КАФИЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТ, ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ВА РУШДИ ДАВЛАТДОРӢ

КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН — КАФИЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТ, ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ВА РУШДИ ДАВЛАТДОРӢ

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз муҳимтарин дастовардҳои таърихии халқи тоҷик дар даврони соҳибистиқлолӣ ба ҳисоб меравад. Қабули он 6 ноябри соли 1994 дар ҳаёти сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва иҷтимоии мамлакат рӯйдоди сарнавиштсоз гардид. Ин санади олии ҳуқуқӣ роҳи минбаъдаи инкишофи давлат, сохтори сиёсӣ, низоми ҳуқуқӣ ва самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии кишварро муайян намуд. Конститутсия ҳамчун пояи асосии давлатдории миллӣ барои таҳкими истиқлолияти давлатӣ, ҳифзи манфиатҳои миллӣ, таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, инчунин ташаккули ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ заминаи боэътимод фароҳам овард.

Конститутсия ҳамчун қонуни асосии давлат дорои аҳамияти бузурги сиёсӣ, иҷтимоӣ ва ҳуқуқӣ мебошад. Дар он ҳуқуқ ва озодиҳои инсон арзиши олӣ эътироф гардида, баробарии шаҳрвандон дар назди қонун, озодии сухан, виҷдон, таҳсил ва дигар ҳуқуқҳои асосӣ кафолат дода шудаанд.

Яке аз вазифаҳои муҳими Конститутсия таъмини волоияти қонун ва таҳкими низоми ҳуқуқии давлат мебошад. Ҳеҷ як қонун ё санади меъёрии ҳуқуқӣ набояд ба меъёрҳои Конститутсия мухолифат намояд.

Дар баробари ин, Конститутсия барои рушди соҳаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва маориф заминаи ҳуқуқӣ фароҳам меорад. Таъмини ҳуқуқ ба таҳсил, ҳифзи саломатӣ, меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии шаҳрвандон аз ҷумлаи самтҳои муҳими сиёсати давлатӣ мебошанд.

Ҳифз ва эҳтироми Конститутсия вазифаи ҳар як шаҳрванди кишвар аст. Донистани ҳуқуқу уҳдадориҳои конститутсионӣ, риояи қонунҳо, эҳтироми арзишҳои миллӣ ва саҳм гузоштан дар рушди ҷомеа нишонаи баланди масъулияти шаҳрвандӣ мебошад.

Хулоса, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон на танҳо санади олии ҳуқуқӣ, балки рамзи истиқлолият, ваҳдати миллӣ, сулҳу субот ва ояндаи дурахшони давлату миллат мебошад. Эҳтиром ва риояи он вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.

Рахмонбекова Н.С., ассистенти бехдошти мухити зист 
04.11.2026 3

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php