КОНСТИТУТСИЯ САНАДИ САРНАВИШТСОЗ
6 ноябр дар таърихи давлатдории навини тоҷикон яке аз санаҳои муҳим ва тақдирсоз мебошад. Маҳз дар ҳамин рӯз, соли 1994, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардид. Соли 2026 мардуми Тоҷикистон 32-солагии қабули ин санади бунёдии давлатдориро ҷашн мегиранд. Конститутсия ҳамчун Қонуни асосии давлат ифодагари иродаи халқ, муайянкунандаи асосҳои сохтори давлатӣ ва кафолати ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мебошад. Он барои таҳкими истиқлолият, ташаккули низоми ҳуқуқӣ ва муайян намудани самтҳои асосии рушди ҷомеа замина фароҳам овард.
Таҳияи Конститутсияи нави Тоҷикистон бо дигаргуниҳои сиёсиву ҳуқуқии охири асри ХХ робитаи зич дошт. Қабули Эъломияи истиқлолияти Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон 24 августи соли 1990 аз қадамҳои муҳим дар роҳи таҷдиди асосҳои ҳуқуқии давлатдорӣ буд. Дар он давра Тоҷикистон ҳанӯз ба ҳайати Иттиҳоди Шӯравӣ дохил мешуд ва масъалаи таҳияи Конститутсияи нав дар шароити дигаргуниҳои низоми иттифоқӣ баррасӣ мегардид. Бо эълони истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 9 сентябри соли 1991 зарурати қабули Конститутсияе ба миён омад, ки мақоми давлати мустақил, сохтори ҳокимият ва муносибатҳои нави ҷамъиятиро инъикос намояд. Аз ин рӯ, таҳияи Қонуни асосии нав ба яке аз масъалаҳои муҳими давлатдорӣ табдил ёфт. 3 январи соли 1992 ба ҳайати комиссияи конститутсионӣ тағйирот ворид карда шуд. Лоиҳаи таҳиягардида моҳи апрели ҳамон сол ба Шӯрои Олӣ пешниҳод ва 22 апрел ба муҳокимаи умумихалқӣ тавсия гардид. Аммо оғози ҷанги шаҳрвандӣ барои идомаи муназзами муҳокима ва такмили лоиҳа монеа эҷод намуд. Соли 1993 фаъолияти комиссияи конститутсионӣ таҳти роҳбарии Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон марҳалаи нав гирифт. Дар ҷаласаи комиссия, ки 4 сентябри ҳамон сол баргузор гардид, масъалаҳои идомаи таҳияи лоиҳа баррасӣ ва гурӯҳҳои корӣ ташкил карда шуданд. Моҳи апрели соли 1994 ду варианти лоиҳа — бо шаклҳои идораи президентӣ ва парлумонӣ пешниҳод гардид. Пас аз баррасӣ варианти пешбиникунандаи ҷумҳурии президентӣ маъқул дониста шуд. Лоиҳаи Конститутсия 21–22 апрели соли 1994 дар матбуоти расмӣ нашр гардида, ба муҳокимаи умумихалқӣ гузошта шуд. Дар ҷараёни муҳокима пешниҳодҳои шаҳрвандон ва мутахассисон мавриди омӯзиш қарор гирифтанд. Сипас, дар иҷлосияи нуздаҳуми Шӯрои Олӣ, ки 21–22 июли соли 1994 баргузор гардид, лоиҳа баррасӣ ва барои қабули он тавассути раъйпурсӣ қарор қабул карда шуд.
Раъйпурсӣ дар аввал барои 25 сентябри соли 1994 пешбинӣ шуда буд. Бо қарори иҷлосияи бистуми Шӯрои Олӣ аз 7 сентябри соли 1994 санаи баргузории он ба 6 ноябри ҳамон сол гузаронида шуд. 6 ноябри соли 1994 дар раъйпурсии умумихалқӣ 94,4 фоизи шаҳрвандони дорои ҳуқуқи иштирок дар он ширкат варзиданд. Аз иштирокдорон 87,59 фоиз ба тарафдории қабули Конститутсия овоз доданд. Ҳамин тариқ, Қонуни асосии давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон бо иродаи бевоситаи халқ қабул гардид. Қабули Конститутсия дар ҳаёти Тоҷикистон рӯйдоди муҳими таърихӣ, сиёсӣ ва ҳуқуқӣ буд. Дар он асосҳои давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона, инчунин хусусияти иҷтимоии давлат муқаррар гардиданд. Ин меъёрҳо барои ташаккули давлатдории навин ва муайян намудани муносибатҳои байни давлат, ҷомеа ва шахс замина гузоштанд. Яке аз дастовардҳои муҳими Конститутсия таҳкими ҷойгоҳи инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ дар низоми арзишҳои давлатдорӣ мебошад. Конститутсия барои ҳимояи шахсият ва муайян намудани масъулияти давлат дар назди инсон асоси ҳуқуқӣ фароҳам меорад. Аз ин рӯ, аҳамияти он танҳо ба сохтор ва фаъолияти мақомоти давлатӣ маҳдуд намешавад, балки ба зиндагии ҳар як шаҳрванд дахл дорад.
Конститутсия эътибори олии ҳуқуқӣ дорад ва меъёрҳои он мустақиман амал мекунанд. Ин хусусият мавқеи меҳварии онро дар низоми ҳуқуқии кишвар муайян менамояд. Татбиқи пайгиронаи меъёрҳои конститутсионӣ бошад, аз фаъолияти масъулонаи мақомоти давлатӣ, сатҳи маърифати ҳуқуқӣ ва иштироки огоҳонаи шаҳрвандон вобаста аст. Дар давраи амали Конститутсия ба он се маротиба 26 сентябри соли 1999, 22 июни соли 2003 ва 22 майи соли 2016 тавассути раъйпурсии умумихалқӣ тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд. Ин раванд марҳалаҳои такмили сохтори конститутсионӣ ва мутобиқ намудани муқаррароти онро ба таҳаввулоти ҳаёти давлату ҷомеа инъикос менамояд.
Арзиши Конститутсия дар он низ зоҳир мегардад, ки барои рушди қонунгузорӣ, танзими муносибатҳои ҷамъиятӣ ва ҳимояи манфиатҳои қонунии шаҳрвандон замина фароҳам меорад. Пойдории чунин низом риояи қонун, масъулиятшиносӣ ва эҳтироми ҳуқуқи дигаронро тақозо мекунад. Эҳтиром ба Конститутсия бояд дар фаъолияти ҳаррӯзаи шаҳрвандон таҷассум ёбад. Донистани ҳуқуқу вазифаҳо, риояи қонун, муносибати одилона ба дигарон ва саҳмгузорӣ дар ободии кишвар нишонаҳои муҳими фарҳанги ҳуқуқӣ мебошанд. Дар ин самт муассисаҳои таълимӣ ва омӯзгорон масъулияти махсус доранд. Омӯзиши Конститутсия, баргузории суҳбатҳои маърифатӣ ва баррасии масъалаҳои ҳуқуқӣ ба ташаккули худшиносӣ ва масъулияти шаҳрвандии ҷавонон мусоидат мекунанд. Муҳим аст, ки донишҷӯён робитаи меъёрҳои ҳуқуқиро бо зиндагӣ ва фаъолияти ояндаи касбии худ дарк намоянд. Барои кормандони соҳаи тиб эҳтироми шаъну шарафи инсон, муносибати масъулона ба бемор ва риояи ахлоқи касбӣ аҳамияти хоса доранд. Аз ин рӯ, тарбияи мутахассисони оянда бояд дар баробари омӯзиши донишҳои касбӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва ҳисси масъулиятро низ фаро гирад. Конститутсия барои имрӯзу фардои давлату миллат роҳнамо мебошад. Ҷашни 32-солагии он фурсатест барои арҷгузорӣ ба истиқлолият, таҳкими ваҳдати миллӣ ва андешидан дар бораи саҳми ҳар яки мо дар рушди Тоҷикистон. Бо меҳнати софдилона, эҳтироми қонун ва масъулиятшиносӣ метавонем дар бунёди ҷомеаи одилона ва ояндаи ободи Ватан саҳми арзанда гузорем.
Кафедраи ташхиси клиникии озмоишгоҳӣ