КОНСТИТУТСИЯ -РАМЗИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ ВА КАФИЛИ ҲУҚУҚУ ОЗОДИҲОИ ИНСОН
Дар Маркази таълимӣ, илмӣ-клиникии «Стоматология»-и Донишгоҳ бо ташаббуси роҳбарияти марказ ва кафедраҳои стоматологӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии маърифатӣ-сиёсӣ баргузор гардид.
Чорабинӣ бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз ёфта, фазои тантанавии он ба эҳтиром ва арҷгузорӣ ба яке аз муқаддасоти муҳими давлатдорӣ - Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шуд.
Дар оғози чорабинӣ директори Маркази таълимӣ, илмӣ-клиникии «Стоматология» Шарипов Х. С. иштирокдоронро ба муносибати ин санаи муҳими таърихӣ самимона табрик намуда, таъкид карданд, ки Конститутсия ҳамчун санади олии ҳуқуқӣ заминаи устувори ташаккули давлатдории миллӣ, таъмини волоияти қонун, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, инчунин таҳкими сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ мебошад.
Сипас, мудирони кафедраҳои стоматологияи муолиҷавӣ Ёраков Ф. М., стоматологияи ортопедӣ Зарипов А. Р. ва стоматологияи кӯдакона ва ортодонтия Абдураҳмонов А. З. бо маърӯзаҳои пурмуҳтаво баромад намуда, оид ба аҳаммияти таърихию сиёсии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, нақши он дар таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ, рушди ҷомеаи ҳуқуқбунёд ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон андешаронӣ карданд.
Зикр гардид, ки эҳтиром ба Конститутсия ва риояи меъёрҳои он вазифаи шаҳрвандии ҳар як фарди ҷомеа буда, дар ин раванд саҳми муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, аз ҷумла муассисаҳои таълимии соҳаи тиб, дар тарбияи мутахассисони соҳибмаърифат, масъулиятшинос ва дорои ҳисси баланди ватандӯстӣ муҳим арзёбӣ мегардад.
Дар фарҷоми чорабинӣ иштирокдорон доир ба масъалаҳои марбут ба эҳтироми арзишҳои конститутсионӣ, баланд бардоштани маърифати сиёсиву ҳуқуқӣ ва нақши ҷавонон дар ҳифзу таҳкими дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ мубодилаи афкор намуданд.
Чунин чорабиниҳои маърифатӣ дар самти тарбияи ватандӯстӣ, таҳкими худшиносии миллӣ ва баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандии кормандону донишҷӯён аҳаммияти муҳим доранд.
ШУЪБАИ ИТТИЛООТ ВА РОБИТА БО ҶОМЕА