КОНСТИТУТСИЯ - ПОЯИ УСТУВОРИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ

КОНСТИТУТСИЯ - ПОЯИ УСТУВОРИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ

Дар Маркази ташхису табобати Донишгоҳ бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии маърифатӣ-сиёсӣ баргузор гардид.

Чорабинӣ бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз ёфта, сипас иштирокдорон доир ба аҳаммияти таърихию сиёсии Конститутсия, нақши он дар ташаккули давлатдории миллӣ, таҳкими истиқлоли давлатӣ, таъмини волоияти қонун ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ибрози андеша намуданд.

Зимни баромадҳо таъкид гардид, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 6 ноябри соли 1994 бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардидааст, ҳамчун санади олии ҳуқуқӣ заминаи асосии фаъолияти низоми давлатдорӣ, кафили ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ва омили муҳими таҳкими сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва рушди ҷомеа ба шумор меравад.

Ҳамзамон, иштирокдорон доир ба зарурати эҳтиром ва риояи меъёрҳои Конститутсия, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии кормандон ва масъулияти ҳар як шаҳрванд дар назди давлату ҷомеа андешаҳои худро баён карданд.

Дар фарҷоми чорабинӣ таъкид гардид, ки эҳтиром ба Конститутсия ва риояи талаботи он вазифаи шаҳрвандии ҳар як фарди ҷомеа буда, омили муҳими ҳифзи арзишҳои миллӣ ва таҳкими пояҳои давлатдории соҳибистиқлоли Тоҷикистон мебошад.

Маркази ташхису табобат


06.11.2026 5

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php