КОНСТИТУТСИЯ ОМИЛИ РУШДИ ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ

КОНСТИТУТСИЯ ОМИЛИ РУШДИ ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ

Конститутсия ҳуҷҷати асосиест, ки фаъолияти тамоми сохтору мақомот, фаъолияти одамон ва рӯзгори онҳоро ба танзим медарорад. Он метавонад мавзӯйи баҳси тамоми соҳаҳо - ҳуқуқшиносӣ, иқтисодиёт, иҷтимоиёт, ҷомеашиносӣ, сиёсатшиносӣ ва забоншиносӣ бошад.

Ҳадаф аз мавриди таҳқиқи Конститутсия аз нуқтаи назари илми забоншиносӣ вожаҳои алоҳида ва ё ҷиҳати сарфию наҳвии он набуда, балки мавқеи Конститутсия дар дастовардҳо ва иқболи забони давлатӣ таҳти ҳимояи ин ҳуҷҷати сарнавиштсоз дар кишвари мо ба ҳисоб меравад.

Дар моддаи 1-и Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтор ва шакли идораи кишвар муайян карда шудааст.

Аммо дар моддаи 2-юми Конститутсия дар бораи мақоми забони давлатӣ, забони муошират ва забони муоширати халқу миллатҳои дигари сокини кишвар саҳеҳ ва мушаххас нишон дода шудааст: «Забони давлатии Тоҷикистон забони тоҷикӣ аст. Забони русӣ ҳамчун забони муоширати байни миллатҳо амал мекунад. Ҳамаи миллатҳо ва халқиятҳое, ки дар ҳудуди ҷумҳурӣ зиндагӣ мекунанд, ҳуқуқ доранд аз забони модариашон озодона истифода кунанд».

Қонуни мазкур аз он дарак медиҳад, ки забони тоҷикӣ - давлатӣ дар баробари дигар муқаддасоти миллӣ ва қонунҳои идоракунандаи кишвару давлат аз пояи баланде бархӯрдор аст, ки ҳатто дар интихоби Президент донистани забони миллии кишвар - забони тоҷикӣ омили муҳим ва асосӣ дониста мешавад, ки моддаи 65 Конститутсия шоҳиди гуфтаҳои мо мебошад: «Шахсе ба номзадии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шуда метавонад, ки танҳо шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дошта бошад, синни ӯ аз 30 кам набуда, дорои таҳсилоти олӣ бошад, забони давлатиро донад ва дар ҳудуди ҷумҳурӣ на камтар аз 10 соли охир истиқомат дошта бошад» ва моддаи мазкур дар таҳриру иловаи баъдина низ мақому манзалати забони тоҷикӣ - давлатиро кам накарда, айнан иқтибос шудааст.

Қонунҳои мазкур аз он дарак медиҳанд, ки онҳо пуштибони забони миллӣ - давлатӣ буда, баҳри рушду пешрафти он заминаи мусоид фароҳам меоранд. Ҳамин аст, ки ҳатто забони кории тамоми мақомоту идораҳои қудратӣ дар навбати аввал, забони давлатӣ таъйин шудааст ва моддаи 88-и Конститутсия далели ин гуфтаҳост: «Мурофиа ба забони давлатӣ ва ё забони аксарияти аҳолии маҳал баргузор мегардад».

Яъне аз ғавру баррасиҳои чанд моддае, ки дар онҳо забони тоҷикӣ - давлатӣ ҳамчун маҳак ва меъёри асосӣ номбар шудааст, чунин натиҷагирӣ кардан мумкин аст, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Президенти кишвар пуштибон ва ҳомии асосии забони давлатӣ мебошанд ва барои пешрафти он тамоми шароиту имкониятҳоро дар се самт фароҳам сохтаанд:

1.     Пешрафти забони давлатӣ-миллӣ

2.     Рушди забономӯзӣ.

3.     Рушду такомули истилоҳоти илмӣ.

1. Иқдоми таърихии қабули Қонуни ҶТ «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои инкишофи забони миллӣ заминаҳои хуби ҳуқуқиро фароҳам овард. Таҳияи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва ба имзо расидани он аз ҷониби Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар асоси Протоколи маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 октябри соли 2009, №11 дастурест барои корбурди забони миллӣ - давлатӣ бояд дар фаъолияти сиёсӣ, иҷтимоиву иқтисодӣ, қонунгузорӣ ва асноди дигари ҳуқуқиву коргузорӣ, илму фарҳанг, воситаҳои ахбори омма ва дигар воситаҳои робитаҳои замони муосир. Дар амал татбиқ намудани протоколи мазкур аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти назорати доимӣ қарор дорад. Тибқи Протокол назорати татбиқи Қонунро дар вазорату идораҳо ташкилоту корхонаҳо Прокуратураи генералӣ ва Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин менамоянд.

Имрӯзҳо забони давлатӣ дар хоки кишвари мо ба сифати омили муҳимтарин баҳамоии миллат ва халқиятҳо эътироф гардидаву дар замони Истиқлолият таҳти сиёсати хирадмандона бобати забони тоҷикӣ дубора эҳё ва ба мақоми таърихии худ - забони ҳукмрон истиқрор мешавад. Тағйир додани ақидаи ҷомеа нисбат ба арзишҳои забонӣ, пас аз ҳафтод соли дар ҳайати Иттиҳоди Шуравӣ будан, нишон додани қудрату имконоти воқеии забони тоҷикӣ дар робитаҳои дохиливу хориҷии таърихи давлатдории муосири тоҷикон аз ҷумлаи хидматҳои азими Сарвари давлат дар робита ба сиёсати давлатии забон ба ҳисоб меравад.

Арҷгузории нисбат ба забони миллӣ дар ҳама суханронӣ ва паёмҳои табрикотии Президенти кишвар ба муносибати «Рӯзи забон», Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26-уми июли соли 2007 дар бораи «Соли забони тоҷикӣ» эълон кардани соли 2008, Паёми табрикотии Сарвари давлат аз 22 июли соли 2005 ба муносибати шонздаҳумин солгарди «Рӯзи забон» оид ба волоияти мақоми забон ва поку бегазанд нигоҳ доштани он, забони тоҷикиро аз олитарин муқаддасоти миллӣ эълон доштан шоҳиди ифтихори милливу ватандорӣ буда, гувоҳи эҳтиром ба забони модарӣ ва меросу фарҳанги миллӣ дониста мешавад.

2. Президенти кишвар сиёсати давлатиро оид ба забонҳои ақаллиятҳои миллии сокинони ин сарзамин бо риояи меъёрҳои Конститутсияи ҶТ ҳамеша пайгирӣ ва амалинамоии ҳадафи мазкурро аз ҷумлаи вазифаҳои муҳимми муносибати миёни миллату халқиятҳо меҳисобад ва дар ҷумҳурӣ ба забонҳои ақаллиятҳои миллӣ барномаҳои радиову телевизон мавҷуд буда, ба аксари ин забонҳо рӯзномаву маҷаллаҳо нашр мешаванд.

Сарвари давлат зимни суханрониҳо на танҳо эҳтиром ва донистани забони миллӣ - давлатиро талқин менамояд, балки бо пайгирӣ аз сиёсати оқилона ва устувори заминаи илмидошта дар замони муосири робитаҳои Тоҷикистон бо кишварҳои дуру наздик омӯзиши забонҳои хориҷӣ, хусусан забонҳои русӣ ва англисиро мақсади асосии давлату Ҳукумати Тоҷикистон маънидод менамояд. Дар ин росто рӯзи 22 июли соли 1996 зимни суханронӣ ба муносибати «Рӯзи забон» нуктаи мазкурро бисёр муҳимму мубрам арзёбӣ намуданд: «Ба ин муносибат зарур медонам, ки мо бояд як барномаи давлатии мукаммали омӯзиши забони русӣ ва ба роҳ мондани таълими забони англисиро тартиб дода, ба он муваффақ шавем, ки насли ҷавонон на камтар аз ду-се забони хориҷиро донад». Ба мақсади азхудкунии забонҳои хориҷӣ дар миёни кишварҳои собиқи Иттиҳоди Шӯравӣ бори нахуст дар соли 2003 Фармони Президенти кишвар содир шуд ва бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Барномаи давлатии ташкил ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ барои солҳои 2004-2014» таҳия ва расман қабул гардид. Баъдан бо пайгирӣ аз масъалаи мазкур дар Паём ба Маҷлиси Олии ҶТ 20 апрели соли 2011 чунин таъкид фармуданд: «Зарур аст, ки дар ҳама зинаҳои таҳсилот ба омӯзиши забони давлатӣ таваҷҷуҳи аввалиндараҷа дода, дар баробари ин донистани ҳатмии ду забон ба хусус забонҳои русӣ ва англисиро ҷорӣ намоем».

Меъёри донистани чандин забон фақат талаботи ҷаҳони муосир барои рушди муносибатҳо нест, балки он дар як зумра мамолики шарқи қадим ба монанди Бобул, Элам, давлатдориҳои Ҳахоманишиҳо, Портҳо ва Сосониён ва баъдан Сомониён аз ҷумлаи фарҳанг ва маданияти аъёну ашрофон будааст.

Сиёсати забономӯзӣ, ки имрӯзҳо Президенти кишвар аз тамоми ҷавонону наврасон ва кормандони мақомоти идораҳои давлатӣ, хусусан аҳли илму фарҳанг тақозо менамояд, барои дастрасӣ доштан ба хабарҳои ҷаҳонӣ аз падидаҳои мусбат ва тақозои замони муосир арзёбӣ мегардад. Алҳол сафи ҷавононе, ки ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла забонҳои шарқӣ ва ғарбӣ саъй менамоянд, рӯз аз рӯз меафзояд, зеро дар кишвар барои омӯзиши забонҳо имкониятҳои фаровон фароҳам оварда шудааст ва ҳама аз баракати Истиқлолияти давлатӣ ва сиёсати миллии Президенти кишвар ва Ҳукумати ҶТ таҳти ҳимояи Конститутсия мебошад.

Аммо нуктаи асосие, ки махсусан қайд мешавад ин аст, ки омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар заминаи забони тоҷикӣ ва ё забони давлатӣ, дар асоси муқоисаи хусусияти овоӣ ва дастуриву луғавии забони тоҷикӣ ба роҳ монда шавад ва ин нукта зимни суханронии Сарвари давлат ба муносибати Рӯзи забон (22 июли соли 2008) таъкид мешавад. Ин раҳнамои Президенти муҳтарам талқин менамояд, то забонҳои хориҷӣ на дар заминаи забони бегона, ки он низ забони хориҷӣ ба ҳисоб меравад, балки бар пояи меъёрҳои забони модарӣ ва риояи меъёру хусусиятҳои он омӯхта шавад ва нуктаи мазкур аз ҷониби Президенти кишвар чунин қайд гардид: «Аз худ намудани забонҳои хориҷӣ ва дар баробари ин, беэътиноӣ зоҳир кардан ба омӯзиши забони модарии худ нишонаи бефарҳангӣ ва беэҳ­тиромӣ нисбат ба миллату Ватан, модар ва таъриху фарҳанги хеш аст ва пеш аз ҳама, падару модарон масъуланд, ки ба чунин амали нораво роҳ надиҳанд».

3. Масъалаи пешбурди илм ба забони давлатӣ ва ба забони илм табдил додани забони тоҷикӣ низ ҳамеша мавриди назари Ҳукумати кишвар таҳти роҳбарии Президенти он мебошад. Ба мақсади мазкур 21 июли соли 2009 дар Паёми табрикотӣ ба муносибати «Рӯзи забон» Президенти кишвар бо овардани далелу бурҳонҳои раднопазири илмӣ ва амалӣ бобати рушду густариши забони давлатӣ ва танзими истилоҳоти илмӣ дар соҳати донишҳои мухталиф ва технологияи замонавӣ, татбиқи ва риояи ҳатмии «Қонуни забон» дар ҷумҳурӣ зарурати таъсис додани сохтори наверо таҳти унвони Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати ҶТ-ро пешниҳод намуд.

Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси дастури барномавии Президенти кишвар 28 марти соли 2011 бо ҷалби олимони соҳоти мухталиф ба мақсади ба низом даровардани истилоҳоти соҳаҳои гуногун Шӯрои ҳамгунсозии истилоҳот таъсис дод, ки имрӯзҳо дар се бахш дар ҳайати 123 - нафар донишмандон фаъолият мекунанд. Аз оғози таъсис то ҳол фаъолияти Шӯро дар қисмати баррасӣ ва танзими истилоҳот мусбат баҳогузорӣ мешавад.

Хизматҳои бесобиқа ва таърихӣ, заҳматҳои беандозаи Президенти кишвар дар роҳи бедорӣ ва ифтихор аз миллат ва забони миллӣ, ба сифати як тоҷик ва пуштибону ҳомии воқеии забони миллӣ ва забони давлатӣ сазовори ҳар гуна таҳсин ва қадрдониҳост. Аз ҷумла қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 647 оид ба "Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030", ки рӯзи 28-уми ноябри соли 2020 тасдиқ гардид. Зимни он таъкид мешавад, ки Барнома ҳадаф, вазифа, самтҳои асосӣ, усулҳои татбиқ ва натиҷаҳои ниҳоии амалисозии сиёсати давлатиро оид ба забон муайян менамояд.

Бо дарназардошти он ки забони тоҷикӣ ҳамчун забони сиёсату қонунгузорӣ ва муоширату коргузорӣ дар ҳама соҳаи ҳаёти мамлакат истифода мешавад, омӯзишу донистани он барои ҳар як сокини ҷумҳурӣ зарур аст. Бо ин мақсад, ҳоло вақти он фаро расидааст, ки ҳар як вазорату идора, ташкилоту муассиса, новобаста ба шакли ташкилию ҳуқуқӣ, дар татбиқи кору вазифаҳо, ки дар «Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030» тасдиқ гардидаанд, сидқан саҳм гузошта, дар амалисозии он кӯшиш ба харҷ диҳад. Зеро иҷрои барнома қадами қатъӣ дар рушду густариши минбаъдаи забони давлатӣ ба ҳисоб меравад».

Низомӣ С.Ф., Раҳимов Т.Ф.,

кафедраи забони тоҷикӣ


04.11.2026 3

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php