КОНСТИТУТСИЯ -БАХТНОМАИ МИЛЛАТ

КОНСТИТУТСИЯ -БАХТНОМАИ МИЛЛАТ

3 ноябри соли 2026 дар кафедраи тибби оилавии Донишгоҳ бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Конститутсия - бахтномаи миллат» чорабинии тарбиявию фарҳангӣ баргузор гардид.

Дар чорабинӣ донишҷӯёни гурӯҳҳои 1 ва 2-и курси шашуми факултети педиатрӣ бо роҳбарии дотсенти кафедра, номзади илмҳои тиб Ҷалолзода М.Ҷ. ва муаллими калони кафедра Мукарамова Д.А. иштирок намуданд.

Зимни чорабинӣ донишҷӯ Ҳасанзода Ситора бо истифода аз рӯнамо (презентатсия) дар бораи таърихи қабул, аҳаммияти сиёсиву ҳуқуқӣ ва нақши Конститутсия дар таҳкими давлатдории миллӣ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, таъмини сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ маърӯза намуд. Ҳамзамон, масъалаҳои эҳтиром ба Қонуни асосӣ, риояи меъёрҳои қонунгузорӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии ҷавонон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Дар фарҷоми чорабинӣ мудири кафедраи тибби оилавӣ, номзади илмҳои тиб, дотсент Ёдгорова М.Ҷ. баромад намуда, ҳозиринро ба муносибати Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик гуфт. Мавсуф таъкид кард, ки Конститутсия ҳамчун санади олии ҳуқуқӣ заминаи устувори давлатдорӣ, кафили ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ва омили муҳими таҳкими сулҳу ваҳдати миллӣ ба шумор меравад. Ҳамчунин, донишҷӯёнро ба омӯзиши амиқи Қонуни асосӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ ва иҷрои масъулиятҳои шаҳрвандӣ даъват намуд.

Чорабинӣ дар фазои тантанавӣ ва рӯҳияи баланди ватандӯстӣ баргузор гардида, барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, худшиносии миллӣ ва ҳисси масъулиятшиносии шаҳрвандии донишҷӯён мусоидат намуд.

Кафедраи тибби оилавӣ


04.11.2026 1

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php