КОНСТИТУТСИЯ -БАХТНОМАИ МИЛЛАТ

КОНСТИТУТСИЯ -БАХТНОМАИ МИЛЛАТ

Дар таърихи ҳар як миллату давлат рӯйдодҳое ҳастанд, ки аҳамияти онҳо аз доираи як воқеаи сиёсӣ ё ҳуқуқӣ амиқтар рафта, ба сарнавишти минбаъдаи давлат ва ҷомеа таъсир мегузоранд. Қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумлаи чунин рӯйдодҳои сарнавиштсоз мебошад. Зеро он на танҳо санади олии ҳуқуқӣ, балки таҷассумгари иродаи халқ, ормонҳои таърихӣ, арзишҳои миллӣ ва интихоби огоҳонаи ҷомеа дар муайян намудани роҳи рушди давлатдории хеш аст. Мафҳуми «Конститутсия - бахтномаи миллат» дорои мазмуни амиқи таърихӣ, сиёсӣ ва маънавӣ мебошад. Бахтномаи миллат будани ин санад дар он ифода меёбад, ки он барои ҳастии давлати миллӣ заминаи устувори ҳуқуқӣ фароҳам оварда, соҳибихтиёрӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, ваҳдати миллӣ, суботи сиёсӣ ва самтҳои асосии рушди ҷомеаро муайян менамояд. Ба ибораи дигар, Конститутсия ҳуҷҷатест, ки дар он на танҳо воқеияти имрӯзаи давлат, балки ормонҳо ва ҳадафҳои ояндаи миллат таҷассум ёфтаанд.

Барои миллати тоҷик ин маънӣ аҳамияти махсус дорад. Зеро Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол дар марҳилаи мураккаби таърихӣ қабул гардида, дар роҳи таҳкими Истиқлоли давлатӣ, ташаккули низоми нави давлатдорӣ ва муайян намудани самтҳои минбаъдаи рушди кишвар нақши сарнавиштсоз бозид. Маҳз, бо назардошти чунин рисолати таърихӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд: «Конститутсия ҳамчун бахтномаи миллат ва санади бунёдии сиёсӣ роҳи минбаъдаи пешрафту тараққиёти давлати озоду демократии моро муайян менамояд».

Андешаи мазкур моҳияти аслии ин қонунро ифода мекунад. Зеро Конститутсия дар баробари муқаррар намудани асосҳои ҳуқуқии давлат, роҳнамои зиндагии осоишта, созандагӣ ва пешрафти ҷомеа буда, пайванди устувори байни истиқлоли миллӣ, давлатдории муосир ва ояндаи миллатро таъмин менамояд.

Таърихи қабул кардани Конститутсия барои миллати тоҷик марҳилаҳои гуногуни сиёсиву ҳуқуқиро дар бар мегирад. Дар давраи Шӯравӣ дар Тоҷикистон панҷ маротиба Конститутсия қабул гардидааст, ки он ба солҳои 1929, 1931, 1935, 1937 ва 1978 рост омадааст. Ин санадҳо хусусиятҳои сохтори сиёсӣ ва иҷтимоии замони худро инъикос намуда, дар доираи низоми давлатдории собиқ Шӯравӣ амал мекарданд.

Баъди пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ Тоҷикистон бо ҷанги таҳмилии шаҳравандӣ рӯ ба рӯ гардид. Баъди талошҳои зиёди бесобиқаи Пешвои муаззами миллат Тоҷикистон дигарбора ба амнияту сулҳу субот баргашт. Бо ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ 9-уми сентябри соли 1991 дар ҳамин замина зарурати таҳияи Конститутсияи нав ба миён омад. Зеро давлати соҳибистиқлол бояд дорои асосҳои мустақили ҳуқуқӣ, низоми муайяни ташкили ҳокимияти давлатӣ ва принсипҳои нави муносибатҳои ҷамъиятӣ мебуд. Конститутсияҳои давраи Шӯравӣ дигар наметавонистанд, тамоми воқеият ва талаботи давлати мустақили Тоҷикистонро инъикос намоянд.

Дар он марҳилаи ҳассоси таърихӣ қабули Қонуни асосии нав танҳо як зарурати ҳуқуқӣ набуда, балки масъалаи муҳими сиёсӣ ва давлатдорӣ ба ҳисоб мерафт. Кишвар ба санаде ниёз дошт, ки истиқлолияти бадастомадаро аз лиҳози ҳуқуқӣ таҳким бахшида, заминаҳои бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявиро муайян намояд.

Маҳз, чунин заруратро дарк намуда, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Изҳороти сиёсии худ аз 28-уми декабри соли 1993 масъалаи таҳия ва қабули Конститутсияи навро ба миён гузошта, чунин таъкид карда буданд: «Имрӯз вақти он расидааст, ки мо дар роҳи бунёди давлати ҳуқуқбунёду демократӣ ва дунявӣ аз сухан ба амал гузарем. Бинобар ин, ман ҳамчун Сардори давлат изҳор мекунам, ки асоси эҷоди ин навъи давлатро Конститутсияи нави ҷумҳурӣ мегузорад. Дар ин бобат кори пурмаҳсул дар ҷараён аст ва моҳҳои наздик лоиҳаи Қонуни асосӣ пурра иншо мешавад. Бинобар ин, ман дар андешаи онам, ки бояд Шурои Олӣ лоиҳаи Қонуни асосии навро баррасӣ карда, барои муҳокимаи умумихалқӣ пешниҳод намояд. Баъд аз хатми муҳокима таҳрири ниҳоии лоиҳаи Конститутсия ва гузарондани раъйпурсии умумӣ он қабул шавад». Яъне метавон гуфт, ки моҳияти ин суханон дар он аст, ки Конститутсия ҳамчун заминаи бунёдии давлати навин баррасӣ мегардид. Мақсад танҳо таҳияи санади ҳуқуқии нав набуда, балки муайян намудани низоми давлатдорие буд, ки бар принсипҳои демократия, волоияти қонун ва эҳтироми ҳуқуқу озодиҳои инсон асос ёбад.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 6-уми ноябри соли 1994 тавассути раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардид. Ин рӯйдод дар таърихи давлатдории навини тоҷикон аҳаммияти фавқулода дошт, зеро халқ бевосита дар муайян намудани асосҳои ҳуқуқии давлатдории мустақили худ иштирок намуд.

Интихоби чунин тарзи қабул дар шароити мураккаби сиёсиву иҷтимоии солҳои аввали истиқлолият бесабаб набуд. Таҷрибаи талхи он давра зарурати қабули санади олии ҳуқуқиеро ба миён оварда буд, ки аз таъсири манфиатҳои гурӯҳӣ болотар қарор дошта, иродаи умумимиллиро ифода намояд. Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сабаби асосии интихоби чунин тарзи қабули Конститутсияро чунин шарҳ додаанд: «Конститутсия ба муҳокимаи васеи мардум пешниҳод гардид ва зарурати аз тариқи раъйпурсӣ қабул кардани он маъқул дониста шуд. Зеро таҷрибаи талхи солҳои навадум талаб мекард, ки Конститутсияро худи халқ қабул намояд. Дар он айём зери таъсири майдонҳо ва гурӯҳҳои ҷонибдори онҳо ба Конститутсия дар як рӯз чандин тағйирот, аз ҷумла тағйироти мухолифи ҳамдигар, ворид карда мешуданд ва онҳо дар маҷмуъ, ин санади олиро ба қонуни одӣ ва бозичаи дасти худ табдил дода буданд. Ин зарурат, инчунин, аз принсипи ба халқ тааллуқ доштани ҳокимияти давлатӣ ва ифодаи олии бевоситаи ҳокимияти халқ будани раъйпурсии умумихалқӣ сарчашма мегирад».

Истиқлоли давлатӣ бузургтарин дастоварди таърихии миллати тоҷик дар замони муосир мебошад. Он ба халқ имконият фароҳам овардааст, ки роҳи рушди сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии худро мустақилона муайян намояд. Аммо пойдории Истиқлол танҳо бо эълони соҳибихтиёрӣ таъмин намегардад. Барои он заминаҳои устувори ҳуқуқӣ ва сохтори муназзами давлатдорӣ заруранд. Конститутсия, маҳз, чунин заминаро фароҳам меорад. Он соҳибихтиёрии давлатро дар сатҳи олии ҳуқуқӣ мустаҳкам намуда, асосҳои сохтори давлатӣ, фаъолияти мақомоти ҳокимият ва муносибатҳои ҷамъиятиро муайян мекунад. Ба ин маънӣ, Конститутсия ифодагари ҳуқуқии Истиқлол ва яке аз муҳимтарин кафолатҳои пойдории давлатдорӣ мебошад. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин маврид, барҳақ, таъкид намудаанд: «Конститутсия нишонаи нахустин ва муҳитарини соҳибистиқлолии давлат буда, аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ, созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва давлатҳои дигар эътироф гардидани соҳибихтиёрии он аз ҳамин ҳуҷҷати тақдирсоз сарчашма мегирад».

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи навини давлатдории тоҷикон мақоми махсус дошта, он ҳамчун санади сарнавиштсоз дар таҳкими Истиқлоли давлатӣ, ташаккули низоми нави ҳуқуқӣ ва муайян намудани самтҳои рушди ҷомеа нақши бузург бозида истодааст. Он таҷассумгари иродаи халқ, ифодагари ормонҳои миллӣ ва заминаи ҳуқуқии бунёди давлати соҳибистиқлол мебошад. Моҳияти Конститутсия ҳамчун бахтномаи миллат, пеш аз ҳама, дар он зоҳир мегардад, ки он истиқлолиятро таҳким бахшида, ҳуқуқу озодиҳои инсонро ҳифз менамояд, суботи сиёсиро таъмин мекунад ва барои пешрафти ҷомеа заминаи мусоид фароҳам меорад. Ин санад, ҳамзамон, пайванди наслҳо буда, масъулияти муштараки давлат ва шаҳрвандонро дар ҳифзи арзишҳои миллӣ таҷассум менамояд. Барҳақ, шоири тоҷик Давлат Сафар гуфтааст:

Сад нома аз ин пеш агар буд маро,
Аз номаи бахт кай хабар буд маро?
Сад ояту даҳ сура аз ин сарқонун
Раднома ба чашми каҷназар буд маро.

Конститутсия, дар воқеъ, бахтномаи миллат аст, зеро дар он сарнавишти давлати соҳибистиқлол, ормонҳои таърихии халқ, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва роҳи пешрафти ҷомеа таҷассум ёфтаанд. Ҳифз ва гиромидошти ин санади тақдирсоз бошад, вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди ватандӯст ва масъулияти наслҳои имрӯзу фардои миллати тоҷик мебошад.

Асламзода Г.К.-сардори шуъбаи тарбия


31.10.2026 6

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php