КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМӢ ОИД БА МАҚОМ ВА НАҚШИ ЗАНОН ДАР 35-СОЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ

КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМӢ ОИД БА МАҚОМ ВА НАҚШИ ЗАНОН ДАР 35-СОЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ

Дар Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Мақом ва нақши занон дар 35 соли рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол: дастовардҳо, имкониятҳо ва дурнамо» конференсияи илмӣ баргузор гардид.

Дар конференсия намояндагони Кумитаи кор бо занон ва оила, олимону муҳаққиқон, коршиносон ва намояндагони муассисаҳои илмию таълимӣ иштирок намуданд. Зимни ҳамоиш дастовардҳои занон дар даврони соҳибистиқлолӣ, нақши онҳо дар рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар, илм, маориф ва тандурустӣ, инчунин масъалаҳои баланд бардоштани иштироки занон дар ҳаёти ҷамъиятӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Дар кори конференсия ба намояндагӣ аз Донишгоҳ раиси Шурои занону духтарони Донишгоҳ, номзади илмҳои сиёсӣ Амонзода Сабоҳат Бобишо иштирок ва суханронӣ намуд.

Амонзода С. Б. дар баромади худ оид ба дастовардҳои занон дар соҳаҳои илм, маориф ва тандурустӣ сухан гуфта, таъкид намуд, ки занони тоҷик дар солҳои соҳибистиқлолӣ бо дониш, малака ва фаъолияти созандаи худ дар рушди соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа, аз ҷумла омода намудани кадрҳои баландихтисос, пешбурди корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва ҳифзи саломатии аҳолӣ саҳми арзанда гузоштаанд.

Дар фарҷоми конференсия доир ба дурнамои фаъолияти занон, дастгирии ташаббусҳои онҳо ва фароҳам овардани имкониятҳои бештар барои таҳсил, фаъолияти илмӣ ва касбӣ андешаронӣ карда шуд.

ШУЪБАИ ИТТИЛООТ ВА РОБИТА БО ҶОМЕА


18.09.2026 4

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php