КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМӢ-НАЗАРИЯВИИ ДОНИШҶӮЁН БАХШИДА БА 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ БАРГУЗОР ГАРДИД
Дар доираи таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон ва эълон гардидани соли 2026 ҳамчун соли вусъати корҳои ободонию созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ, дар кафедраи фанҳои ҷомеашиносӣ конференсияи илмӣ-назариявии донишҷӯён баргузор гардид.
Кори конференсияро мудири кафедра, доктори илмҳои фалсафа, дотсент Азимзода М. М. ифтитоҳ намуда, аҳамияти баргузории чунин чорабиниҳои илмиро дар таҳкими ҷаҳонбинии донишҷӯён, рушди тафаккури таҳлилӣ ва баланд бардоштани ҳисси худшиносии миллӣ таъкид намуданд.
Дар идомаи конференсия донишҷӯён таҳти роҳбарии омузгорони кафедра бо маърузаҳои илмӣ дар мавзуъҳои гуногун, аз ҷумла дастовардҳои Тоҷикистони соҳибистиқлол дар соҳаҳои илму маориф, тандурустӣ, фарҳанг ва равобити байналмилалӣ баромад карданд. Маърузаҳо фарогири масъалаҳои муҳим ва мубрами ҷомеа буда, мавриди таваҷҷуҳи иштирокчиён қарор гирифтанд.
Дар маҷмӯъ, дар рафти конференсия 20 маърузаи илмӣ шунида шуда, миёни иштирокчиён муҳокимаҳои судманд ва мубодилаи афкор сурат гирифт. Баргузории чунин чорабиниҳо заминаи мусоид барои рушди фаъолияти илмӣ-тадқиқотии донишҷӯён ва тарбияи мутахассисони баландихтисос фароҳам меорад.