КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМӢ-АМАЛИИ ОЛИМОНИ ҶАВОН ВА ДОНИШҶӮЁН БО ИШТИРОКИ НАМОЯНДАГОНИ ХОРИҶӢ ДАР МАВЗУИ “РУШД ВА ҲАМГИРОӢ: ДАСТОВАРДҲОИ ИЛМӢ ДАР АМАЛИЯИ КЛИНИКӢ” БА КОРИ ХУД ОҒОЗ БАХШИД

КОНФЕРЕНСИЯИ   ИЛМӢ-АМАЛИИ ОЛИМОНИ ҶАВОН ВА ДОНИШҶӮЁН  БО ИШТИРОКИ НАМОЯНДАГОНИ ХОРИҶӢ ДАР МАВЗУИ “РУШД ВА ҲАМГИРОӢ: ДАСТОВАРДҲОИ ИЛМӢ ДАР АМАЛИЯИ КЛИНИКӢ” БА КОРИ ХУД ОҒОЗ БАХШИД

Конференсияи   илмӣ-амалии олимони ҷавон ва донишҷӯён бо иштироки намояндагони хориҷӣ дар мавзуи “Рушд ва ҳамгироӣ: дастовардҳои илмӣ дар амалияи клиникӣ” субҳи 24-уми апрели соли 2026 дар шаҳри Душанбе ба кори худ шурӯъ намуд.

Раёсати Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино» бо дарки масъулият баҳри татбиқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба беҳтар намудани сатҳу сифати таълиму тарбия дар макотиби олии кишвар, ки аз суханрониҳояшон зимни паёмҳову вохӯриҳо бо омӯзгорон ва донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ бармеояд, инчунин, қарору фармонҳои дахлдорро роҳнамои фаъолияти худ қарор дода, дар самти таълиму тарбия, таҳқиқоти илмӣ, корҳои муолиҷавию хоҷагидорӣ чорабиниҳои судмандро амалӣ менамояд.

Фаъолияти илмиву навоварӣ яке аз меъёрҳои асосии муайян намудани дараҷаи рушду инкишофи муассисаҳои олии касбӣ маҳсуб меёбад. Маҳз, бо назардошти ҳамин дар Донишгоҳ баланд бардоштани сатҳу сифати корҳои илмӣ ва дар амалияи клиникӣ татбиқ намудани дастовардҳои муҳимтарини олимон ҳамеша дар маркази диққати роҳбарияти Донишгоҳ қарор дорад. Ин аст, ки таваҷҷуҳи устодони таълимгоҳ сол аз сол ба таҳқиқи самтҳои гуногуни илми тиб бештар гашта, шумораи тадқиқочиёну пажӯҳишгарон аз ҳисоби ҷавонони лаёқатманд торафт меафзояд.

Ташкил ва гузаронидани Конференсияи илмӣ-амалии олимони ҷавон ва донишҷӯён бо иштироки намояндагони хориҷӣ дар мавзуи “Рушд ва ҳамгироӣ: дастовардҳои илмӣ дар амалияи клиникӣ”далели густариш додани равобити илмию амалии олимони ватанӣ ва хориҷи дуру наздик мебошад. Ҳадафи баргузории ҳамоиши илмӣ ба вуҷуд овардани шароити мусоиди баҳсу мунозираҳои созандаи илмӣ бо олимону муҳаққиқони ҷавон ва фароҳам овардани шароиту имкониятхои озод ҷиҳати барқарор намудани робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои мутақобилан судманд бо пешрафтатарин муассиҳои таълимию табобатии хориҷи дуру наздик ва шиносоии олимони ҷавон мебошад.

Дар доираи Конференсия 2 симпозиум ва 19 сексия ба нақша гирифта шудааст:

Симпозиумҳои Конференсия:

·        Иҷлосияи пленарӣ:

·        масъалаҳои муҳим ва дурнамои рушди анестезиология ва реаниматология,

·        масъалаҳои муҳим дар травматология ва ортопедия.

·        Сексияҳои Конференсия:

ҷарроҳӣ - 1, ҷарроҳӣ - 2, ҷарроҳии дилу рагҳо ва эндоваскулярӣ, ҷарроҳии барқароркунанда ва пластикии микроҷарроҳӣ, акушерӣ ва гинекология, урология, бемориҳои дохилӣ, эндокринология, дерматовенерология ва бемориҳои сироятӣ, неврология. психиатрия, педиатрия, оториноларингология ва офталмология, тибби оилавӣ, стоматология, фармакология ва фармасия, тибби пешгирикунанда, фанҳои назариявии тиббӣ, фанҳои назариявии ғайритиббӣ, физиологияи нормалӣ, фанҳои гуманитарӣ

 

Дар кори Конференсия олимон ва муҳақққони ҷавон аз Федератсияи Россия, Узбекистон, Қазоқистон, Белорусия, Қирғизистон ба тариқи фардӣ, онлайн ва офлайн баромад хоҳанд кард. Симпозиум ва сексияҳои Конференсияро олимону устодони варзидаи Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино» ва дигар муассисаҳои бонуфузи илмӣ роҳбарӣ менамоянд.

Басо рамзист, ки ҳамасола шумораи иштирокчиёни Конференсия ва теъдоди мақолаҳои пешниҳодгардида меафзояд, ки соли равон шумораи онҳо 2962 ададро ташкил дода, 177 адади он аз кишварҳои хориҷии дуру наздик мебошад. Дар симпозиум ва сексияҳои Конференсия 590 баромади олимони ҷавони хориҷӣ ва ватанӣ ба нақша гирифта шудааст.

 

ШУЪБАИ ИТТИЛООТ ВА РОБИТА БО ҶОМЕАИ

ХАДАМОТИ РЕКТОРИ ДОНИШГОҲ


15
14
13
12
11
10
9
8
7
6
4
3
2
1
24.04.2026 12

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php