«КИТОБИ ДУШАНБЕ» - ПАЙВАНДИ ИЛМУ ФАРҲАНГ ВА МАЪРИФАТ
Устодони кафедраи рентгенология ва радиология бо донишҷӯёни курси чоруми факултети тиббӣ аз Намоишгоҳи XIV байналмилалии «Китоби Душанбе», ки дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон баргузор гардид, боздид намуданд.
Боздиди мазкур дар доираи фаъолияти тарбиявию маърифатии кафедра бо мақсади баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тавсеаи ҷаҳонбинӣ ва таҳкими таваҷҷуҳи донишҷӯён ба осори илмию адабӣ сурат гирифт. Намоишгоҳи байналмилалии китоб барои шиносоӣ бо нашрияҳои гуногун ва дарёфти адабиёти мавриди таваҷҷуҳ имконияти мусоид фароҳам овард.
Китобхонӣ дар ташаккули шахсият, рушди тафаккур ва баланд бардоштани фарҳанги муоширати ҷавонон нақши муҳим дорад. Барои донишҷӯёни соҳаи тиб мутолиаи адабиёти илмӣ, бадеӣ ва таърихӣ дар баробари такмили донишҳои касбӣ ба рушди эҳсоси масъулиятшиносӣ, инсондӯстӣ ва дарки арзишҳои маънавӣ мусоидат менамояд.
Кафедраи рентгенология ва радиология ба ҷалби донишҷӯён ба чорабиниҳои фарҳангию маърифатӣ таваҷҷуҳи доимӣ зоҳир менамояд. Чунин боздидҳо яке аз роҳҳои тақвияти робитаи таълиму тарбия буда, ба ташаккули фарҳанги китобхонӣ ва ғанӣ гардидани ҷаҳони маънавии мутахассисони оянда мусоидат мекунанд.
Кафедраи рентгенология ва радиология