КИТОБИ ДАРСИИ «БЕҲДОШТИ РАДИАТСИОНӢ (РАДИАЦИОННАЯ ГИГИЕНА)» ДАР ШУРОИ МИЛЛИИ ТАҲСИЛОТ ТАСДИҚ ГАРДИД
Дар ҷаласаи навбатии Шурои миллии таҳсилот назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо иштироки роҳбарони сохторҳои дахлдори вазорат, намояндагони муассисаҳои илмию таълимӣ ва коршиносони соҳаи маориф баргузор гардид, китоби дарсии «Беҳдошти радиатсионӣ (Радиационная гигиена)» мавриди баррасӣ қарор гирифта, барои истифода дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ тавсия ва тасдиқ карда шуд.
Муаллифони китоб Шарифзода Солеҳ Фаридун, номзади илмҳои тиббӣ, дотсент, мудири кафедраи беҳдошти муҳити зисти МДТ «Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино» ва Аҳмадзода Матин Зафар, доктори илмҳои техникӣ, муовини аввали директори Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мебошанд.
Зимни баррасӣ таъкид гардид, ки китоби мазкур тибқи тартиби муқарраргардида аз муҳокимаи шуроҳои олимони муассисаҳои таҳсилоти олӣ гузашта, бо тақризҳои олимону мутахассисони соҳа ва хулосаҳои экспертӣ таъмин мебошад. Ин ҳуҷҷатҳо барои арзёбии илмӣ, таълимӣ ва методии муҳтавои китоб заминаи зарурӣ фароҳам овардаанд.
Китоби дарсии «Беҳдошти радиатсионӣ» бо назардошти талаботи муосири таҳсилоти тиббӣ ва дастовардҳои нави илмӣ таҳия гардида, масъалаҳои асосии беҳдошти радиатсионӣ, ҳифзи радиатсионӣ ва таъмини амнияти радиатсиониро фаро мегирад.
Нашр барои донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии тиббӣ, магистрантон, ординаторон ва докторантон, инчунин барои мутахассисони соҳаҳои назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ, беҳдошти муҳити зист ва бехатарии радиатсионӣ пешбинӣ шудааст.
Тасдиқи китоби мазкур аз ҷониби Шурои миллии таҳсилот саҳми назаррас дар таҳкими таъминоти таълимӣ-методии муассисаҳои таҳсилоти олии тиббӣ ва омодасозии мутахассисони баландихтисоси соҳаи тандурустӣ ва амнияти радиатсионӣ хоҳад гузошт.
ШУЪБАИ ИТТИЛООТ ВА РОБИТА БО ҶОМЕА