КИТОБ -САРЧАШМАИ ДОНИШ ВА ОМИЛИ РУШДИ КАСБӢ

КИТОБ -САРЧАШМАИ ДОНИШ ВА ОМИЛИ РУШДИ КАСБӢ

Ҳамасола 4 сентябр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзи китоб таҷлил мегардад. Ин сана ба хотири арҷгузорӣ ба китобу китобхонӣ, баланд бардоштани завқи маънавию маърифатии ҷомеа ва таҳкими фарҳанги мутолиа аҳамияти хосса дорад. Китоб ҳамчун сарчашмаи дониш ва маърифат дар ташаккули ҷаҳонбинӣ, рушди тафаккур ва такмили донишу малакаи касбии ҳар як шахс нақши муҳим мебозад.

Ба ин муносибат, дар кафедраи рентгенология ва радиология бо иштироки устодон ва донишҷӯёни хориҷии муассиса чорабинии маърифатӣ баргузор гардид.

Зимни чорабинӣ иштирокчиён доир ба мақоми китоб дар ҳаёти инсон, аҳамияти мутолиаи мунтазам ва нақши он дар рушди маънавию зеҳнии ҷомеа андешаронӣ намуданд. Аз ҷумла, таъкид гардид, ки барои соҳаи тиб китобу адабиёти тахассусӣ яке аз муҳимтарин сарчашмаҳои дониш ба ҳисоб рафта, омӯзиши пайвастаи адабиёти илмӣ барои омодасозии мутахассисони соҳибмаърифат ва рақобатпазир аҳамияти калидӣ дорад.

Устодони кафедра дар баромадҳои худ ба зарурати истифодаи самараноки адабиёти таълимӣ, илмӣ ва тахассусӣ, худомӯзӣ ва пайваста такмил додани донишҳои касбӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуданд. Қайд карда шуд, ки дар шароити рушди босуръати илму техника, бахусус дар соҳаи тиб, мутолиаи адабиёти нав ва дастрасӣ ба сарчашмаҳои муосири илмӣ барои ҳар як мутахассис муҳим мебошад.

Ҳамзамон, донишҷӯёни хориҷӣ низ дар бораи нақши китоб дар ҳаёти донишҷӯ, аҳамияти мутолиа дар раванди таҳсил ва таъсири он ба ташаккули ҷаҳонбинии илмӣ андешаҳои худро баён намуданд.

Дар фарҷоми чорабинӣ таъкид гардид, ки китоб на танҳо воситаи интиқоли дониш, балки яке аз муҳимтарин василаҳои тарбияи маънавӣ, ташаккули тафаккури созанда ва рушди шахсият мебошад. Аз ин рӯ, тарғиби фарҳанги китобхонӣ ва ҷалби ҷавонон ба мутолиаи адабиёти илмӣ, таърихӣ, фарҳангӣ ва бадеӣ вазифаи муҳими ҷомеаи муосир ба шумор меравад.

Чорабинии мазкур дар фазои маърифатӣ баргузор гардида, барои таҳкими фарҳанги мутолиа, баланд бардоштани шавқу рағбати донишҷӯён ба китобхонӣ ва ташвиқи омӯзиши пайвастаи донишҳои касбӣ мусоидат намуд.

 

Кафедраи рентгенология ва радиология


07.09.2026 5

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php