КИБРИЁХОН МАНСУРОВНА - ПАЙВАНДГАРИ МЕҲРИ МОДАР ВА ИЛМИ ТИБ (БА ИСТИҚБОЛИ РӮЗИ МОДАР)

КИБРИЁХОН МАНСУРОВНА - ПАЙВАНДГАРИ МЕҲРИ МОДАР ВА ИЛМИ ТИБ (БА ИСТИҚБОЛИ РӮЗИ МОДАР)

Дар ҷомеаи мо симои зан-модар ҳамеша бо меҳрубонӣ, фидокорӣ ва масъулияти бузург дар тарбияи насли солим пайванд дорад. Аммо вақте ин меҳри модарӣ бо илму маърифат, бо садоқат ба касби пуршарафи табибӣ ҳамоҳанг мегардад, шахсиятҳое падид меоянд, ки на танҳо барои хонавода, балки барои миллат мояи ифтихор мешаванд. Яке аз чунин бонувони донишманду фидоӣ Муҳаммадиева Кибриёхон Мансуровна мебошад -зане, ки меҳри модариро бо рисолати табибӣ ва фаъолияти илмӣ ба ҳам омехтааст.

Кибриёхон Мансуровна соли 1967 дар шаҳри Душанбе дар оилаи зиёӣ ба дунё омадааст. Падару модари омузгорашон аз хурдӣ дар қалби ӯ муҳаббат ба дониш, эҳтиром ба китоб ва масъулияти шаҳрвандиро парвариш намуданд. Ин муҳити солими маънавӣ замина гузошт, то духтари ҷавон роҳи илм ва хидмат ба мардумро интихоб намояд.

Соли 1989 Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистонро (он вақт Донишкада) бомуваффақият хатм намуда, фаъолияти меҳнатии худро ҳамчун табиб-дерматовенерологи диспансери ноҳияи Орҷонекидзеобод (ҳоло шаҳри Ваҳдат) оғоз кард. Солҳои аввали фаъолияти ӯ ба давраи пурпечутоби таърихи кишвар рост омаданд. Бо вуҷуди мушкилиҳо, ӯ ба савганди табибӣ содиқ монд ва солҳои 1991-1995 дар диспансери ҷумҳуриявӣ фаъолият пеш бурданд.

Марҳилаи нави такомули касбӣ барои ӯ ординатураи клиникӣ (1995-1997) гардид. Аз соли 1997 то 2000 ҳамчун ассистенти кафедраи дерматовенерологияи донишгоҳ фаъолият намуда, на танҳо дарси назариявӣ, балки таҷрибаи амалӣ ва мактаби инсондӯстиро ба донишҷӯён омузонд. Минбаъд ба ҳайси котиби илмӣ ва сардори шуъбаи таълим (2000-2003), мудири курсҳои оростагии тиббии кафедраи ҷарроҳии тармимии Донишкадаи таҳсилоти баъдидипломии кормандони соҳаи тандурустӣ (2003-2005) фаъолият карда, дар такмили ихтисоси мутахассисон саҳми арзанда гузошт.

Солҳои 2005-2013 ба ҳайси ходими калони илмии Маркази ҷумҳуриявии ҷарроҳии дилу рагҳо фаъолият намуда, таҷрибаи илмӣ ва амалии худро ғанӣ гардонд. Аз соли 2013 дотсент ва аз соли 2015 мудири кафедраи дерматовенерологияи донишгоҳ мебошад. Соли 2025 бо дарназардошти дастовардҳои илмӣ ва омузгорӣ ба унвони профессор мушарраф гардид.

Фаъолияти илмии Кибриёхон Мансуровна бо таҳқиқоти амиқ ва аҳаммияти амалӣ фарқ мекунад. Ӯ рисолаи номзадии худро дар мавзуи «Такмили муолиҷаи экземаи варикозӣ бо дарназардошти нишондодҳои ҳемодинамикӣ» ҳимоя намуда, роҳҳои нави муносибати комплексиро пешниҳод кард. Рисолаи докториаш дар мавзуи «Пешгирӣ ва табобати хадшаи пӯст дар сокинони минтақаҳои гуногуни иқлимию ҷуғрофии Тоҷикистон» масъалаи муҳими тибби амалӣ -мутобиқсозии табобат ба шароити табиӣ ва иқлимии кишварро фаро гирифта, аҳаммияти калони илмӣ ва иҷтимоӣ дорад.

Дар заминаи таҳлил метавон гуфт, ки фаъолияти ӯ намунаи равшани пайванди илм бо ниёзҳои ҷомеа аст. Ӯ мушкилоти воқеии беморонро меомузад, омилҳои иҷтимоӣ ва муҳити зистро ба эътибор мегирад ва табобатро бо шароити мушаххаси минтақа мутобиқ месозад. Ин равиш нишон медиҳад, ки барои ӯ тиб танҳо касб нест, балки рисолати инсонпарварона мебошад.

Дар баробари ин ҳама, Кибриёхон Мансуровна пеш аз ҳама модар аст. Модаре, ки бо меҳру ғамхорӣ на танҳо фарзандони худро, балки садҳо шогирдонро ба роҳи рост ҳидоят мекунад. Дар чеҳраи ӯ донишҷӯён намунаи зан-модар, олим ва роҳбари оқилро мебинанд. Ин аст, ки дар арафаи Рӯзи Модар ёдоварӣ аз чунин шахсиятҳо на танҳо арҷгузорӣ ба заҳмати як нафар, балки эҳтиром ба мақоми зан дар ҷомеа мебошад.

Имрӯз, вақте ҷомеа ба мутахассисони баландихтисос ва ҳамзамон ба тарбиятгарони маънавӣ ниёз дорад, таҷрибаи зиндагӣ ва фаъолияти илмии Муҳаммадиева Кибриёхон Мансуровна нишон медиҳад, ки зан метавонад ҳамзамон модари меҳрубон, олими варзида ва роҳбари муваффақ бошад. Ӯ бо фаъолияти худ собит намудааст, ки меҳри модарӣ ва илми тиб ду мафҳуми ҷудонашавандаанд, ҳар ду ба ҳифзи саломатӣ ва бақои инсон равона шудаанд.

Пас, симои ӯ дар фазои илми тиб ҳамчун пайвандгари меҳри модар ва илми тиб ҷилвагар аст- пайванде, ки ҷомеаи солим ва насли ояндаро устувор месозад.

Асламова Г. К.-сардори шуъбаи тарбия


04.03.2026 44

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php