ХУШХАБАР
Имсол Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 1-уми январи соли 2026 №АП-950 дар бораи баргузории озмуни ҷумҳуриявии “Илм – фурӯғи маърифат” ба тавсиб расида буд. Баргузории озмуни мазкур тайи солҳои 2021-2026 нишон дод, ки миёни ҷавонону наврасони кишвар таваҷҷуҳ ба илмомӯзӣ зиёд гаштааст. Даври чоруми (ҷумҳуриявӣ) имсол аз 19 то 28 октябр дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон баргузор гардид.
Хушбахтона Бухориев Муродалӣ -донишҷӯи курси 3-юми факултети тиббӣ, дар наминатсияи ХИМИЯ ба гирифтани ҷои сеюм ва 30 ҳазор сомонӣ мушарраф гардид. Боиси тазаккур аст, ки тули чор соли охир шогирдони мо аз наминатсияи “ХИМИЯ” ба муваффақиятҳои калон ноил гардида истодаанд.
Ҳамаи ин аз заҳмати шабонарузии аҳли коллективи кафедраи химияи биоорганикӣ ва физколлоидӣ дарак медиҳад. Ҳамаи ғолибони озмуну олимпиадаҳо аъзоёни фаъоли ҷамъияти илмии донишҷуён ба ҳисоб мераванд.
Кафедраи химияи биоорганикӣ ва физколлоидӣ