ХОКИ ВАТАН АЗ ТАХТИ СУЛАЙМОН ХУШТАР

ХОКИ ВАТАН АЗ ТАХТИ СУЛАЙМОН ХУШТАР

Дар кафедраи тибби судӣ бо иштироки ҳайати омузгорону кормандони кафедра ҷамъомади навбатии тарбиявӣ таҳти унвони «Хоки Ватан аз тахти Сулаймон хуштар» баргузор гардид. Ҳадафи асосии ҳамоиш баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ ва таҳкими масъулияти шаҳрвандии кормандон арзёбӣ шуд.

Дар ҷараёни ҷамъомад таъкид гардид, ки Ватан барои ҳар инсон азизтарин муқаддасот ба шумор рафта, сарчашмаи ифтихор, ҳувият ва худшиносии миллӣ мебошад. Зикр шуд, ки эҳсоси муҳаббат ба Ватан аз муҳити оила, аз домони модар ва аз рӯзҳои нахустини зиндагӣ оғоз ёфта, дар раванди тарбия ва маърифат такмил меёбад. Маҳз ҳамин рӯҳияи ватандӯстӣ инсонро ба ҳифзи марзу буми кишвар, пос доштани сулҳу субот ва саҳмгузорӣ дар рушди ҷомеа ҳидоят менамояд.

Ассистенти кафедра Назриева Мавлуда зимни суханронӣ иброз дошт, ки дӯст доштани Ватан танҳо эҳсос нест, балки масъулияти бузурги ахлоқӣ ва шаҳрвандӣ мебошад. Ӯ қайд намуд, ки ҳар фарди ҷомеа бояд бо меҳнати софдилона, рафтори намунавӣ ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ дар ободиву пешрафти мамлакат саҳм гузорад.

Ҳамзамон, дар ҷамъомад аз қаҳрамониву ҷоннисориҳои фарзандони барӯманди миллат ёдоварӣ карда шуд, ки дар тӯли таърих барои ҳифзи истиқлол, озодӣ ва ҳастии сарзамини аҷдодӣ фидокорӣ намудаанд. Таъкид гардид, ки чунин намунаҳои ватандорӣ барои насли имрӯз сабақи муҳимми худшиносӣ ва ифтихори миллӣ мебошанд.

Дар анҷоми ҳамоиш иштирокчиён иброз доштанд, ки баргузории чунин чорабиниҳои тарбиявӣ дар таҳкими рӯҳияи ватандӯстӣ, худогоҳии миллӣ ва эҳсоси масъулият нисбат ба ояндаи кишвар нақши муҳим дорад.

Кафедраи тибби судӣ


16.04.2026 4

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php