ХАБАР
Ба маълумоти Шумо мерасонем, ки санаи 06.09.2026 дотсенти кафедра д.и.т. Ҳотамова М.Н. бо донишҷӯёни курси 6 ФП гурӯҳҳои 1 ва 2 миниконфронс дар мавзӯи “35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ТОЧИКИСТОН” гузарониданд. Донишҷӯ Ҳакимзода П. бо презентатсия баромад кард.
Истиқлолияти давлатӣ барои ҳар як миллат рамзи озодӣ, соҳибдавлатӣ ва худшиносӣ мебошад. Барои халқи тоҷик 9 сентябри соли 1991 санаи таърихиест, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқлолияти давлатии худро эълон намуд.
Истиқлолият ормони деринаи миллати тоҷик буд. Бо ба даст омадани он барои эҳёи давлатдории миллӣ, рушди фарҳанг, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва интихоби роҳи мустақили пешрафт имконият фароҳам омад. Солҳои аввали истиқлолият барои Тоҷикистон давраи душвор буд. Ҷанги шаҳрвандӣ ба ҳаёти ҷомеа таъсири ҷиддӣ расонд. Бо талошҳои роҳбарияти давлат ва иродаи мардуми кишвар сулҳу субот барқарор гардид. Имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ барои таҳкими ваҳдат ва оғози марҳилаи нави созандагӣ замина гузошт.
Дар тӯли 35 соли истиқлолият Тоҷикистон ба дастовардҳои муҳим ноил гардид. Дар соҳаҳои иқтисод, энергетика, нақлиёт, маориф, тандурустӣ ва фарҳанг корҳои зиёди бунёдкорӣ анҷом дода шуданд. Сохтмони роҳҳо, нақбҳо, пулҳо, нерӯгоҳҳо ва дигар иншооти муҳим ба рушди кишвар мусоидат намуд.
Дар соҳаи маориф муассисаҳои нави таълимӣ бунёд шуда, истифодаи технологияҳои муосир васеъ гардид. Ба тарбия ва донишандӯзии ҷавонон таваҷҷуҳи махсус дода мешавад, зеро онҳо нерӯи асосии пешрафти ҷомеа мебошанд. Соҳаи тандурустӣ низ рушд намуда, беморхонаҳо ва марказҳои тиббии замонавӣ сохта шуданд. Бо ворид намудани таҷҳизоти муосир имкониятҳои ташхис ва табобати беморон беҳтар гардиданд.
Истиқлолият барои эҳёи фарҳанг ва ҳифзи мероси миллӣ низ шароити мусоид фароҳам овард. Анъанаҳои миллӣ, ҷашнҳо ва арзишҳои фарҳангӣ бештар арҷгузорӣ шуда, Наврӯз ҳамчун ҷашни байналмилалӣ Тоҷикистонро дар ҷаҳон муаррифӣ менамояд.
Имрӯз вазифаи ҳар як шаҳрванди кишвар ҳифзи сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва истиқлолияти давлатӣ мебошад. Барои пешрафти минбаъдаи Ватан бояд ҳар як шахс бо ҳисси масъулият, ватандӯстӣ ва меҳнати созанда саҳм гузорад.
35-солагии Истиқлолияти давлатӣ ҷашни ифтихору сарбаландии тамоми мардуми Тоҷикистон аст. Истиқлолият асоси давлатдорӣ, сулҳ, ваҳдат ва рушди кишвар мебошад.
Бигзор Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳамеша ободу шукуфон бошад ва Парчами давлатии он дар фазои сулҳу озодӣ парафшон монад.
Мудири кафедра
д.и.т., дотсент Мамадчонова Г.С.
Мутассадӣ оиди корҳои тарбиявӣ
н.и.т., дотсент Ҳотамова М.Н.