ИЗҲОРИ ТАЪЗИЯ БА МУНОСИБАТИ ДАРГУЗАШТИ ЗАДОРИНА ЛЮБОВЬ МИХАЙЛОВНА
Раёсат ва Иттифоқи касабаи кормандон бо андӯҳи гарон хабар медиҳад, ки имрӯз корманди собиқадор ва соҳибэҳтироми кафедраи урология ба номи А.С. Осимӣ Задорина Любовь Михайловна аз олам даргузаштанд.
Задорина Любовь Михайловна фаъолияти меҳнатии худро аз соли 1964 дар кафедраи урологияи ба номи А.С. Осимӣ оғоз намуда, то соли 2023 дар ин даргоҳ содиқона кору фаъолият кардаанд. Дар тӯли фаъолияти чандинсолаи хеш дар вазифаҳои ассистенти таълим, ходими калон ва врач-лаборант фаъолият намуда, дар пешрафти фаъолияти таълимию илмӣ ва табобатии кафедра саҳми арзанда гузоштаанд.
Меҳнати содиқона, масъулиятшиносӣ, таҷрибаи бойи касбӣ, муносибати самимӣ ва инсондӯстонаи ин бонуи фидокор дар хотираи ҳамкорон ва шогирдону кормандони Донишгоҳ боқӣ хоҳад монд.
Раёсати Донишгоҳ ба аҳли оила, пайвандон, наздикон ва ҳамкорони марҳум нисбат ба ин талафоти вазнин ҳамдардӣ ва таъзияи амиқ баён намуда, аз даргоҳи Худованди мутаъол ба марҳум раҳмату мағфират ва ба наздиконашон сабри ҷамил хоҳон аст.
Ёди неки ӯ дар қалби ҳамкорону шогирдон ҳамеша зинда хоҳад монд.