ИСТИКЛОЛИЯТ – ИФТИХОРИ МИЛЛАТ, САРБАЛАНДИИ ВАТАН

ИСТИКЛОЛИЯТ – ИФТИХОРИ МИЛЛАТ, САРБАЛАНДИИ ВАТАН

Истиқлол яке аз муқаддастарин ва бузургтарин неъматҳои ҳар як миллату давлат ба шумор меравад. Барои миллати тоҷик Истиқлоли давлатӣ рамзи озодӣ, худшиносӣ, соҳибихтиёрӣ ва эҳёи давлатдории миллӣ мебошад. Тоҷикистон маҳз ба шарофати истиқлолият ҳамчун узви баробарҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардид ва дар харитаи сиёсии дунё бо ҳама махсусиятҳои давлатдории муосир арзи ҳастӣ намуд. Истиқлол волотарин ва пурарзиштарин дастоварди давлату миллати тоҷдори тоҷик аст, ки 35 - сол муқаддам муҳимтарин воқеаи таърихии сарнавишти миллати тоҷик ба вуҷуд омад:

Аз фурсати муносиб истифода бурда санаи 05. 09. 2026 сол дар кафедраи Нигаҳдории тандурустии ҷамъиятӣ ва омори тиббӣ бо курси таърихи тиб тибқи нақшаи мавзӯӣ - тарбиявӣ бо донишҷӯёни курси 5 гурӯҳҳои 56, 57, 58, 59 ва 60-уми факултаи тиббӣ ва тиби профлактики семинари ҷашни таҳти мавзӯи «Истиклолият -ифтихори миллат, сарбаландии Ватан » бахшида ба ифтихори ин ҷашни фархунда, изҳори эҳтиром ва қадршиносӣ Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуд. Дар семинари мазкур  ҳамаи ҳайати устодони кафедра ва донишҷӯён иштирок намуданд.  Бо эҳтиром ва арҷгузори ба муққадасоти миллӣ сараввал суруди миллии  Ҷумҳурии Тоҷикистон пахш ва аз тарафи ҳамаи иштироккунандагон қироат карда шуд.

Семинарро мудири кафедра н.и.т., дотсент Ҷураева Н. С., ҳусни оғоз бахшида, омӯзгорон ва донишҷӯёнро ба ифтихори ин ҷашни бузургу фархунда яъне Рӯзи Истиқлолияти давлатӣ табрик намуда, ибрози андеша карданд, ки Истиқлолияти давлатиро дар роҳи худшиносии милливу таърихӣ, эҳёи ойину суннатҳо ва рушди илму адаб метавон марҳалаи дурахшону пурифтихори фарҳангу тамаддуни миллӣ, даврони рушди нерӯи зеҳнӣ ва эҷодкорӣ арзёбӣ намуд.

Ҳамчунин муаллими калони кафедра Комилов И. Ш, маъруза намуданд, . Истиқлол нишони ҳувият, ифтихор, номус, рамзи саодат ва шарти бақои миллат мебошад. Истиқлоли давлатӣ ба он мусоидат намуд, ки дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии кишвар комёбиҳои беназир ба даст оварда шаванд. Дар баробари ин, истиқлол дар назди миллати тоҷик рисолати бузургеро гузошт, ки муҳимтарини онҳо ташкили аркони давлати соҳибихтиёри миллӣ, таҳкими сулҳу субот, таъмини амнияти давлат ва ҷомеа, оғози раванди созандагиву бунёдкориҳо ва расидан ба сатҳи зиндагии шоистаи мардум мебошад. Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти маҳбуби кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр намудаанд: “Ба шарофати мустақилият халқи мо соҳиби рамзҳои давлатӣ – Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ гардид. Асосҳои сохтори конститутсионӣ, рукнҳои нави идоракунии давлат, меъёрҳои танзимкунандаи ҳаёти иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар муқаррар гардида, асъори миллӣ ба муомилот бароварда шуд.”

    Хамзамон асисстенти тарбия дар  кафедра Зиёдалиева Т.З. кайд карданд ки, мустақилияти давлат дар нигоҳ доштани ягонагӣ ва волоияти ҳокимияти давлатӣ дар қаламрави мамлакат ва соҳибихтиёрӣ дар муносибат бо субъектҳои сиёсии байналмилалӣ ифода меёбад. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ муаррифӣ гардида, бо аксар кишварҳои олам ва созмонҳои ҷаҳонӣ муносибатҳои дипломатӣ ва ҳамкорӣ барқарор намудааст. Тоҷикистон узви фаъоли Созмони Милали Муттаҳид, Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, Созмони ҳамкории Шанхай, Созмони ҳамкории исломӣ ва чандин ташкилотҳои байналмилаливу минтақавии дигар мебошад.

   Падидаи муҳим дар сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардидани пешниҳодҳо дар сатҳи байналмилалӣ мебошад. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки ташаббусҳои созандаи Сарвари давлат ба ҳалли мушкилоти глобалии сайёра, аз ҷумла ба масъалаи об, равона гардидаанд, қобили дастгирии ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошанд ва кишвари мо дар арсаи байналмилалӣ ба сифати ташаббускор ва пешсафи фаъоли ҳалли масоили глобалии вобаста ба истифодаи босамари захираҳои об эътироф гардидааст.

Истиқлоли давлатӣ барои рушди иқтисодиёти ватанӣ шароити хуб фароҳам овард. Бунёди роҳҳои оҳан ва автомобилгард қадами бузург баҳри иҷрои ҳадафҳои стратегӣ ва омили муҳим баҳри ҳамгироии ҷомеа мебошанд.

         Баъдан донишҷӯёни фаъол дар бораи Истиқлолияти давлатӣ таҳти мавзӯи “Ҳумоён бод истиқлоли тоҷик” маъруза карданду дар охир шеърҳои аз барнамудаи худро оиди Ватану Ватандорӣ қироат намуданд.



Кафедраи нигаҳдории тандурустии ҷамъиятӣ

ва омори тиббӣ бо курси таърихи тиб


07.09.2026 6

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php