ИСТИФОДАИ ТЕХНОЛОГИЯҲОИ МУОСИР ДАР ДАРСҲОИ АМАЛИИ КАФЕДРАИ БАҲДОШТИ МУҲИТИ ЗИСТ
Дар кафедраи беҳдошти муҳити зист дарсҳои амалӣ бо истифода аз технологияҳои муосир ба роҳ монда шуданд. Ин иқдом ба донишҷӯёни факултети тибби-профилактикӣ имконият медиҳад, ки донишҳои назариявиро дар амал татбиқ намуда, малакаҳои касбиро бо истифода аз таҷҳизоти замонавӣ такмил диҳанд.
Дар ҷараёни дарсҳои амалӣ донишҷӯён тарзи баҳодиҳии гигиенӣ ба сифати маҳсулоти ғизоӣ, арзёбии нишондодҳои органолептикӣ ва муайян намудани миқдори нитратҳо дар маҳсулотро меомӯзанд. Барои иҷрои ин амалҳо таҷҳизоти муосир, аз ҷумла асбобҳои лаборатории ҳассос ва барномаҳои таҳлили рақамӣ истифода мешаванд.
Бояд қайд намуд, ки дар кафедраи беҳдошти муҳити зист дастгоҳҳои рақамӣ барои муайян намудани сатҳи садо, ларзиш, рӯшноӣ, микроиқлим, газҳо ва чанги истеҳсолӣ низ мавҷуд мебошанд. Ин таҷҳизот имконият медиҳад, ки донишҷӯён дар шароити амалии наздик ба муҳити воқеии истеҳсолӣ омӯзиш гиранд ва малакаҳои касбиро боз ҳам мукаммал намоянд.
Бо дарназардошти он ки солҳои охир аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илм солҳои рушди илм, маориф ва технология эълон шудаанд, татбиқи чунин дарсҳои амалии муосир дар донишгоҳҳо аҳамияти хоса пайдо мекунад. Ин иқдом ҷавоб ба сиёсати давлатӣ буда, ба баланд бардоштани сатҳи касбомӯзӣ ва таҳкими неруи зеҳнии ҷавонон равона шудааст.
Дарсҳои амалии кафедра бо такя ба технологияҳои нав барои омода намудани мутахассисони баландихтисос таҳия гардида, заминаи устувор барои фаъолияти минбаъдаи онҳо дар соҳаи беҳдошти муҳити зист фароҳам меоранд.
Кафедраи беҳдошти муҳити зист