ИСТИФОДАИ МАФҲУМҲОИ РИЁЗӢ ДАР АШЪОРИ АБУАБДУЛЛОҲИ РӮДАКӢ

ИСТИФОДАИ МАФҲУМҲОИ РИЁЗӢ ДАР АШЪОРИ АБУАБДУЛЛОҲИ РӮДАКӢ

Адабиёти классикии форсу тоҷик ҳамеша бо илм, фарҳанг ва донишҳои гуногуни замони худ робитаи ногусастанӣ дорад. Шоирони бузурги тоҷик дар осори худ на танҳо масъалаҳои ахлоқӣ, иҷтимоӣ ва фалсафиро инъикос намудаанд, балки аз дастовардҳои илмии даврони худ низ истифода бурдаанд. Суханварӣ, илму дониш, меҳнатдӯстӣ дар эҷодиёти ниёконамон бо роҳу усулҳои гуногун тарғиб гардидаанд. Агар яке ақидаи худро дар бораи илмомӯзию донишандӯзӣ дар мисоли васфи илму дониш ба тарзи назм баён намуда бошад, дигаре афзалиятҳои омӯзиши фанҳои ҷудогона ва аҳамияти онҳоро ба таври наср ва ё навиштаҷоти математикию химиявӣ ва ё физикӣ иброз намудааст. Муҳимтар аз ҳама он аст, ки аксари мутафаккирони мо барои хушу гуворо баён гардидани сухан аз мафҳумҳо, хосиятҳо ва нозукиҳои илми математика истифода намудаанд, ки ин дар ифода намудани асосҳои назариявӣ ва илмию дарки бошууронаи ягонагии ҷаҳони воқеӣ, ки барои инсон зарур аст, хидмат кардаанд. Ин тарзи баёни фикр гувоҳӣ медиҳад, ки ихлос ба илми математика дар тамаддун ва фарҳанги мардуми мо суннати қадима ва асосҳои таърихӣ дорад:

Қиссаи таърихи илми ҷабрро дони, ки чист?

Заррае аз таърихи эҷоди аҷдоди ман аст.

Гарчанде ки афкори ниёкони мо зери таъсири шароити таърихӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ, ахлоқӣ ва махсусан динии давр ташаккул меёфт, бо вуҷуди он, тарғиби илмҳои табиатшиносию дақиқ аз мадди назари эшон дур набуд ва инро ҳар кадоме бо мақсади ба худ хос истифода мебурданд.

Мо ин ҷо оид ба истифодаи мафҳумҳои риёзӣ дар ашъори абуабдуллоҳи Рӯдакӣ изҳори андеша карданием. Воқеан, ташаккули зеҳни математикии, ки дар ашъори гузаштагони мо хеле муассир акс гардидааст, асосан аз ашъори устод Рӯдакӣ сарчашма мегирад.

Дар астрҳои миёна дар эҷодиёти адибон ва мутафаккирони тоҷик як қатор мафҳумҳои математикӣ, аз қабили «шумор», «паргор», «сад», «ҳазор», «доира», «чил, «ҳафт», «нӯҳ», «сифр» ва ғайра нуфуз пайдо кардаанд ва шарҳи муфассали худро ёфтаанд ва ин шояд ба сабаби сол то сол афзудани шаклҳои гуногуни андозситонӣ, замин кушоӣ, тоҷирӣ ва хулоса аз мафҳумҳои математикӣ вобаста шудани ризқу рӯзии мардум бошад. Маҳз аз ҳамин сабаб дар ашъори шоирони бузурги тоҷик масъалаи мазкур мавқеи намоёнро ишғол кардааст. Гарчанде ки асосгузори адабиёти классикии тоҷик Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дар соҳаҳои математика, ҳандаса(геометрия), нуҷум ва ё ҳайат(пешгӯиҳо аз рӯи ситораҳо) асари махсуси илмӣ таълиф накарда бошанд ҳам, вале дар байту қитъа, пораҳои шеърӣ, маснавию достонҳояшон, ки то имрӯз боқи мондаанд, аз мафҳумҳои соҳаҳои фавқуклзикр истифода кардаанд, ки онҳо барои муъҷаз ва рехта ифода кардани сухан, мазмун ва кушодани моҳияти масъалҳо хизмат кардаанд ва ин далели аз ин илмҳо бархурдор будани султони шоирон аст.

Возеҳ аст, ки кулли фанҳои таълимӣ бо ҳам робитаи қавӣ дошта барои шавқовартару пурсамар омӯзонидани мавзӯъҳои гуногун ба якдигар мадад мерасонанд. Омӯзгорро зарур аст, ки аз ин гуна имконият устодона истифода барад. Яке аз фанҳое, ки онро дар танзими фанҳои таълимӣ корбаст кардан мумкин аст, фанни адабиёт мебошад. Масалан, ҳангоми таълими фанни математика бо мақсади рангоранг ҷараён гирифтани таълим, метавон аз ашъори устод Рӯдакӣ истифода бурд.

Дар шеърҳои устод баъзе рақамҳои математикӣ корбаст шудаанд, ки барои инкишофи зеҳну тафаккури шогирдон яке аз омилҳои хуб ба шумор мераванд. Аз ҷумла, дар ин шеъри машҳури устод, ки аз омад - омади баҳор навид медиҳад, ба ин абёт рӯ ба рӯ мешавем:

Омад баҳори хуррам бо рангу бӯи тиб,

Бо сад ҳазор нузҳату ороиши аҷиб.....

Наффот барқи равшану тундар – ш, табл зан,

Дидам ҳазор хайлу надидам чунин маҳиб.

Дар ин байтҳо рақамҳои садҳазор(100 000) ва ҳазор(1000) истифода шудаанд. Албатта, омӯзгор аввал баъзе калимаҳои ба шогирдон ношинос(тиб - бӯи хуш, нузҳат – зебоӣ, наффот – партояндаи тупи нафтӣ, хайл – лашкар, маҳиб - бадҳайбат)- ро тафсир мекунад ва баъдан аз мақому мавқеъи рақамҳои математикии дар ин байтҳо омада сухан мегӯяд. Ҳамзамон, ӯ ибораю таркиботи ададиро, ки бо мақсади офаридавни зебоӣ ва зебою дилкаш ба ҷилва овардани манзараи баҳор ва вуруди он дар шеър истифода кардааст, низ шарҳу эзоҳ медиҳад. Воқеан, байти аввал рақами математикии садҳазор ба шоир имкон дода, ки бо фарорасидани баҳор комилан сурати наву тоза гирифтани табиат ва давр он, дамидани сабзаҳо, сабзидани гиёҳу анвои рангоранги буттаҳо, шукуфтани гулҳо, нашъу намои рустаниҳо, хушбӯй шудани оби ҷӯйҳо, аз танаи дарахтон берун омадани баргҳо ва ғайраро ба таври барҷаста истифода намояд. Байти дуввум аз лашкари табиат – абру барқу борон дар ҳайрат афтодани шоирро нишон медиҳад ва тавассути рақами риёзии ҳазор нолаю фиғон ва кори беназири табиатро ба намоиш мегузорад.

 

Миолаи дигар:

Чаҳор чиз мар озодаро зи ғам бихарад,

Тани дурусту хӯи нек номи неку хирад,

Ҳар он ки Эзидаш ин чаҳор рӯзӣ кард,

Сазад, ки шояд зияд ҷовидону ғам нахурад.

Дар ин қитъа аз шодмонию саодатмандӣ сухан меравад. Аз назари усто Рӯдакӣ касе саодатманд хоҳад буд, ки ин чаҳор чиз дошта бошад. Агар шахс тани дурусту хӯйи неку номи неку хирад, яъне ба забони математикӣ чаҳор сифат ба даст орад, метавонад тамоми умр шоду хуррам рӯгор гузаронад. Зеро ин чаҳор чиз сарвати бебаҳост. Агар ин чаҳор чиз бошад, пас, дигар чизҳо ба осонӣ ба даст меояд. Ин маъни маҳз тавассути адади математикии чаҳор ин қадар соддаву возеҳ баён шудааст. Дар рафти таҳлил метавон ба шогирдон гуфт: Инак, тамоми ҷидду ҷаҳди Шумо бояд ба он равона шавад, ки тани солим, одати хуб, номи нек ва хиради баланд дошта бошед!

Мисоли дигар:

Сад нек ба як бад натавон кард фаромӯш,

Гар хор барандешӣ хурмо натавон х(в)ард.

Шоир дар ин байт масъали некию бадиро пеш мегузорад. Мешавад, ки касе ба Шумо ҳамеша некӣ мекарду боре аз ӯ бадӣ содир шуд. Барои як бадӣ некиҳои зиёди варо фаромӯш кардану аз ӯ руй гардонидан нашояд. Ба хотири он ҳама накӯиҳо, чунонки дар байт омада як бадии ӯро нодида бояд гирифт. Ин ҷо сад ва як ададҳои математикианд, ки барои мушаххас инъикос шудани фикри шоир хизмат кардаанд.


Мисоли дигар:

Эзид ҳаргиз даре набандад бар ту,

То сади дигар ба беҳтарӣ накшояд.

Дар ин байт сад адади математикӣ буда, баҳри равшантар баён кардани ғояи шеър истифода шудааст. Тавассути ин адад фикри муҳиме ифода гардидааст: Парвардигор ҳеҷ гоҳ инсонро бенасиб намемонад, аз баъзе чизҳо маҳрум созад, ҳам, ба ивази онҳо дигар чизҳоро насиби ӯ мегардонад, дар ягон маврид варо ноумед намекунад.

Намунаи дигар:

Меҳтарони ҷаҳон ҳама мурданд,

Маргро сарҳама фурӯ карданд....

Аз ҳазорон ҳазор неъмату ноз,

На ба охир ба ҷуз кафан бурданд.

 

Инсон ҷовид нест, таъкид месозад устод Рӯдакӣ, балки миранда аст. Бинобар ин, аз баҳри ҳама хислатҳои нек гузашта, танҳо барои сарвату давлат талош кардан ҷоиз нест. Пас, аз мо танҳо ном мемонад, ки он бояд номи нек бошад.

Ин ҷо адади математикии ҳазорон ҳазор миқдори аз андоза зиёди чизу молро ифода менамояд. Фикри асосии шоир тавассути ин адади риёзӣ таъкид шудааст ва рӯи қоғаз омадааст.

Мисоли дигар:

Зулфат дидам, сар аз чамон печида,

В- андар гули сурхи арғавон печида.

Дар ҳар банде ҳазор дил дарбандаш,

Дар ҳар пече ҳазор ҷон печида.

 

Шоир дар ин рубоӣ чеҳраи зебо, ҳусни расо, зулфи печон ва нозу истиғнои маъшуқаро меситояд ва ҳамзамон ин рубоӣ муаммои математикиниз мебошад.

Ва ин маъшуқа ончунон таннозу дилрабост, ки ҳазорон ҷону дил, яъне одамони зиёдеро асиру мафтуни хеш гардонидааст. Адади риёзии ҳазор, ки ин ҷо думаротиба омадааст, миқдори зиёди одамонро, ки асири зулфи маъшуқ гардидаанд, ба таъбири шоир, ҳазорон дилу ҷонеро, ки дар ҳар банди зулфи дилбар печидаанд, пеши назари хонанда барҷаста намоён месозад.

       Намунаи дигар:

Дил сер нагрдад зи бедодгарӣ,

Чашм об нагардад чу бар ман нигарӣ,

Ин турфа, ки дӯстар зи ҷонат дорам,

Бо он ки зи сад хазор душман батарӣ.

 

Дар ин рубоӣ ишқу муҳаббати ошиқ нисбат ба маъшуқа тасвир шудааст. Ҷабру ҷафои маъшуқа аз ҳад зиёд аст, ӯ ба ошиқ аз сад ҳазор душман ҳам зиёд ситам мекунад, бо вуҷуди ин, ошиқ маъшуқаро дӯст медорад, аз вай дил канда наметавонад. Сад ҳазор адади риёзӣ буда, ҷабру ситами беандозаи маъшуқ ва муҳаббати сӯзону садоқати бепоёни ошиқро нишон медиҳад.

Маликушауро адаҳоро дар шеърҳои худ бо мақсади шинохти Худониз истифода намудааст:

Ҳазор бор Худоро шафеъ меорам,

Вале чи суд, чу ту нашнавӣ “худоро”-ро?!

ва ё

Ҷаҳон ба коми Худованд боду дер зиёд,

Бар ӯ ба ҳеҷ ҳаводис замона даст мадод.

Дурусту рост кунад ин масал Худои варо:

Агар бибаст яке дар, ҳазор дар бикушод.

 

Ҳадафи муҳими устоди шоирони ҷаҳон тарбияти шахсияти фаъол ва созанда аст. Аз ин рӯ, масъалаҳои дар зеҳну шуури мардум тарбия кардани эҳсоси худоогоҳии миллӣ, худшиносӣ, истифодаи анъанаҳои беҳтарини миллӣ ва умумибашарӣ тавассути истифодаи мафҳумҳои риёзӣ дилпазир ва нишонрас баён гардидаанд.


В - арчи дусад тобеъаи фаришта дорӣ,

Низ пари бозу ҳар – ч ҷиннию шайтон.

Дар мавриди дигар фармудааст:

Ҳазор тавбаи садсоларо барбод диҳад,

Ҳазор зоҳиди садсоларо барад аз роҳ.

Ё дар ҷои дигар нигошта:

Зи авлиёш пароканданда низ ҳашт ҳазор,

Ба ман расид бад - он вақт, ҳоли хуб он буд!

Сухансарои панҷрӯдӣ бо мақсади бозҳам равшантар ва возеҳтар нишон додани моҳияти зиндагӣ аз мафҳумҳои ҳандаса(геометрия) низ самаранок истифода мебарад.

 

Ба ин мақсад ӯ ҷаҳон ва ҳаёти инсониро ба паргор ва давраи дар натиҷаи ҳаракати паргор ҳосилшуда ташбеҳ медиҳад:

         Ҷаҳон ҳамеша чу чашмест, гирду гардон аст,

         Ҳамеша то бувад оинш, гирду гардон буд.

 

Устод Рӯдакӣ дар тақвияти фикри боло дар ҷои дагр боз ҳам равшантар қайд кардаанд:

Чархи каҷабоз то ниҳон сохт каҷа,

Бо неку бади доира дарбохт каҷа.

Ҳангомаи шаб гузашту шуд марра тамом,

Толеъ ба кафам яке наяндохт каҷа!

 

Дар тақвияти ин гуфтаи худ суд надоштани молу мулки дунёро бо истифода аз адади ҳазор чунин баён намудааст:

 Аз ҳазорон ҳазор неъмату ноз,

На ба охир ба ҷуз кафн бурдан.

ва ё

Аз шумори ду чашм як тан кам,

В - аз шумори хирад ҳазорон беш!

Ин гуфтаҳо далели онанд, ки маликушшуаро ҳамаи онҳоеро, ки тамоми вақти худро баҳри ҷаъмоварии мол сарф карда, наҷобати боигарии маънавиро ба назар намегиранд, сахт маҳкум мекунанд. Ба ақидаи ӯ, молпарастӣ нишонаи баднафсӣ, хасисӣ ва ҳирсу пулпарастии инсон аст ва дар инсон хислатҳои бераҳмӣ, бешавқатӣ, сангдилӣ ва ғайраро ташаккул медиҳад.

Ҳамин тавр, устод Рӯдакӣ дар бисёр мавридҳо бо истифода аз мафҳумҳои риёзӣ фикру андешаи хешро оид ба баъзе лаҳзаҳои зиндагӣ равшану возеҳ баён намудааст. Шогирдон дар ин гуна машғулиятҳо имкон меёбанд, ки ба ашъори устод хубтар шинос шаванд, забон, луғат ва ҳикмат омӯзанд, завқи бадеӣ ва зеҳни хешро ташаккул диҳанд.

Аз ин рӯ, омӯзиши мафҳумҳои риёзӣ дар ашъори Рӯдакӣ метавонад барои таҳкими робитаи риёзиёт ва адабиёт, баланд бардоштани шавқу завқи хонандагон ба омӯзиши фанҳои табиӣ-риёзӣ, рушди тафаккури мантиқӣ ва таҳлилӣ, инчунин тарбияи эҳтиром ба мероси илмӣ ва адабии ниёгон мусоидат намояд.

Дар маҷмӯъ, мероси Рӯдакӣ барои омӯзиши робитаи илм ва адабиёт имкониятҳои фаровон дорад. Омӯзиши мақсадноки чунин имкониятҳо метавонад ба ташаккули фарҳанги илмӣ, тафаккури мантиқӣ, ҷаҳонбинии васеъ ва худшиносии миллии хонандагон мусоидат намуда, ҳамзамон мазмуну муҳтавои таълими риёзиётро бо арзишҳои фарҳангии миллӣ ғанӣ гардонад.

Маориф ҷузъи таркибии ҳаёти мост. Ҳар мушкилӣ, пастию баландӣ, фарозу фурудҳо, ки ба сари ҷомеа меояд, ба маориф таъсири худро мерасонад. Нуран алонур мебуд агар устодон барои ташаккули зеҳн, дониш ва малакаи шогирдон аз хазинаи хиради ниёкон истифода менамуданд зеро:

Роҳе осону рост бигзин, ай дӯст,

Дур шав аз роҳи бекаронаву тарфанҷ!

 

 

Қодиров Бахтиёр Розиқович,

доктори илмҳои педагогӣ аъзо - корреспонденти Академияи илмҳои табиатшиносии Федератсияи Россия, Корманди шоистаи илм ва маорифи Федератсияи Россия, аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, аълочии маорифи халқи Федератсияи Россия, профессори кафедраи физикаи тиббӣ ва биологӣ бо асосҳои технологияи информатсионии МДТ «Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино»



23.09.2026 5

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php