ИСТИҚЛОЛ ВА ЭҲЁИ ТАРЗИ ҲАЁТИ МИЛЛӢ: ДАСТОВАРДИ НАВИ ИЛМӢ БА ИСТИҚБОЛИ 35-СОЛАГИИ ДАВЛАТДОРИИ НАВИНИ ТОҶИКИСТОН
Дар остонаи ҷашни бузурги миллӣ 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастовардҳои илмии муҳаққиқони кишвар бозгӯи онанд, ки фазои соҳибистиқлолии Тоҷикистон на танҳо заминаи рушди иқтисодиву иҷтимоӣ, балки омили муҳими пешрафти илму маърифат ва таҳкими худшиносии миллӣ низ гардидааст. Дар чунин фазои созанда 3 июли соли 2026 дар Шурои диссертатсионии назди Институти фалсафа ва сиёсатшиносии ба номи А. Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҳимояи рисолаи номзадии унвонҷӯйи Донишгоҳ, муаллимаи калони кафедраи фанҳои ҷомеашиносӣ Сафарзода Матлуба Ҷунайдӣ дар мавзуи «Тарзи ҳаёти миллӣ дар шароити истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз рӯйи ихтисоси 09.00.11 - фалсафаи иҷтимоӣ баргузор гардид.
Ин рӯйдоди муҳими илмӣ ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ туҳфаи арзишманд ба ҳисоб рафта, боз як намунаи равшани саҳми аҳли илму маорифи кишвар дар таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ ва рушди афкори иҷтимоиву фалсафӣ мебошад. Дар шароите, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии хирадмандонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба марҳилаи нави рушду созандагӣ ворид гардидааст, масъалаи омӯзиши тарзи ҳаёти миллӣ ва таҳаввули он аҳаммияти хосаи назариявӣ ва амалӣ касб намудааст.
Рисолаи илмии муҳаққиқ ба таҳлили ҳамаҷонибаи масъалаҳои ташаккул, рушд ва таҳаввули тарзи ҳаёти миллии тоҷикон дар даврони истиқлол бахшида шуда, дар он омилҳои иҷтимоӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ ва маънавии таъсиррасон ба зиндагии ҷомеаи тоҷик мавриди омӯзиши амиқ қарор гирифтаанд. Муаллиф бо такя ба дастовардҳои илми фалсафаи иҷтимоӣ ва таҳқиқи таҷрибаи таърихии миллат кӯшиш намудааст, ки моҳияти тарзи ҳаёти миллӣ, шаклҳои зуҳур ва хусусиятҳои он дар ҷомеаи муосири Тоҷикистонро муайян созад.
Дар боби аввал масъалаҳои назариявии таҳлили тарзи ҳаёти миллӣ мавриди омӯзиш қарор гирифта, падидаи мазкур ҳамчун объекти муҳими таҳқиқоти фалсафаи иҷтимоӣ баррасӣ шудааст. Дар ин қисмати рисола мафҳум, моҳият ва сохтори тарзи ҳаёти миллӣ муайян гардида, шаклҳои асосии зуҳури он дар ҳаёти ҷомеа нишон дода мешаванд. Муаллиф бо истифода аз равишҳои муосири илмӣ исбот менамояд, ки тарзи ҳаёти миллӣ яке аз омилҳои муҳимми ҳифзи ҳувияти миллӣ ва таъмини пойдории давлатдории миллӣ мебошад.
Дар боби дуюм масъалаи таҳаввули тарзи ҳаёти миллати тоҷик дар шароити истиқлолияти давлатӣ таҳлил гардидааст. Дар ин замина нишон дода мешавад, ки маҳз истиқлолияти давлатӣ барои эҳёи арзишҳои миллӣ, рушди фарҳанги миллӣ, таҳкими худшиносӣ ва баланд гардидани ҳисси ватандӯстии шаҳрвандон заминаи мусоид фароҳам овард. Даврони соҳибистиқлолӣ ба марҳилаи нави эҳёи анъанаҳои миллӣ, густариши фарҳанги миллӣ ва таҳкими арзишҳои маънавии ҷомеа табдил ёфтааст. Дар рисола махсус таъкид мегардад, ки истиқлолият барои рушди тарзи ҳаёти миллӣ ҳамчун низоми арзишҳои иҷтимоӣ ва фарҳангӣ нақши ҳалкунанда бозидааст.
Дар боби сеюм таъсири равандҳои ҷаҳонишавӣ ва урбанизатсия ба тарзи ҳаёти миллии тоҷикон мавриди таҳқиқ қарор гирифтааст. Муаллиф нишон медиҳад, ки дар шароити ҷаҳонишавии муосир масъалаи ҳифзи ҳувияти миллӣ ва нигоҳдории арзишҳои анъанавӣ аҳаммияти бештар пайдо менамояд. Ҳамзамон, рушди шаҳрнишинӣ ва дигаргуншавии муносибатҳои иҷтимоӣ ба тарзи ҳаёти ҷомеа таъсири назаррас расонида, зарурати мутобиқ намудани арзишҳои миллӣ ба шароити нави таърихиро ба миён овардааст.
Аҳаммияти илмии рисола дар он ифода меёбад, ки он масъалаи тарзи ҳаёти миллиро дар заминаи таҳаввулоти ҷомеаи соҳибистиқлоли Тоҷикистон мавриди омӯзиши комплексӣ қарор дода, барои таҳқиқоти минбаъдаи соҳаи фалсафаи иҷтимоӣ ва ҷомеашиносӣ заминаи муҳими назариявӣ фароҳам меорад. Натиҷаҳои таҳқиқот метавонанд дар таҳияи барномаҳои таълимӣ, корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, ташаккули сиёсати фарҳангӣ ва таҳкими худшиносии миллӣ мавриди истифода қарор гиранд.
Ҳимояи муваффақонаи ин рисолаи илмӣ далели он аст, ки муҳити илмии кишвар дар шароити истиқлол ба сатҳи нави рушд расида, олимону муҳаққиқони тоҷик дар омӯзиши масъалаҳои муҳими давлатдорӣ, ҷомеа ва фарҳанг саҳми арзанда мегузоранд. Ин дастоварди илмӣ инчунин нишонаи таваҷҷуҳи рӯзафзуни муҳаққиқон ба масъалаҳои ҳифзи арзишҳои миллӣ ва таҳкими пояҳои маънавии ҷомеа мебошад.
Ба муносибати ҳимояи бомуваффақияти рисолаи номзадӣ Раёсати Донишгоҳ ва Кумитаи иттифоқи касабаи кормандон унвонҷӯйи Донишгоҳ, муаллимаи калони кафедраи фанҳои ҷомеашиносӣ Сафарзода Матлуба Ҷунайдиро самимона табрик намуда, барояшон саломатии бардавом, саодати рӯзгор, дастовардҳои нави илмӣ, комёбиҳои эҷодӣ ва саҳми боз ҳам бештар дар рушди илми ватанӣ ва тарбияи насли ҷавонро орзу менамоянд.
ШУЪБАИ ИТТИЛООТ ВА РОБИТА БО ҶОМЕА