ИСТИҚЛОЛ - ТАҶАССУМИ ТАЪРИХ, ФАРҲАНГ ВА ИҚБОЛИ МИЛЛАТИ ТОҶИК
Истиқлол барои як миллат танҳо номи як сана дар тақвим нест. Он рангинтарин саҳифаест, ки дар он сарнавишти миллат бо ҳарфи худи ӯ навишта мешавад. Ба таври дигар гӯем, Истиқлол ҳуқуқи соҳиб будан ба Ватан, забон, таърих, фарҳанг ва ояндаи хеш аст. Ҳамзамон, он масъулияти бузургест дар назди гузашта, имрӯз ва фардо.
Имрӯз, ки Тоҷикистони соҳибистиқлол 35-солагии Истиқлоли давлатии худро таҷлил менамояд, ҳар шаҳрванди кишвар метавонад, бо ифтихор ба роҳи тайкардаи давлат ва миллат назар афканад. 9 сентябри соли 1991 барои миллати тоҷик рӯйдоди сарнавиштсоз ба вуқуъ пайваст. Шуруъ аз он замон Тоҷикистон Истиқлоли давлатии худро эълон кард ва ба ҳайси давлати мустақил ба арсаи байналмилалӣ ворид шуд. Аммо бояд гуфт, ки роҳи Истиқлол осон набуд. Солҳои аввали соҳибистиқлолӣ барои кишвар давраи санҷишҳои сахт арзёбӣ мегарданд. Барои Тоҷикистон сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва таҳкими давлатдорӣ ба масъалаҳои ҳаётан муҳим табдил ёфтанд. Имрӯз хуб дарк мекунем, ки Истиқлол бе сулҳ комил, давлат бе ваҳдат устувор ва пешрафт бе масъулияти миллӣ имконнопазир аст.
Тоҷикон миллате ҳастанд, ки дар тӯли асрҳо бо забон, фарҳанг, илму адаб ва андешаи созанда ҳувияти худро ҳифз кардаанд. Аз Рӯдакӣ то Фирдавсӣ, аз Сино то Мавлоно, аз Хайём то Ҳофизу Саъдӣ, аз Аҳмади Дониш то Айнӣ, Ғафуров ва Турсунзода – ҳар яке дар ҳифзи хотираи таърихӣ ва рӯҳи маънавии миллат саҳми бузург гузоштаанд. Истиқлол ин мероси бузургро ба зиндагии имрӯз пайваст. Ниёгони мо дигар танҳо чеҳраҳои китобҳои таърих набуда, онҳо қисми зиндаи худшиносии миллии мо мебошанд.
Маънии Истиқлолро дар ин мисраъҳои пурҳикмат метавон ба таври равшан эҳсос кард, ки шоире барҳақ фармудааст:
Тоҷи шараф андешаи Истиқлол аст,
Андешаи ҳақ решаи Истиқлол аст.
Соҳибватане, ки бо ҷаҳон сарбасар аст,
Шерест, ки аз бешаи Истиқлол аст.
Истиқлол, пеш аз ҳама, аз андеша оғоз мешавад, аз андешаи соҳибватан будан, аз шинохти таърих, аз эҳтироми забон ва аз масъулият дар назди ҷомеа. Ватандӯстӣ танҳо бо сухан ифода намешавад. Ватандӯстӣ дониш омӯхтан, меҳнати ҳалол кардан, қонунро эҳтиром намудан, забони модариро пос доштан, табиатро ҳифз кардан ва барои ободии Ватан саҳм гузоштан аст.
Тоҷикистон сарзамини таърихи куҳан ва фарҳанги бузург аст. Аз давлати Ҳахоманишиҳо то давлати Сомониён, аз осори Рӯдакӣ то «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ, аз андешаҳои илмии Ибни Сино то осори Мавлоно – саҳми фарзандони ин сарзамин дар тамаддуни башарӣ бузург аст. Аммо ифтихор аз гузашта набояд моро аз сохтани имрӯз боздорад. Баръакс, таърих вақте арзишманд аст, ки ба мо қувват диҳад, то имрӯзро беҳтар ва фардоро равшантар созем.
Дар солҳои соҳибистиқлолӣ Тоҷикистон марҳилаҳои муҳими давлатсозиро паси сар намуда, дар самтҳои иқтисодию иҷтимоӣ, фарҳанг, маориф ва ѓайра ба пешрафтҳои назаррас ноил гардид. Душанбе симои нав гирифт, роҳҳо ва иншооти муҳими кишвар бунёд шуданд, соҳаи энергетика низ рӯз аз рӯз рушд карда истодааст. Норак ва Роғун имрӯз танҳо номи неругоҳҳо нестанд. Онҳо рамзи неруи созанда, бовар ба фардо ва тавоноии миллати куҳанбунёди тоҷик мебошанд.
Самти дигари соҳибистиқлолии мо, ки аз он ҳамеша бо ифтихор ёд мекунем, ин забони миллати мо аст. Истиқлолро бе забони миллӣ тасаввур кардан душвор аст. Забони тоҷикӣ хотираи зиндаи миллат мебошад. Дар ҳар калимаи он садои ниёгон ва дар ҳар байти шоирони он таҷрибаи садсолаҳо нуҳуфтааст. Забоне, ки Рӯдакӣ бо он суруд, Фирдавсӣ бо он достони қаҳрамонӣ офарид, Сино бо он андешаҳои илмӣ баён кард ва Айнӣ бо он бедории маънавиро тарғиб намуд, имрӯз дар дасти мост. Вазифаи мо танҳо истифода бурдани забон нест. Мо бояд онро пок нигоҳ дорем, ғанӣ гардонем ва бо тамоми зебоиву тавоноиаш ба наслҳои оянда расонем. Миллате, ки забонашро пос медорад, хотираи худро ҳифз мекунад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар замони Истиқлоли давлатӣ роҷеъ ба ин нукта таваҷҷуҳи хоса зоҳир намудаанд. Ҳамин аст, ки бо ташаббуси Пешвои миллат Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” 5-уми октябри соли 2009 қабул карда шуд. Инчунин, шоҳкории дигари Сарвари давлат ин бевосита таҳияи китоби беназири худ – “Забони миллат – ҳастии миллат” аст.
35 сол барои таърих як лаҳза аст, аммо барои як насл як умр дониста мешавад. Насли имрӯз Тоҷикистонро, пеш аз ҳама, ҳамчун кишвари соҳибистиқлол мешиносад. Аз ин рӯ, масъулияти он дар назди ояндаи кишвар бузург аст. Ҷавони соҳибистиқлол бояд дониш омӯзад, технологияи муосирро аз худ кунад, ҷаҳонро бишиносад ва забонҳои хориҷиро омӯзад, аммо решаҳои худро фаромӯш накунад.
Мо имрӯзҳо дар остонаи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ қарор гирифта, ҳақ дорем, аз дастовардҳои Истиқлол ифтихор кунем. Аммо ифтихор танҳо вақте арзиш дорад, ки бо масъулият ҳамроҳ бошад. Имрӯз вазифаи мо ҳифзи сулҳ, таҳкими ваҳдати миллӣ, эҳтироми қонун, пос доштани забон ва фарҳанг, омӯзиши таърих ва тарбияи насли худшинос аст.
35 соли Истиқлол барои Тоҷикистон мактаби бузурги давлатдорӣ, созандагӣ ва худшиносии миллӣ аст, ки дар саргаҳи он бевосита хизматҳои шоёни таҳсини фарзонафарзанди миллат – Пешвои маҳбуби тоҷикон меистад.
Бигзор, Тоҷикистон ҳамеша сарзамини сулҳу оромӣ, ваҳдату созандагӣ бошад. Бигзор, Парчами давлатӣ парафшон, забони тоҷикӣ зиндаву пурқудрат ва фарҳанги миллӣ ҳамеша шукуфон бошад. Зеро Истиқлол танҳо дастоварди дирӯз нест. Истиқлол масъулияти имрӯз ва ояндаи дурахшон аст.
Давлатова С. Н.-мудири кафедраи бемориҳои кӯдаконаи №2