ИСТИҚЛОЛ - РАМЗИ ДАВЛАТДОРӢ ВА ВАҲДАТИ МИЛЛӢ

ИСТИҚЛОЛ - РАМЗИ ДАВЛАТДОРӢ ВА ВАҲДАТИ МИЛЛӢ

Дар Маркази ташхисию табобатии Донишгоҳ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии маърифатӣ-сиёсӣ баргузор гардид.

Дар чорабинӣ роҳбарият, табибону кормандони Марказ ва дигар фаъолон иштирок намуда, доир ба аҳамияти таърихию сиёсии Истиқлоли давлатӣ, нақши он дар таҳкими давлатдории миллӣ, сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва рушди соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа андешаронӣ намуданд.

Зимни суханронӣ таъкид гардид, ки Истиқлоли давлатӣ барои мардуми тоҷик неъмати бузурги таърихӣ ва заминаи асосии пешрафту рушди кишвар ба ҳисоб меравад. Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар соҳаи тандурустии кишвар низ ба натиҷаҳои назаррас ноил гардида, барои беҳтар намудани сифати хизматрасонии тиббӣ, таҳкими заминаи моддию техникӣ, баланд бардоштани сатҳи касбии мутахассисон ва ҷорӣ намудани усулҳои муосири ташхису табобат тадбирҳои пайваста амалӣ карда мешаванд.

Иштирокдорони чорабинӣ иброз доштанд, ки ҳифзи дастовардҳои даврони истиқлол, таҳкими сулҳу ваҳдат ва саҳм гузоштан дар рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол вазифаи ҳар як шаҳрванди кишвар мебошад. Кормандони соҳаи тандурустӣ низ бо фаъолияти содиқона ва масъулияти баланди касбӣ дар ҳифзи саломатии аҳолӣ ва рушди соҳаи тандурустӣ саҳми арзандаи худро мегузоранд.

Дар идомаи чорабинӣ як қатор кормандони Марказ барои фаъолияти самаранок, меҳнати софдилона, саҳми арзанда дар рушди соҳаи тандурустӣ ва ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ифтихорномаҳо сарфароз гардонида шуданд.

Қайд гардид, ки чунин чорабиниҳо дар баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ, арҷгузорӣ ба арзишҳои истиқлол ва таҳкими рӯҳияи созандагию меҳанпарастӣ миёни кормандони соҳаи тандурустӣ нақши муҳим доранд.

Чорабинӣ дар фазои тантанавӣ ва рӯҳияи баланди ватандӯстӣ баргузор гардида, иштирокдорон ба муносибати ҷашни муқаддаси миллӣ 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори сипос намуда, барои ободию пешрафти Тоҷикистони соҳибистиқлол ва таҳкими сулҳу субот таманниёти нек баён карданд.

ШУЪБАИ ИТТИЛООТ ВА РОБИТА БО ҶОМЕА


05.09.2026 6

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php