ИСТИҚЛОЛ - МЕРОСИ МУҚАДДАС ВА МАСЪУЛИЯТИ НАСЛҲО
Истиқлолият барои ҳар миллат на танҳо мафҳуми сиёсиву ҳуқуқӣ, балки муқаддастарин пояи ҳастии миллӣ, рамзи озодӣ, соҳибихтиёрӣ, худшиносӣ ва масъулияти таърихӣ дар назди наслҳои гузаштаву оянда мебошад. Миллате, ки соҳиби давлати мустақил аст, имкони муайян намудани сарнавишти сиёсии хеш, ҳифзи арзишҳои миллӣ, рушди забону фарҳанг, таъмини манфиатҳои миллӣ ва бунёди ҷомеаи шоистаро, бешак, пайдо мекунад.
Барои миллати тоҷик Истиқлоли давлатӣ натиҷаи як рӯйдоди одии сиёсӣ набуда, балки он маҳсули ормонҳои деринаи давлатдорӣ ва талошҳои чандин наслии мардуми фарҳангсолор мебошад. Аз ин хотир, 9 сентябри соли 1991 дар таърихи навини тоҷикон ҳамчун санаи сарнавиштсоз ва оғози марҳилаи нави давлатдории миллӣ бо ҳарфҳои заррин сабт гардидааст.
Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд: «Истиқлолияти давлатӣ натиҷаи кӯшишу талошҳои тӯлонии халқи тоҷик дар роҳи пуршебу фарози таърихи худ мебошад. Чунки андешаи истиқлолият ва талоши расидан ба давлатдории худ дар зеҳни миллати мо дар давоми беш аз ҳазор сол ҳамеша зинда буд». Ин суханон моҳияти аслии Истиқлолро барои миллати тоҷик ба таври равшан бозгӯ мекунанд. Зеро ормони давлатдории мустақил ва ҳифзи ҳувияти миллӣ дар тӯли таърих дар тафаккури мардуми мо зинда буд. Руҳи озодихоҳӣ, меҳанпарастӣ ва давлатсозии ниёгон дар осори безаволи фарзандони барӯманди миллати тоҷик таҷассум ёфтааст.
Пешвои миллат дар идомаи ин андеша ба нақши мероси таърихию маънавии миллат чунин ишора кардаанд: «Руҳи озодии гузаштагони мо, тоҷикон, кору пайкори давлатдорон, сиёсатмадорон, зиёиёни огоҳу бедордил ва сарлашкарони меҳанпараст ба хотири Истиқлолияти Ватан дар осори ҷовидонаи абармардони илму адаб ва фарҳанги оламшумуламон дар тӯли тамоми таърихи миллатамон ба таври барҷаста таҷассум ёфтааст». Аз ин нуқтаи назар, Истиқлоли давлатӣ барои миллати тоҷик танҳо дастоварди замони муосир нест. Он идомаи мантиқии як суннати бузурги давлатдорӣ ва худшиносии миллӣ мебошад. Ҳифзи Истиқлол, муҳимтар аз ҳама, ҳифзи ҳамин пайванди ногусастании гузаштаю имрӯз ва ояндаи миллат аст.
Таҷрибаи таърихи халқҳои олам нишон медиҳад, ки ба даст овардани Истиқлол ҳанӯз анҷоми мубориза нест. Баръакс, соҳибистиқлол шудан масъулияти бузургеро ба дӯши миллат ва давлат мегузорад. Истиқлолро бояд ҳифз кард, таҳким бахгид ва ба наслҳои оянда ҳамчун арзиши муқаддас ба мерос гузошт.
Барои Тоҷикистон солҳои аввали соҳибистиқлолӣ давраи ниҳоят мураккаб ва сарнавиштсоз буданд. Дар шароите, ки давлат ҳанӯз пояҳои нави сиёсиву иқтисодии худро устувор накарда буд, кишвар ба гирдоби ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ кашида шуд. Хатари парокандашавии давлат, заиф гардидани пояҳои Истиқлол ва аз байн рафтани ваҳдати миллӣ ба воқеияти талхи рӯз табдил ёфта буд. Дар чунин марҳилаи ҳассоси таърихӣ иродаи сиёсӣ, хиради миллӣ ва масъулияти давлатдорӣ нақши ҳалкунанда бозид. Ин давра бо фаъолияти сиёсии роҳбарияти нави давлат, пеш аз ҳама, бо номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайванди ногусастанӣ дорад. Бо талошҳои пайвастаи роҳбари давлат ва иштироки фаъолонаи мардуми кишвар раванди расидан ба сулҳу оштӣ ва таҳкими ваҳдати миллӣ амалӣ гардид. Миллате, ки дар остонаи фоҷиаи бузурги таърихӣ қарор дошт, тавонист, роҳи сулҳ, ҳамдигарфаҳмӣ ва созандагиро интихоб намояд.
Пешвои миллат моҳияти вазифаҳои дар назди давлати соҳибистиқлол гузошташударо, барҳақ, чунин баён кардаанд: «Истиқлолияти давлатӣ дар назди мардуми тоҷик вазифаҳои бузурги таърихиеро гузошт, ки муҳимтарини онҳо ташкили аркони давлати соҳибихтиёри миллӣ, таҳкими сулҳу субот, таъмини амнияти давлат ва ҷомеа, оғози раванди созандагиву бунёдкориҳо ва расидан ба сатҳи зиндагии шоистаи мардум аст».
Ин таъкид моро водор месозад, ки Истиқлолро танҳо ҳамчун соҳибихтиёрии сиёсӣ ва ҳуқуқии давлат дарк накунем. Истиқлол дар сурати мавҷудияти иқтисоди устувор, амнияти боэътимод, ҷомеаи муттаҳид, фарҳанги пешрафта, рушди маориф ва сатҳи муносибу шоистаи зиндагии мардум мазмуну моҳияти воқеии худро пайдо мекунад.
Яке аз муҳимтарин арзишҳое, ки ба ҳифзу таҳкими Истиқлоли давлатии Тоҷикистон пайванди мустақим дорад, ваҳдати миллӣ мебошад.
Давлате, ки ҷомеаи муттаҳид дорад, метавонад, дар муқобили таҳдидҳои дохиливу беруна устувор истад ва барномаҳои дарозмуддати рушди худро амалӣ намояд.
Таҷрибаи Тоҷикистон собит сохт, ки сулҳу ваҳдат арзиши бебаҳои миллӣ мебошанд. Агар Истиқлол имкони мустақилона муайян кардани роҳи давлатро фароҳам оварад, пас ваҳдат заминаи устувори амалӣ намудани ин имконият аст. Аз ин рӯ, ҳифзи ваҳдати миллӣ бояд вазифаи доимии ҳар як шаҳрванди кишвар бошад. Ҳар андешае, ки ҷомеаро ба муқобили ҳамдигар мегузорад, ҳар гуна иғво, таассуб, ифротгароӣ ва хурофот, ки ба якпорчагии ҷомеа латма мезанад, дар ниҳояти кор метавонад, ба пояҳои истиқлолияти давлат таъсир расонад.
Истиқлол бе арзишҳои миллӣ маънои комил пайдо намекунад. Миллате, ки забон, фарҳанг, таърих, расму оин, адабиёт ва хотираи таърихии худро ҳифз намекунад, тадриҷан метавонад, пояҳои ҳувияти худро аз даст диҳад.
Забони давлатӣ яке аз муҳимтарин рукнҳои ҳастии миллӣ ба ҳисоб меравад. Он на танҳо воситаи муошират, балки оинаи таърих, тафаккур ва фарҳанги миллат аст. Маҳз, аз ин хотир, эҳтиром ва рушди забони давлатӣ вазифаи ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон мебошад. Ҳамзамон, дар баробари ин, ҳифзи фарҳанги миллӣ набояд ба маънои канорагирӣ аз ҷаҳони муосир фаҳмида шавад. Баръакс, миллати соҳибистиқлол бояд тавонад, арзишҳои миллии худро бо дастовардҳои муосири илму техника, маориф, фарҳанг ва технология ҳамоҳанг созад. Ҷаҳонишавӣ агар бо худ имкониятҳои нав оварад, ҳамзамон, метавонад барои ҳувияти фарҳангии миллатҳо низ мушкилоти ҷиддӣ эҷод кунад. Аз ин ҷиҳат, ҳифзи арзишҳои миллӣ бояд бо ҷаҳонбинии васеъ, тафаккури созанда ва қобилияти дуруст интихоб кардани арзишҳо сурат гирад. Хушбахтона, зери сиёсати хирадмандони Пешвои муаззами миллат дар Тоҷикистони соҳибистиқлол ин равандҳо соз ба сол рў ба рушд ниҳодааст.
Бояд гуфт, ки асри XXI асри имкониятҳои бузург ва ҳамзамон таҳдидҳои навин мебошад. Рушди босуръати технологияҳои иттилоотӣ, паҳншавии шабакаҳои иҷтимоӣ ва дастрасии бемаҳдуд ба иттилоот зиндагии инсонро ба куллӣ тағйир додааст. Аммо дар баробари имкониятҳо, фазои иттилоотӣ метавонад, ба майдони паҳншавии хабарҳои беасос, таблиғи ифротгароӣ, тафриқаандозӣ ва таъсиррасонӣ ба шуури ҷомеа низ табдил ёбад. Дар чунин шароит ҳифзи Истиқлол танҳо вазифаи сохторҳои давлатӣ нест. Он ба маърифати шаҳрвандӣ ва масъулияти ҳар як фарди ҷомеа вобастагӣ дорад. Шаҳрванди соҳибмаърифат бояд тавонад, иттилооти дурусту нодурустро аз ҳам фарқ намояд, ба ҳар навъ таблиғоти иғвоангез дода нашавад ва манфиатҳои миллиро дар баробари манфиатҳои шахсӣ ва гурӯҳӣ дуруст арзёбӣ кунад. Махсусан ҷавонон дар ин раванд нақши калидӣ доранд. Зеро онҳо на танҳо меросбарони арзишҳои Истиқлол, балки созандагони фардои давлат мебошанд.
Аз ин рӯ, тарбияи ватандӯстӣ бояд бо тарбияи илмӣ, касбӣ, ҳуқуқӣ, ахлоқӣ ва иттилоотӣ пайваст бошад. Ҷавоне, ки соҳиби дониш, касб ва ҷаҳонбинии солим аст, яке аз муҳимтарин муҳофизони Истиқлол ба шумор меравад.
Имсол мардуми шарафманди Тоҷикистон 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил менамояд. Ин сана барои ҳар як шаҳрванди кишвар танҳо як ҷашни давлатӣ нест, балки фурсати муносиб барои андеша кардан дар бораи роҳи тайкардаи давлат, дастовардҳои бадастомада ва масъулияти мо дар назди оянда мебошад. 35 сол дар миқёси таърихи миллат фосилаи кӯтоҳ аст. Аммо дар ҳамин давра Тоҷикистон марҳилаҳои бисёр мураккаби сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоиро паси сар намуда, роҳи худро дар арсаи байналмилалӣ муайян кард. Аз марҳилаи барқарорсозии давлатдорӣ то давраи созандагӣ ва рушди устувор, ҷомеаи Тоҷикистон таҷрибаи гаронбаҳои давлатсозиро соҳиб гардид.
Таҷлили 35-солагии Истиқлол бояд моро на танҳо ба ифтихор аз дастовардҳои гузашта, балки ба масъулият барои фардо водор созад. Пешвои миллат, барҳақ, таъкид мекунанд: «Истиқлол шараф ва номуси ҳар миллати озодандеш ва соҳибхираду соҳибэҳтиром аст. Истиқлолият рамзи саодати миллат ва давлати соҳибихтиёри миллӣ, нишонаи пойдориву бақои он мебошад. Зеро дар дунёи пуртазоди муосир фақат миллате соҳиби ному иззат шуда метавонад, ки истиқлоли воқеӣ ва давлати озоду мустақили хешро дошта бошад».
Ин суханон моро водор месозанд, ки ба Истиқлол ҳамчун арзиши муқаддас ва масъулияти бузурги миллӣ назар кунем.
Истиқлолият бузургтарин неъмати давлат ва миллат аст. Насли имрўза бояд дарк намоянд, ки Истиқлол ба таври худ абадӣ ҳифз намешавад. Онро бояд бо ваҳдат, дониш, меҳнат, худшиносӣ, фарҳанги сиёсӣ, иқтисоди устувор, маърифати баланд ва садоқат ба Ватан таҳким бахшид.
Имрӯз, дар арафаи таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазифаи ҳар яки мост, ки ин неъмати муқаддасро ҳамчун мероси гаронбаҳои гузаштагон қадр намуда, барои таҳкими он ва ободии Ватани соҳибистиқлол саҳми муносиб гузорем.
Муборак бод 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон!
Асламзода Г. К.-
сардори шуъбаи тарбия