ИСТИҚЛОЛ -МАКТАБИ КАМОЛОТИ ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН (БА ИСТИҚБОЛИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ)

ИСТИҚЛОЛ -МАКТАБИ КАМОЛОТИ ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН (БА ИСТИҚБОЛИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ)

Истиқлоли давлатӣ барои ҳар як миллат на танҳо рамзи соҳибихтиёрӣ ва озодӣ, балки омили асосии ташаккули давлатдорӣ, рушди иқтисодиву иҷтимоӣ, таҳкими худшиносии миллӣ ва тарбияи насли нав мебошад. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тӯли сию панҷ соли соҳибистиқлолӣ марҳилаи пурпечутоби таърихиро паси сар намуда, ба дастовардҳое ноил гардид, ки имрӯз мавқеи кишварро дар арсаи байналмилалӣ таҳким бахшидаанд. Дар меҳвари ин дастовардҳо инсон, бахусус ҷавонон қарор доранд, зеро маҳз ҷавонон неруи пешбарандаи ҷомеа ва кафили идомаи давлатдории миллӣ ба шумор мераванд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ ба масъалаи сиёсати давлатии ҷавонон аҳаммияти аввалиндараҷа дода, пайваста таъкид менамоянд, ки ҷавонон неруи созанда, идомадиҳандаи анъанаҳои неки миллӣ ва ояндаи давлат мебошанд. Ин сиёсати хирадмандона боис гардид, ки имрӯз дар кишвар заминаҳои мустаҳками ҳуқуқӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ барои рушди ҳамаҷонибаи ҷавонон фароҳам оварда шавад.

Истиқлол барои ҷавонони тоҷик танҳо мафҳуми сиёсӣ нест. Он мактаби бузурги камолот, ватандӯстӣ, худшиносӣ ва масъулиятшиносӣ мебошад. Агар дар солҳои аввали истиқлол кишвар ба мушкилоти зиёди сиёсиву иқтисодӣ рӯ ба рӯ шуда бошад, имрӯз ҷавонони Тоҷикистон дар фазои сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва имкониятҳои васеи таҳсилу фаъолияти илмӣ, фарҳангӣ ва варзишӣ ба камол мерасанд. Ин дигаргуниҳо натиҷаи сиёсати оқилонаи давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Дар шароити ҷаҳонишавӣ ва рушди босуръати технологияҳои иттилоотӣ ҷавонон бо имкониятҳои нав ва ҳамзамон бо таҳдидҳои гуногун рӯ ба рӯ мегарданд. Маҳз дар чунин шароит истиқлол ҳамчун сипари маънавӣ ва мактаби тарбияи шаҳрвандӣ аҳаммияти бештар касб мекунад. Ҷавонони тоҷик бояд дар баробари азхуд намудани донишҳои муосир, инчунин арзишҳои миллӣ, фарҳанги аҷдодӣ ва анъанаҳои давлатдории тоҷиконро ҳифз намоянд. Зеро бе худшиносии миллӣ пешрафти устувор ва рушди ҷомеа имконнопазир аст.

Имрӯз ҷавонони Тоҷикистон дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ нақши фаъол доранд. Онҳо дар рушди илм, маориф, тандурустӣ, иқтисодиёт, соҳибкорӣ, технологияҳои иттилоотӣ, фарҳанг ва варзиш саҳми арзанда мегузоранд. Дастовардҳои ҷавонони тоҷик дар олимпиадаҳои байналмилалӣ, мусобиқаҳои варзишӣ, озмунҳои илмӣ ва форумҳои ҷаҳонӣ нишон медиҳанд, ки насли соҳибистиқлоли тоҷик дорои қобилияти баланди зеҳнӣ ва рақобатпазир мебошад.

Яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлатии ҷавонон рушди илм ва инноватсия мебошад. Дар даврони истиқлол муассисаҳои таҳсилоти олӣ ба марказҳои муҳими омодасозии мутахассисони рақобатпазир табдил ёфтаанд. Донишгоҳҳо имрӯз на танҳо вазифаи таълим, балки рисолати тарбияи ватандӯстӣ, ташаккули ҷаҳонбинии илмӣ ва рушди қобилияти эҷодии ҷавононро низ иҷро менамоянд. Ҳукумати мамлакат барои баланд бардоштани сифати таҳсил, ҷорӣ намудани технологияҳои рақамӣ, рушди таҳқиқоти илмӣ ва густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ пайваста тадбирҳои муассир амалӣ мекунад.

Дар ин раванд саҳми Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино» низ назаррас мебошад. Донишгоҳ ҳамчун яке аз муассисаҳои пешсафи таҳсилоти олии кишвар дар тарбияи мутахассисони баландихтисоси соҳаи тандурустӣ нақши муҳим дорад. Дар баробари омодасозии табибони соҳибкасб, ба масъалаи тарбияи маънавӣ, ватандӯстӣ ва рушди қобилияти илмии донишҷӯён таваҷҷуҳи махсус зоҳир мегардад. Ҷавонони донишгоҳ дар конфронсҳои илмӣ, озмунҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ, корҳои ихтироъкорӣ, фаъолияти ихтиёрӣ ва ташаббусҳои иҷтимоӣ иштироки фаъол дошта, обрӯи Тоҷикистони соҳибистиқлолро муаррифӣ менамоянд. Қобили зикр аст, ки ҷавонон-донишҷӯёни ин боргоҳи маърифат ҳамасола аз рӯйи номинатсияи биология ва химия дар даврҳои ҷамъбастии озмуни “Илм-фурӯғи маърифат” иштирок намуда, сазовори ҷойҳои аввал мегарданд. Дар озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон-Ватани азизи ман” низ солҳои гузашта ҷойҳои намоён ба даст оварда шуданд. Донишҷӯёни Донишгоҳ дар даврҳои ноҳиявӣ ва шаҳрии озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ва “Шоҳномахонӣ” ҷойҳои намоёнро ишғол менамоянд.

Фаъолияти шуъбаи кор бо ҷавонони донишгоҳ низ ба татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон нигаронида шудааст. Ташкили вохӯриҳо бо олимон, шахсиятҳои маъруф, намояндагони мақомоти давлатӣ, баргузории маҳфилҳои илмӣ, чорабиниҳои фарҳангиву варзишӣ, аксияҳои ватандӯстона ва корҳои фаҳмондадиҳӣ дар самти муқовимат ба ифротгароӣ, терроризм, хурофотпарастӣ ва дигар зуҳуроти номатлуб ба ташаккули ҷаҳонбинии солими ҷавонон мусоидат менамояд. Ҳадафи асосӣ тарбияи ҷавоне мебошад, ки ҳам донишманд бошад, ҳам соҳибахлоқ, ҳам ватандӯст ва ҳам масъули сарнавишти давлату миллат.

Имрӯз яке аз вазифаҳои муҳими ҷавонон ҳифзи дастовардҳои истиқлол мебошад. Истиқлол бо осонӣ ба даст наомадааст. Барои пойдории он фарзандони ватандӯст заҳмат кашида, давлат аз марҳилаҳои душвори таърихӣ гузаштааст. Аз ин рӯ, ҳар як ҷавон бояд арзиши сулҳ, ваҳдат, суботи сиёсӣ ва оромии кишварро хуб дарк намояд. Таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки танҳо ҷомеае метавонад пешрафт кунад, ки ҷавонони он масъулиятшинос, донишманд ва содиқ ба манфиатҳои миллӣ бошанд.

Имрӯз Тоҷикистон дар сиёсати байналмилалӣ ҳамчун давлати ташаббускор ва сулҳпарвар шинохта мешавад. Пешниҳодҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар масъалаҳои обу иқлим, ҳифзи пиряхҳо ва таҳкими сулҳу ҳамкорӣ эътибори байналмилалии кишварро боло бурдаанд. Ин дастовардҳо барои ҷавонон намунаи баланди ватандӯстӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ мебошанд. Ҷавонон бояд бо ифтихор аз давлату миллати худ барои рушди минбаъдаи Тоҷикистон саҳмгузор бошанд.

Ҳамзамон, ҷавонони имрӯз бояд дар муқобили таҳдидҳои иттилоотӣ, таъсири фарҳанги бегона, ифротгароӣ ва дигар омилҳои номатлуб мавқеи устувори шаҳрвандӣ дошта бошанд. Баланд бардоштани маърифати сиёсӣ, фарҳанги ҳуқуқӣ, истифодаи дурусти шабакаҳои иҷтимоӣ ва рушди тафаккури интиқодӣ яке аз талаботи муҳими замони муосир мебошад. Ҷавоне, ки дорои маърифати баланд аст, ҳеҷ гоҳ фирефтаи ақидаҳои бегона намегардад ва ҳамеша манфиатҳои давлату миллатро ҳимоя мекунад.

Истиқлол барои ҷавонон имкониятҳои васеи худшиносӣ, худтакмилдиҳӣ ва татбиқи иқтидорро фароҳам овардааст. Имрӯз ҳазорон ҷавони тоҷик дар муассисаҳои пешрафтаи ҷаҳон таҳсил намуда, баъдан барои рушди Ватан бармегарданд. Ин раванд далели он аст, ки сиёсати давлатии ҷавонон самараи воқеӣ дода, барои ташаккули захираи кадрии мамлакат заминаи устувор гузоштааст.

Дар остонаи ҷашни муқаддаси 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар як ҷавони кишвар бояд бо эҳсоси баланди ватандӯстӣ ба роҳи тайкардаи давлат назар афканда, масъулияти худро дар назди ҷомеа бештар эҳсос намояд. Ояндаи Тоҷикистон аз дониш, ҷаҳонбинӣ, фарҳанг, ихтироъкорӣ ва ташаббускории ҷавонон вобастагии мустақим дорад. Аз ин рӯ, ҳар як ҷавон бояд дарк намояд, ки ҳифзи истиқлол, таҳкими ваҳдати миллӣ, рушди илму маориф, пешрафти иқтисодиёт ва боло бурдани обрӯи Тоҷикистон вазифаи муқаддаси шаҳрвандии ӯст.

Бо итминон метавон гуфт, ки истиқлол воқеан мактаби камолоти ҷавонони Тоҷикистон мебошад. Ин мактаб наслеро тарбия мекунад, ки бо илму маърифат мусаллаҳ, бо фарҳанги миллӣ ифтихорманд, бо арзишҳои умумибашарӣ ҳамқадам ва барои ҳифзи манфиатҳои давлату миллат ҳамеша омода аст. Ҷавонони имрӯза меросбарони воқеии истиқлол ва созандагони фардои дурахшони Тоҷикистон мебошанд. Маҳз онҳо бояд бо меҳнати созанда, дониш, ахлоқи ҳамида ва садоқати бепоён ба Ватан арзишҳои истиқлолро ҳифз намуда, Тоҷикистонро ба сӯи қуллаҳои нави рушд ва шукуфоӣ раҳнамун созанд.

 

Маҳмадализода Фирдавс Насим-мудири шуъбаи кор бо ҷавонон


30.07.2026 4

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php