ИШТИРОКИ РЕКТОРИ ДОНИШГОҲ ДАР ҲАМОИШИ ИЛМӢ-МАЪРИФАТӢ БАХШИДА БА РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ИШТИРОКИ РЕКТОРИ ДОНИШГОҲ ДАР ҲАМОИШИ ИЛМӢ-МАЪРИФАТӢ БАХШИДА БА РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Санаи 10.11.2026 дар толори Донишгоҳ бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҳамоиши илмӣ-маърифатӣ таҳти унвони «Эмомалӣ Раҳмон - эҳёгари таърих, бунёдгузори имрӯз ва роҳнамои фардо» бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва солгарди Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар ҳамоиш ректори Донишгоҳ, профессор Муҳиддин Нуриддин Давлаталӣ дар баробари муовини Раиси шаҳри Душанбе Одилзода Дилбар Раҳим, Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт, намояндагони мақомоти давлатӣ, олимону зиёиён, ходимони сиёсиву ҷамъиятӣ ва ҷавонон иштирок намуданд.

Зимни ҳамоиш нақши таърихии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар эҳёи давлатдории миллӣ, таҳкими сулҳу ваҳдати миллӣ, ҳифзи арзишҳои таърихию фарҳангӣ ва рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Ҳамзамон, маърузаҳои илмӣ дар мавзуъҳои саҳми шахсиятҳои барҷастаи миллат, аз ҷумла Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, Мирзо Турсунзода, Нусратулло Махсум ва Шириншоҳ Шоҳтемур дар ташаккули худшиносии миллӣ, рушди илму фарҳанг ва давлатдории тоҷикон пешниҳод гардиданд.

Таъкид шуд, ки баргузории чунин ҳамоишҳои илмӣ-маърифатӣ дар таҳкими ҳувияти миллӣ, баланд бардоштани маърифати сиёсӣ ва тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, худшиносӣ ва ифтихори миллӣ нақши муҳим дорад.

ШУЪБАИ ИТТИЛООТ ВА РОБИТА БО ҶОМЕА


12.11.2026 3

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php