ИШТИРОКИ ОМУЗГОРИ ДОНИШГОҲ ХАЛИФАЕВА Ш.Х. ДАР КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ACTRIS ВА РУШДИ ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛЛАЛӢ

ИШТИРОКИ ОМУЗГОРИ ДОНИШГОҲ ХАЛИФАЕВА Ш.Х. ДАР КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ACTRIS ВА РУШДИ ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛЛАЛӢ

Ассистенти кафедраи физикаи тиббӣ ва биологӣ бо асосҳои технологияҳои иттилоотии Донишгоҳ, доктор PhD, Халифаева Шоҳина Хуршедҷоновна, дар конфронси байналмилалии илмии ACTRIS Conference 2026, ки аз 20 то 24 апрели соли 2026 дар шаҳри Осло (Норвегия) баргузор гардид, иштирок намуд.

Ин конфронс яке аз майдонҳои муҳими байналмилалии илмӣ ба шумор рафта, мутахассисонро дар самти таҳқиқоти атмосфера, аз ҷумла омӯзиши аэрозолҳо, абрҳо ва газҳои таркибии атмосфера муттаҳид менамояд. Дар кори он зиёда аз 360 олим аз беш аз 25 кишвари ҷаҳон иштирок намуданд.

Дар ҷараёни конфронс масъалаҳои мубрами илмӣ баррасӣ гардиданд, аз ҷумла:

  • сифати ҳавои атмосфера,
  • таъсири аэрозолҳо ба иқлим ва саломатии инсон,
  • усулҳои муосири мониторинг ва таҳлили равандҳои атмосфера.

Дар доираи ин ҳамоиши илмӣ Халифаева Шоҳина натиҷаҳои таҳқиқоти илмии худро пешниҳод намуд, ки ин имкон дод дастовардҳои илми ватанӣ дар сатҳи байналмилалӣ муаррифӣ гардида, аз ҷониби мутахассисони хориҷӣ арзёбӣ шаванд.

Пас аз анҷоми конфронс сафари илмӣ дар шаҳри Лейпсиги Олмон ба институти таҳқиқотии Leibniz Institute for Tropospheric Research (TROPOS) идома ёфт. Дар он ҷо вохӯриҳои корӣ бо ҳамкорони хориҷӣ баргузор гардида, масъалаҳои татбиқи лоиҳаҳои муштарак, омодасозии мақолаҳои илмӣ ва рушди минбаъдаи таҳқиқот баррасӣ шуданд.

Бояд қайд намуд, ки ҳамкории илмии доктор PhD Халифаева Шоҳина Хуршедҷоновна бо TROPOS аз соли 2022 оғоз гардидааст. Дар ҳамин сол, дар доираи барномаи мубодилаи илмӣ бо дастгирии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, инчунин ташкилотҳои байналмилалии Global Engagement ва барномаи ASA, ӯ ба шаҳри Лейпциг (Олмон) сафар намуд.

Дар давоми ду моҳи фаъолият дар институти мазкур, ӯ аз ҷониби олимони соҳа бо лексияҳои назариявӣ ва машғулиятҳои амалӣ фаро гирифта шуда, донишҳои амиқро дар самти физикаи атмосфера, тағйирёбии иқлим, баҳодиҳии сифати ҳаво ва махсусан таҳқиқоти тропосферӣ ва коркарду таҳлили маълумоти илмӣ, аз ҷумла маълумоти лидарӣ, аз худ намуд. Ин давра барои рушди касбӣ ва ташаккули ӯ ҳамчун олими ҷавон аҳамияти махсус дошт.

Соли 2024 доктор Халифаева Шоҳина дар конфронси байналмилалии CADUС-2 (Central Asian Dust Conference-2), ки дар шаҳри Нукуси Ҷумҳурии Худмухтори Қароқалпоқистони Ӯзбекистон баргузор гардид, иштирок намуда, натиҷаҳои таҳқиқоти илмии худро бо забони англисӣ пешниҳод кард. Баромади муваффақонаи ӯ таваҷҷуҳи олимони TROPOS-ро ба худ ҷалб намуд.

Дар натиҷа, пас аз анҷоми конфронс, бо назардошти сатҳи хуби дониши илмӣ ва забондонии ӯ, ҷониби TROPOS пешниҳоди ба роҳ мондани ҳамкории расмиро иброз намуд. Созишномаи ҳамкорӣ миёни ҷонибҳо моҳи июли соли 2024 ба имзо расид.

Дар доираи ин созишнома, ҳамкории илмӣ ба таври мунтазам идома дошта, таҳқиқотҳои муштарак гузаронида мешаванд. Ҳамчунин, доктор Халифаева Шоҳина ҳар сол ба институти мазкур сафар намуда, сатҳи дониш ва малакаҳои касбии худро такмил медиҳад. Натиҷаҳои ин ҳамкорӣ дар шакли мақолаҳои илмӣ дар маҷаллаҳои бонуфузи байналмилалӣ нашр гардида, инчунин иштирок дар конфронсҳои сатҳи баланд бо дастгирии ҷониби TROPOS амалӣ мегардад.

Иштирок дар чунин чорабиниҳо ва лоиҳаҳои байналмилалӣ ба баланд бардоштани иқтидори илмии донишгоҳ, густариши робитаҳои академӣ ва ҳамгироии он ба фазои ҷаҳонии илм ва маориф мусоидат менамояд.

                                     Кафедраи физикаи тиббӣ ва биологӣ бо асосҳои технологияи информатсионӣ


06.05.2026 7

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php